14:04:18 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДСИТОНӢ НАШРИ АСНОДИ МАҲРАМОНА ДАР САЙТИ РУСИРО ТАҲҚИҚ МЕКУНАД

Додситонии Тоҷикистон таҳқиқи матлаберо, ки дар сайти интернетии "Звезда.ру" мунташир шуда буд, оғоз кардааст. Ин хабарро Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 7 март ба хабарнигорон эълом кард.

ramazan_rahimovОқои Раҳимов аз ироаи чузъиёти ин мавзӯъ худдорӣ кард ва ҳатто нагуфт, ки муҳтавои ин матлаб воқеъӣ аст ё тақаллубӣ. Ин дар ҳолест, ки Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ахиран чопи ин матлабро идомаи раванди интишори матолиби "таҳвиномез ва тақаллубӣ" дар расонаҳои гурӯҳии хориҷӣ унвон карда буд.

Рӯзи дувуми март сайти интернетии "Звезда.ру" матлаберо зери унвони "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" мунташир кард, ки дар он аз Президент Раҳмон башиддат интиқод шуда буд. Дар ин сойт ҳамчунин асноде бо мӯҳри "махфӣ" (сиррӣ) интишор ёфт, ки тибқи онҳо, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё дар авохири моҳи ноябри гузашта, дар авҷи буҳрони ношӣ аз боздошти халабонҳои русу эстуниёӣ дар ин кишвар, ҷаласае бо мақомҳои амниятиву пулис барпо кардааст.

Сиҳҳат ва эътибори ин ду санадро, ки яке ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва дигар ба вазорати умури дохилӣ нисбат дода мешаванд, ҳеч манбаъи мустақилле таъйид намекунад. Ҳарду санад ҳовии дастурҳое дар бораи тақвияти назорат бар масоҷид ва мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро ҳастанд.

Дар ин аснод аз мақомҳои амниятиву пулис ва кумитаи умури дин хоста шуда, ки фаъъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистонро, "хусусан масъулону раҳбарони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ" қарор диҳанд.

Яке аз ин аснод мегӯяд, ки мақомоти зидахл бояд "рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳоро" муъайян ва "тарзу услуби кори таблиғотии ҳизбро" ошкор кунанд ва барои берун кашидани онҳо аз суфуфи ҳизб, "аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандсозӣ", тадобире бияндешанд.

Матлаб ва асноди сиррии чопшуда дар ин сойт ба атври сареъ дар сойтҳои мухталифи интернетӣ интишор ёфтанд. Дар пайи ин рӯйдод, аз шоми 2-юми март дар Тоҷикистон дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ, аз ҷумла ба шабакаи иҷтимоъии Фейсбук ва сойтҳои "Звезда", "Тҷкнюз" ва "Маҳалла" масдуд шуд.

Бег Зуҳуров, раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон, далели ин амрро бурузи "мушкилоти фаннӣ" арзёбӣ кард. Вале Анҷумани фароҳамгарони интернет бо пахши баёнияе изҳор дошт, ки Идораи иртиботот ба ширкатҳо ба сурати хаттӣ дастур додааст, ки дастрасӣ ба ин сойтҳоро масдуд кунанд.

Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Сергей Строкан, шореҳи ҳафтавори "Коммерсант", ки матлаби "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" дар сайти "Звезда.ру" ба ӯ мансуб дониста шудааст, гуфтааст, ки вай ин матлабро интишор надодааст.

Оқои Строкан дар номае ба сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор доштааст, ки боре ҳам ба Тоҷикистон сафар накарда ва бо вазъи ин кишвар ошноӣ надорад ва муаллифи ин матлаб низ нест. Вай аз он изҳори таъаҷҷуб кардааст, ки чаро дар ин сайти интернетӣ аз номи ӯ ба унвони муаллифи ин мақола истифода шудааст.

Аз сӯйи дигар, ҳоло рӯшан нест, ки додситонии Тоҷикистон таҳиқи ин матлабро бар пояи кадом моддаи қонуни кайфарӣ оғоз кардааст. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки эҳтимолан додситонӣ мехоҳад "тақаллубӣ будани" асноди мунташира дар сайти "Звезда.ру"-ро ошкор сохта ва тибқи моддаи "бӯҳтон ва тӯҳмат" алайҳи омилон парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Ин ҳам баъид нест, ки дар сурати воқеъӣ будани ин аснод, омилони интишори он ба "ифшои сирри давлатӣ" муттаҳам шаванд.

Аз сӯйи дигар, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар сурати воқеъӣ будани асноди мунташира, давлат барои нақзи қонунӣ асосӣ масъулияте ба дӯш хоҳад дошт. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки тибқи ин қонун давлат ҳақ надорад аз сохторҳои амниятӣ ва интизомӣ ба суди як ҳизб ва алайҳи ҳизби дигаре истифода кунад, чун қонуни асосӣ барои ҳеч гуна идеулужие дар Тоҷикистон авлавият қоил нест.

Зимнан, қарор аст рӯзи 8-уми март раёсати Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки бонуфузтарин ҳизби мухолифи давлати Президент Раҳмон маҳсуб мешавад, бо баргузории ҷаласае изтирорӣ мӯҳтавои мақолаи "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" ва асноди сиррии мунташира ба ҳамроҳи онро баррасӣ ва мавзеъи худро дар баробари он эълом кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi