НИГОҲҲО БА ПИРӮЗИИ ПУТИН АЗ ДУШАНБЕ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро барои пирӯзӣ дар интихоботи Русия табрик гуфт. Ҷаноби Раҳмон Русияро шарики стратегии кишвараш хонда, изҳори итминон кардааст, ки давраи нави раҳбарии Путин ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, "пирӯзии Путин пешбинишаванда буд, вале фақат масъала дар он буд, ки оё дар даври аввал пирӯз мешавад ё дар даври дуввум. Ҳоло аз натиҷаи интихобот мебинем, ки дар даври аввал пирӯз шуд. Ҳоло баррасии ин масъала мемонад, ки то куҷо интихобот пок ва шаффоф буд."
Ҷаноби Кабирӣ бар илова гуфт, эътирози рақобини Путин аз хилофкориҳо дар интихобот баёнгари он аст, ки мушкиле дар ин бахш вуҷуд доштааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, Владимир Путин зоҳиран талоши зиёде кард, то дар пирӯзии ӯ шакку шубҳа камтар бошад. Оқои Кабирӣ афзуд: "Ба ҳар сурат назари мо ин аст , ки оқои Путин дар сурати интихоботи шаффоф ҳам пирӯз мешуд ва шахсан худи ӯ зарурат ба тақаллуб надошт.
Вале чун таҷрибаи кишварҳои шӯравии собиқ, ба хусус аъзои комиссияи интихоботӣ, ки аксаран аз мақомдорони давлатӣ дар сатҳҳои гуногун ташкил ёфтаанд, онҳо бо ҳамон тафаккури қолабиву шахшудае, ки ҳаст, хоҳ нохоҳ даст ба тақаллуб мезананд ва ин шояд чандон ба худи номзадҳо рабт надошта бошад."
Усмон Солеҳ, аз масъулони ҲХДТ бо ишора ба маҳбубияти Владимир Путин дар байни мардуми кишвараш мегӯянд: «Дар мавриди тақаллуб, ин кори комиссияиҳои интихоботӣ ҳаст. Ман фикр мекунам дар ҳама интихоботҳо чунин тақаллуб шуданаш мумкин аст. Лекин дар маҷмӯъ мо дидем, ки чӣ қадар асбобҳои назоратӣ-видеоӣ гузошта шуд ва аз тариқи интернет ҳам тамоми алоқамандон инро назорат карданд. Ҷой шак нест, ки Путин дар байни мардум маҳбубият дорад ва беш аз 60 дарсад овоз гирифтан далели ҳамин аст.»
Ба назари Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик, "албатта, Путин нисбат ба номзадҳое, ки пешбарӣ шуда буданд, бартарӣ дошт ва аз қабл маълум буд, ки пирӯзии ӯ таъмин шудааст." Вай афзуд, "номзаде, ки аз пуштибонии ҳокимият бархӯрдор бошад, мусалламан 25-30 дарсади дастгирии ҳокимиятро дорад. Бинобар ҳамин, агар ӯ 20-25 дарсади раъйҳоро ба даст биёрад, алакай ғалабаи ӯ таъмин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар, Путин дар электрорати Русия 20-25 дарсад дастгирии объективӣ дорад. Бинобар ҳамин, ғалаба кардани Путин берун аз шубҳа буд."
Ин ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, дар интихоботҳои кишварҳои пасошӯравӣ мақомоти маҳаллӣ ва интизомӣ барои худро бештар вафодор нишон додан ба ҳар коре қодир ҳастанд. Ҳатто барои нақзи қонуни интихобот. "Ба фикрам, дар Русия низ ин чиз ба таври густурда ҷой дошт ва дар дигар кишварҳои ИДМ (СНГ) ин чиз бештар ҷой дорад. Вале ба ҳар ҳол ғалабаи Путин дар ин интихобот ба назарам асоснок буд",-илова кард ҷаноби Имомов.
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон низ дар сӯҳбат ба мо гуфт, тақаллуб дар интихоботи Русияро рад карда наметавонад. Аммо ӯ афзуд, бо ин ҳол Путин яке аз номзадҳои муҳим дар ин интихобот ба ҳисоб мерафт. "Интихоботҳои бидуни тақаллубро мо он қадар бовар надорем.
Чунки медонем, инҳо ҳеҷ кореро бидуни тақаллуб анҷом намедиҳанд. Эҳтимол дорад тақаллуб дар Русия бошад. Вале бояд эътироф кард, ки бо вуҷуди тақаллуб, воқеан шахсе, ки аз ҳама маҳбубтар дар Русия буд, ин ҷаноби Путин буд. Чун Путин касест, ки Русияро аз бисёр ҳолати вазнин наҷот додааст. Ин хидмати Путинро мардум шояд фаромӯш накарда бошанд ва ин сабаб шудааст, ки истиқболи бисёр гарме ҳам сурат гирифт."
«Озодӣ»