20:56:20 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЪСИСИ ҶУНБИШИ ТОЗАИ МУХОЛИФИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи шаффоф дар соли 2013, як гурӯҳи тозатаъсис, ки ҳанӯз сабти ном нашуда, коҳиши муҳлат ва салоҳияти раиси ҷумҳурӣ ва коҳиши теъдоди мақомоти кишварро ҳадафи худ эълом кардааст. Ин ҷунбиш аз таъсиси худ дар сойти интернетӣ хабар дода ва таъкид мекунад, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон таъсис шудааст. Ҳувияти муассисон ва фаъъолони ин гурӯҳ маълум нест.

junbishi_milliДар баёнияи ин созмон омадааст: "Гурӯҳе аз тоҷикони муқими хориҷа созмоне сиёсӣ бо номи Ҷунбиши Миллии Тоҷикистон (ҶМТ)-ро таъсис доданд, ки ҳадафи он таъмини шаффофият дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 ва ба даст овардани пуштибонии ҷомеъаи ватанӣ ва хориҷӣ баҳри ташкили раҳбарияти нави кишвар мувофиқ ба асри (қарни) 21 аст."

Дар идомаи ин баёния мехонем, ки ҶМТ қасд дорад дар тӯли се моҳи оянда ҳайъати раҳбарони худро муъаррифӣ карда ва асноди зарурӣ барои сабти номи худ дар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистонро пешниҳод кунад. Ҳамчунин, ин созмон ҳадаф дорад дар ҳамоҳангӣ бо гурӯҳҳои сиёсии дигар номзади ягона барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-ро муъаррифӣ кунад.

ҶМТ дар изҳороти худ аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро ба иттиҳоду ҳамкорӣ даъват мекунад. Масъулони он мегӯянд, ки талош доранд бо истифода аз ҳамаи роҳҳои қонунӣ ва осоишта ба ҳукумати як нафар, ки "низоми диктотурӣ ҳисобида мешавад", хотима диҳанд ва сохтори "ҳақиқатан демукротику дунявӣ" ва иқтисоди "озоду одил" дар Тоҷикистонро ба роҳ андозанд.

Барои расидан ба ин аҳдоф ҶМТ ҳамчунин мухтасаре аз барномаи ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоъии худ дар Тоҷикистонро мунташир кардааст. Дар барномаи рушди иҷтимоъии ин гурӯҳ бештар ба мавзӯъи ислоҳоти арсаи омӯзишу парвариш ва беҳдошт тавваҷуҳ шудааст. Аз ҷумла, ҶМТ хостори роҳандозии таълимоти ҳатмии 12-сола аст. Маъоши ҳадди ақалли омӯзгорони мадорис 300 дулор пешбинӣ мешавад.

Хусусисозии 50 дарсади донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон ва ифтитоҳи намояндагии донишгоҳҳои саршиноси ҷаҳон дар ин кишвар, эъзоми ҳамасолаи ҳудуди панҷ ҳазор донишҷӯ барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ аз ҷумлаи ин тадобир аст. Коҳиши панҷоҳдарсадии теъдоди маъмурони низомӣ ва интизомӣ, ташдиди муҷозот барои фасод, коҳиши дастмузди раиси ҷумҳур, вузаро ва вакилони порлумон то 300-500 дулор аз ҷумлаи пешниҳодҳои дигари ҶМТ аст.

Дар барномаи ислоҳоти сиёсии ҶМТ мехонем, ки ин созмон ҳадаф дорад, ки муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро аз 7 то ба 4 сол коҳиш бидиҳад. Ҳамзамон коҳиши 50-дарсадии салоҳият ё ихтиёроти раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар гирифтааст. Ин созмон қасд дорад шумораи кормандони ниҳодҳои давлатиро 50 дарсад ва миқдори вазоратхонаҳоро аз 14 адад то ба 10 адад коҳиш бидиҳад. ҶМТ афзудааст, ки шиъори ин гурӯҳ дар ислоҳоти ин арса "Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор!" аст.

Пешниҳоди дигари ин созмон марбут ба интихоботи мақомоти маҳаллӣ аст. Дар ин барнома омадааст: "Раисони ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо мустақиман тавассути интихоботи шаффофу озод дар маҳалли худ интихоб карда мешаванд."

Ислоҳоти низоми интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон аз аҳдофи дигари ҶМТ аст: "Намояндагон ба Маҷлиси Миллӣ 2-нафарӣ аз ҳар ноҳия ва ба Маҷлиси Намояндагон мутаносиб бо аҳолии ҳар ноҳия интихоб карда шаванд. Ҳамаи намояндагон ба муҳлати 4 сол пай дар пай ва мустақиман тавассути интихоботи шаффофу озод дар маҳалли худ интихоб карда мешаванд."

Ин гурӯҳи навтаъсис пешниҳод кардааст, ки то 40 дарсади кормандони вазоратхонаҳо бояд аз ҷумлаи ҷавонони то чиҳилсола ба сурати озмуни шаффоф ва мунсифона интихоб шаванд.

ҶМТ ба мавзӯъи сиёсати хориҷаи Тоҷикистон низ тавваҷуҳ кардааст: "Диққати (таваҷҷӯҳи) асосӣ дар муносиботи байналмилалӣ ба кишварҳои мутараққиву озод, махсусан Омрико, Урупо ва Жопун дода шуда, ҳамзамон ҷидду ҷаҳд ба ҳамгироии бештар бо кишварҳои ҳамзабони Эрон ва Афғонистон карда мешавад."

Зимнан, дар авохири даҳаи 1990 созмоне бо номи Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ба раҳбарии Ҳокимшоҳ Муҳаббатов дар Тоҷикистон фаъъолият дошт. Ин созмон нашрияе низ бо номи "Ҷунбиш" интишор медод, вале дертар фаъъолияти ин созмон ва нашрия мутаваққиф шуд ва раҳбари он ба Маскав муҳоҷират кард.

Ҳамакнун маълум нест, ки Ҷунбиши миллии тозатаъсис бо созмони Ҷунбиши миллии Тоҷикистон, ки оқои Муҳаббатов раҳбари он буд, ҳеч иртиботе дорад ё хайр.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi