ДИДОРИ ФАРМОНДЕҲИ АМРИКОӢ АЗ ТОҶИКИСТОН
Женерол Вилям Фрейзер III, фармондеҳи таробарии артиши Амрико, дидоре бо мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе анҷом додааст. Бино ба иттилоъи Вадим Садоншоев, сухангӯйи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, женерол Фрейзер бо женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, ва женерол Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дидор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дафтарҳои матбуъоти Вазорати дифоъ ва Нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди дидори женероли Амрикоӣ бо мақомоти ин ниҳодҳо ибрози беиттилоъӣ карданд. Зоҳиран дидори Вилям Фрейзер аз Тоҷикистон ғайримунтазира буда ва расонаҳои давлатию мустақилли Тоҷикистон дар ин бора иттилоъе пахш накардаанд.
Ба дунболи тасмими Амрико ва НОТУ дар мавриди хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон дар соли 2014 дидори мақомоти ниҳодҳои низомӣ ва ғайринизомии Амрико аз Тоҷикистон бештар шудааст. Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли гузашта Ҳилорӣ Клитун, вазири хориҷаи Амрико, дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда буд.
Аз сӯйи дигар, то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳамкории низомиёни тоҷик бо нерӯҳои байналмилалии алайҳи терурисм дар Афғонистон ба раҳбарии Амрико дар Тоҷикистон расман ибрози назаре накарда буданд.
Аммо дар пайи суқути чархболи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар вилояти Зобули Афғонистон дар авохири ҳафтаи гузашта ва кушта шудани чаҳор низомии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар мақомоти ин вазорат ҳузури низомиёни тоҷик дар Афғонистонро эътироф карданд.
Дар баёнияи Вазорати дифоъи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки чархболу низомиёни нерӯҳои ҳавоии ин вазорат аз моҳи майи соли гузашта ба манзури кумак ба Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон ба интиқоли маводди ғизоӣ ба манотиқи мухталифи Афғонистон машғул будаанд.
Дидори оқои Фрейзер дуруст пас аз пахши хабари суқути болгарди тоҷикистонӣ дар Афғонистон сурат мегирад ва коршиносон мегӯянд баъид нест, ки дар мулоқоти ӯ бо мақомоти тоҷик ин мавзӯъ низ баррасӣ шуда бошад. Ин аввалин сафари ӯ ба Тоҷикистон аст.
Би-Би-Си