16:37:00 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАРИФӢ: «ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН АЗ МАНОФЕЪИ ҲАМ ДИФОЪ МЕКУНАНД»

Тоҷикистон мухолифи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон аст ва аз манофеъи ин кишвар дифоъ мекунад. Ин матлабро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 8 март дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни дидораш бо Алӣ Акбари Солеҳӣ, ҳамтои эронии худ, иброз дошт.

salehi_zarifiДар поёни мулоқоти вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон, оқоён Солеҳӣ ва Зарифӣ ба бархе аз суолоти хабарнигорон посух доданд. Ба гуфтаи оқои Солеҳӣ, дар ин дидор масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар, масоили минтақаӣ ва баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Душанбе матраҳ шудааст.

Вай хабар дод, ки Маҳмумуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар ин ҷашн ширкат хоҳад кард. Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки кишвараш бо Тоҷикистон равобити "хонаводагӣ" дорад ва бояд аз "тавоноии" Эрон ва "имконияти" Тоҷикистон ба сурати муассир истифода шавад.

Ин дар ҳолест, ки шоми гузашта, оқои Солеҳӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, аз "қобили мулоҳиза" набудани мизони ҳамкориҳои ду кишвар изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Эрон дар соли гузашта ҳудуди 200 милюн дулор будааст, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ афзоиши ҷиддие надоштааст.

Ба ин далел, Алӣ Акбари Солеҳӣ дар сӯҳбати рӯзи панҷшанбеи худ бо ҳамтои тоҷикаш низ ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар тамаркуз кардааст. Дар посух ба ин суол, ки зимни баррасии масоили минтақаӣ, дақиқан чӣ мавзӯъоте матраҳ шудааст, оқои Солеҳӣ гуфт, ки мулоқоти ӯ умдатан ба мавзӯъоти иқтисодӣ рабт доштааст.

Ба унвони мисол, вай аз тарҳи сохтмони роҳи оҳани миёни Чин ва Эрон, ки аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон убур мекунад, ном бурд ва гуфт, ки ҳалли мушкилоти тронзитӣ аз авлавиятҳои талоши ду кишвар аст.

Дар робита бо масоили сиёсӣ, оқои Солеҳӣ гуфт, ки соли 2011 дар ҷаҳон таҳаввулоти зиёде рух дода ва Тоҷикистону Эрон қасд доранд дар пешорӯи таҳаввулоти соли ҷорӣ, ки низ андак нахоҳад буд, мавзеъи муштараке дошта бошанд.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, дар посух ба ин суол, ки кишвараш таҳримҳо алайҳи Эронро чи гуна арзёбӣ мекунад, гуфт, ки "Тоҷикистон мухолифи ҳар гуна таҳримҳост."

Оқои Зарифӣ афзуд, ки Тоҷикистон бар ин назар аст, ки куллияи мушкилот бояд танҳо бо роҳи "муколамаи сиёсӣ" ҳалли худро пайдо кунанд. Вай гуфт: "Тоҷикистон ва Эрон пайваста аз манофеъи ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд. Дар ин замина низ мо мавзеъи муштарак дорем."

Зимнан, Алӣ Акбари Солеҳӣ, ки шоми рӯзи чаҳоршанбе вориди Душанбе шуд. Вай субҳи фардо бо Президент Раҳмон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Солеҳӣ, вай "паёми шифоҳӣ"-и Президент Маҳмуди Аҳмадинажодро ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад расонд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi