03:44:05 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАНҶОНЗОДА: ЧӢ БОЯД КАРД?

Имрӯз кам одамеро дучор омадан мумкин аст, ки ҳам олими бузурги Ислом бошаду ҳам сиёсатмадори намоён. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бешубҳа аз зумраи чунин ашхос аст. Таҳсилоти бенуқсони диниву дунявӣ, карйераи назарраси сиёсӣ ва иродаи мустаҳкам. Вай дар муассисаҳои машҳури таълимӣ-мадрасаи «Мири араб»-и Бухоро, Донишкадаи Исломии ба номи Имом Бухории Тошканд, Донишгоҳи Ӯрдун таҳсил кардааст ва дар созмонҳои динии мусулмонӣ фаъолият намудааст. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҳайати идораи мусулмонҳои Осиёи Миёна Қозиёти мусулмонҳои Тоҷикистонро таъсис дод. Соли 1992 аз сабаби сар шудани ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро тарк намуд. 

Яке аз роҳбарони Иттиҳоди мухолифини тоҷик буд, ки ба ҳайати он Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократӣ ва ғайраҳо дохил мешуданд. Дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон ҳайати иттиҳоди мухолифинро роҳбарӣ мекард. Соли 1997 дар Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид ва соли 1988 Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳамчун намояндаи мухолифин муовини аввали сарвазир таъин гардид. Соли 2005 бо ихтиёри худ аз ин вазифа барканор шуд ва узви палатаи болоии парлумони кишвар интихоб гардид.

- Хоҳишмандам, каме дар бораи решаҳои худ нақл намоед. Тавре маълум аст, шумо пайрави яке аз тариқатҳои сӯфия мебошед?

- Бале. Ман пайрави тариқати кодирия мебошам. Бобою падарам аз уламои машҳури Ислом буданд ва онҳо низ тариқати кодирияро пайравӣ мекарданд. Дониши ибтидоиро дар бораи Ислом ман назди онҳо азбар кардам ва таъсири эшон буд, ки таҳсилро дар муассисаҳои таълимии динии хориҷӣ ихтиёр намудам.

 - Шумо таҷрибаи калони фаъолияти сиёсӣ доред. Оё сӯфӣ метавонад сиёсатмадор бошад?

- Чаро не? Агар сӯфиҳо намебуданд, мағлуб кардани мустамликадорӣ дар Африқои Шимолӣ ғайриимкон буд. Дар ин ҷой мафҳумҳои сӯфия ва дарвешияро аз ҳамдигар бояд фарқ кард. Дарвешия ҷараёни нисбатан зоҳидона аст ва ба сиёсату соҳаҳои дигари зиндагии ҷомеа майл надорад.

Бисёр ҳокимони сӯфӣ маълуманд, ки дар таъриху сиёсати ин ё он давлат нақши бузург доштаанд. Дар Африқо уламои сӯфӣ ҳастанд, ки то 40 миллион мурид доранд. Ягон ҳокими кишвар бе розигии ин олимҳо таъин намешавад. Дар Сенегал, Нигерия ҳокимон аз ҷараёни сӯфия ҷонибдорӣ мекунанд.

- Қонуни нав перомуни дин, ки чанде пеш дар Тоҷикистон қабул гардид, дар доираҳои ҷамъиятӣ ва ВАО васеъ муҳокима ва танқид карда мешавад. Ба ақидаи бисёриҳо, он ҳуқуқи диндоронро поймол намуда, фаъолияти диниро маҳдуд месозад. Оё ҳамин тавр аст?

- Ман перомуни ин мавзӯъ дар ВАО борҳо фикру андешаҳои худро баён кардаам. Дар ҳақиқат қонуни мазкур ҳуқуқи шаҳрвандҳоро поймол месозад. Вай ба қайдгирии созмонҳои диниро душвор кардааст. Тибқи Қонун номзадҳо ба вазифаи имомӣ бояд бо амалдорони давлатӣ мувофиқа карда шаванд.

Қонун адои намозро дар ҷойи кор манъ менамояд. Хондани намоз танҳо дар масҷид ва ё хонаҳо иҷозат дода шудааст. Ҳатто дар маҳбасҳо ва ҷузъу томҳои артиш хондани намоз манъ аст. Чунин маҳдудиятҳо дар ягон кишвари дигари дунё вуҷуд надоранд. Ҳатто дар конгресси ИМА, дар Пентагон масҷидҳо ҳастанд. Аз ин рӯ перомуни ин қонун ғайр танқид чизи дигаре гуфта наметавонам.

- Мусулмонҳои зиёдеро далели дар Тоҷикистон равияи расмӣ элон шудани мазҳаби ҳанафӣ ба изтироб овардааст. То ҷое, ки ман иттилоъ дорам, дар таърихи Ислом чунин ҳодиса вуҷуд надоштааст. Дар замони худ Имом малик нахостаат, ки мазҳаби ӯ дар хилофат расмӣ эълон шавад.

- ВАО-и Русия менависанд, ки дар Тоҷикистон мазҳаби ҳанафӣ равияи расмӣ эълон шудааст. Дар қонунҳои мо чунин сухан вуҷуд надорад. Кишвари мо дунявӣ аст ва аз ин рӯ ҳеҷ кадоме аз динҳо расмӣ шуда наметавонад. Дар пешгуфтори Қонун перомуни дин омадааст: «Бо назардошти нақши мазҳаби ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии кишвар Қонуни мазкур қабул карда мешавад». Аз ин рӯ пеш аз хулоса баровардан Қонуни мазкурро пурра хондан лозим аст.

- Баъди интихоботи чанде пеши Эрон, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз шуд, мамлакатро мавҷи эътирозҳо фаро гирифт. Ба фикри шумо, оппозитсия, ки аз режими феълӣ норизо мебошад, пурқувват ва сершумор аст? Оё дар ин кишвар ҷанги дохилӣ имконпазир мебошад?

- Аксарияти намояндагони оппозитсия берун аз хоки Эрон қарор доранд. Ҳамаи онҳое, ки номзадии худро ба мансаби раисҷумҳур пешниҳод карда буданд, мухолифи сохти исломӣ дар Эрон нестанд. Мусавӣ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки вай мухолифи сохти исломӣ дар Эрон аст.

Чанд вақт пеш намоишҳо хотима ёфтанд. Дар он ҷой шиносҳои ман зиндагӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ гуна иқдомҳои эътирозӣ вуҷуд надоранд, ҳарчанд баъзе шабакаҳои телевизионии ҷаҳон ва Русия хабар медиҳанд, ки дар кӯчаҳо намоишҳо идома доранд. Ба фикри ман, ҳама ором мешаванд ва ҳаёт дар Эрон мӯътадил мегардад. Дар он ҷой барои ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ гуна сабабе вуҷуд надорад.

Бори дигар гуфтаниям, ки аксарияти сокинони Эрон режими феълиро дастгирӣ мекунанд. ман мефаҳмам, ки як қисми ҷавонон, як қисми аҳолии аврупоишудаи Эрон, ки дар шаҳрҳои калон зиндагӣ мекунанд, аз ин режим норозианд, вале аксарияти мардум сохти мавҷударо дастгирӣ мекунанд.

- Раисҷумҳури кунунии ИМА Барак Обама борҳо перомуни оғози марҳилаи нави муносибатҳои байни Амрикову кишварҳои мусулмонӣ ва кадом як тағйироте дар сиёсати хориҷии кишвараш дар самти Ховари Наздик сухан кардааст. Ба андешаи Шумо, ИМА нисбати олами Ислом кадом стратегияро пеш хоҳад гирифт?

- Ҳар касе, ки сиёсати ИМА-ро хуб мефаҳмад, медонад, ки дар ин мамлакат ҷумҳурихоҳон ва демократҳо бо навбат ба сари ҳокимият меоянд. Вақте ки ягон ғосибӣ ё таҷовуз лозим мешавад, ба сари қудрат дар ИМА ҷумҳурихоҳон меоянд. Баъд демократҳо меоянд, то андаке ҷомеаи ҷаҳониро ором созанд. Яъне бозии муайяне идома меёбад. 

Ба фикри ман, фарқе надорад, ки дар сари ҳокимият кадом ҳизб ҳаст-демократҳо ва ё ҷумҳурихоҳон. Ба ақидаи ман, дар ИМА нерӯе ҳаст, ки ин ё он сиёсатмадорро ба сари ҳокимият меорад. Ҳамин нерӯ тасмим мегирад, ки ин ё он ҳокимро аз сари қудрат дур кунад ва ё ӯро дубора интихоб намояд. Ниҳодҳои бисёре ҳастанд, ки ба фаъолияти раисҷумҳурҳо таъсир мерасонанд ва онҳоро назорат мекунанд. Дар ниҳодҳои мазкур бадхоҳони Ислом ва душманҳои олами Ислом бисёранд. Онҳо ба вазъияти кишварҳои мусулмонӣ ба тарзи худ назар меандозанд. 

Дар ин сохторҳои бонуфуз алҳол муносибатҳо бо олами Ислом ҳамчун шарикҳои баробарҳуқуқ роҳандозӣ нашудааст. Аз ҳамин сабаб ман фикр мекунам, ки Обома танҳо барои таскин додани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барои дастгирии он ҳокимони олами Ислом, ки аз ИМА вобастаанд, бо Амрико манфиатҳои муштарак ва робитаи наздик доранд, чунин изҳори андеша намудааст.

-Ҳанӯз раисҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш гуфта буд, ки то охири ҳукмронии ӯ давлати Фаластин ташкил карда мешавад. Вале он то ҳол дар харитаи ҷаҳон пайдо нашудааст. Пас чаро мусулмонҳо бояд ба ваъдаҳои раисҷумҳурии кунунии ИМА бовар намоянд?

-Ҳамчунин пешниҳодҳои Иёлоти Муттаҳида барои ҳаллу фасли зиддияти Исроилу Фаластин аксарияти фаластиниҳоро қонеъ карда наметавонад. Амрико намехоҳад масъалаи бозгаштаи гурезаҳоро ҳал намояд, давлати Исроил намехоҳад ҳатто ба сарҳадҳои соли 1967 баргардад. Тел-Авив ошкоро мегӯяд, ки заминҳои ишғолкардаашро пас доданӣ нест.

Давлати яҳудиҳо ва ИМА дар бораи кадом давлати фаластинӣ сухан меронанд? Онҳо дар бораи давлате ҳарф мезананд, ки яроқу аслиҳа ва ҳарими ҳавоияш зери назорати артиши исроилӣ хоҳад буд. Ба фаластиниҳо чунин давлати лӯхтакмонанд лозим нест. Онҳо даҳсолаҳо на барои он мубориза бурдаанд, ки ҳаёти мустақили худро бо чунин шартҳо бунёд созанд.

- Чанд рӯз пеш раисҷумҳури Фаронса Саркози изҳор намуд, ки дар ҳудуди кишвараш зарурати манъи пӯшидани сатру ҳиҷоб пеш омадааст. Ба фикри Саркози, ҳиҷоб «рамзи бардагӣ» буда, қадру қимати занҳоро паст мезанад, онҳоро «Ба ғулом табдил медиҳад». Наход барои Саркози проблемаи муҳимтаре аз либоспӯшии занҳо набошад?

- Изҳороти Саркози маънои онро дорад, ки Аврупо аз принсипҳои либералии худ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дур меравад. Чаро раисҷумҳури Фаронса бояд муайян кунад, ки кадом либос барои занҳо мувофиқ асту кадомаш номувофиқ? Ба фикри ман, вай ҳуқуқи гуфтани чунин суханҳоро надорад. Мусулмонҳо дар бораи либоспӯшӣ ба маслиҳати раисҷумҳури Фаронса мӯҳтоҷ нестанд.

Ба фикри ман, муносибати ӯ ба Ислом сабабҳои шахсӣ дорад. Набояд фаромӯш кард, ки гузаштаҳои Саркозӣ яҳудианд. Мутаассифона, яҳудиҳо аксар вақт ба анъанаҳои исломӣ назари нек надоранд.

- Ин тавр бошад, Шумо дар бораи ҳайати имрӯзаи парлумони Аврупо чӣ гуфта метавонед? Ба ҳайати он интихоб шудани лидери Ҳизби Озодӣ Гирта Вилдер, муаллифи филми зиддиисломии «Фитна»-ро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Алҳол бадхоҳони Ислом дар парлумони Аврупо аксариятро ташкил намедиҳанд. Аз ин рӯ онҳо дар маҷмӯъ сиёсати ин мақомро муайян намекунанд. Вақте ки онҳо аксариятро ташкил диҳанд, дар он ҳол чашмони бародарони мусулмони мо боз мешавад ва онҳо мефаҳманд, ки ба умеди Аврупову Амрико шудан лозим нест. Мо бояд танҳо ба худ умед бандем. Бояд ба тарзи худ зиндагӣ кунем, ҳамаи кори аз дастамон меомадаро иҷро намоем, то аз ҷиҳати иқтисодиву маънавӣ вобастаи касе набошем. Умедвор шудан лозим нест, ки Амрикову Аврупо ба мо кӯмак мекунанд.

- Имрӯз бисёриҳо дар бораи иттиҳоди мусулмонҳои фазои пасошӯравӣ сухан мегӯянд. Оё иттиҳоди мусулмонҳои кишварҳои ИДМ имконпазир аст?

- Ман фикр намекунам, ки иттиҳоди мусулмонҳои кишварҳои шӯравии собиқ имконпазир бошад. Ин мамлакатҳо ҳамагӣ чанд сол пеш соҳиби истиқлолият шудаанд. Ҳоло ҳар кадоме аз ин ҷумҳуриҳо мехоҳад «ман»-и худро нишон диҳад.

Албатта, барои иттиҳод кӯшиш кардан лозим аст, чи хеле ки аврупоиҳо мекунанд. Вале бояд эътироф кард, ки мусулмонҳо ҳатто дар дохили як давлати алоҳида, масалан, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон муттаҳид нестанд. Баъзан дар дохили як ноҳия, як ҷамоат иттиҳоди мусулмонҳо ба назар намерасад.
 
Ася Капаева, «Ислом.ру»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi