00:39:11 16-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ТОҶИКИСТОН: "ПЕШНИҲОДИ БРИТОНИЁРО БАРРАСӢ МЕКУНЕМ"

Тоҷикистон пешниҳоди Бритониё дар бораи транзити муҳимоти низомии ин кишвар аснои хуруҷи онҳо аз Афғонистонро баррасӣ менамояд.

mulokotНик Ҳарвӣ, вазири давлатии Бритониё дар умури нерӯҳои мусаллаҳ пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки Бритониё мехоҳад то соли 2014 барои хуруҷи нерӯҳояш, ки дар Афғонистон мустақаранд, масиреро дар шимол тариқи роҳҳои заминии Тоҷикистон боз кунад: «Раисҷумҳур ба мо итминон дод, ки ин пешниҳодро ба зудӣ баррасӣ мекунанд ва ба зудӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ ба мо посух хоҳанд гуфт. Ман ба самимияти раисҷумҳур ҳангоми баррасии ин мавзӯъ изҳори ташаккур мекунам.»

Бритониё дар Афғонистон бо 9 ҳазор нерӯ, асосан дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон, ки ҳаммарз бо Покистон аст, ҳузур дорад. Пас аз сардии равобит бо Исломобод, солҳои ахир кишварҳои умдаи нерӯҳои байнулмилал-Амрико ва Бритониё ба ҷустуҷӯи роҳи хуруҷ тариқи шимол -Осиёи Марказӣ афтодаанд.

Изҳороти мақоми бритониёӣ дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе ҳангоми арзёбии стратегияи хуруҷ аз Афғонистон дар Сенати Амрико, фармондеҳи бахши ҳамлу нақли артиши Амрико генерали нерӯҳои ҳавоӣ Вилям Фрейзер гуфт, имкони интиқоли мошинҳои зиреҳпӯш ва муҳимоти ғайриҷангӣ тавассути Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мувофиқа шудаву Русия ва Узбакистон ҳам ин тарзи интиқоли муҳимоти низомии ИМА-ро пуштибонӣ кардаанд. Аммо Ник Ҳарвӣ гуфт, ҳоло танҳо бо се кишвари минтақа - Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон музокирот идома доранд.

Иддае аз коршиносон бар инанд, ки масири шимолӣ барои хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ танҳо тариқи се кишвари зикршуда комил нест, зеро роҳҳои аслӣ ва мусоид ба шимол - бандарҳои Назди Балтика ва Баҳри Сиёҳ - аз Узбакистон ва Русия мегузаранд. Ба қавли онҳо, эҳтимол дорад баъзе силоҳу муҳимоти низомии НАТО ва кишварҳои узваш аз ҳудуди Осиёи Марказӣ ҳам берун нараванд ва заминае барои ҳузури низомиашон дар минтақа шаванд.

Аммо Абдуғаффори Камол, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, интихоби масири шимол аз нигарониҳои амниятӣ пеш омадааст, на бо мақсади тавсеаи нуфуз дар ин минтақа: «Ин ҷо ҳадафи дигаре нест. Зеро барои боқӣ мондан дар минтақа сароғоз бояд як марҳалаи тӯлониеро аз сар гузаронанд. Аввал бояд музокироти давомдори расмӣ бо худи кишварҳои минтақа анҷом диҳанд ва табъан музокироти ғайрирасмӣ бо Русия, ки дар ин бора то ба ҳол сӯҳбате нашудааст.»

Иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки худи интиқоли лавозимоти низомии нерӯҳои хориҷӣ тариқи ин масире, ки имрӯз дар назар аст, яъне Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, барои кишварҳои НАТО шояд гаронтар аз қимати худи лавозимот афтад. Ба қавли онҳо, нерӯҳои хориҷӣ қисмате аз лавозимоти низомии худро дар Осиёи Марказӣ боқӣ хоҳанд монд, зеро дар ҳоли ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ва ба дасти онҳо афтодани муҳимоти ҷангӣ, қабл аз ҳама барои кишварҳои НАТО мушкил ба вуҷуд меояд.

Ник Ҳарвӣ, вазири давлатии Бритониё дар умури нерӯҳои мусаллаҳ таъйид кард, ки як мавзӯи музокирот бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, дар ин минтақа нигоҳ доштани силоҳ аст. Вай гуфт, Бритониё қисмате аз аслиҳаашро барои нерӯҳои амниятии Афғонистон хоҳад дод, аммо омода аст ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, агар эҳтиёҷ доранд, ин масъаларо низ баҳс кунад.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi