14:51:23 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27

ҲНИТ ВА ҲКТ: "ҚИМАТИ НЕРӮИ БАРҚРО БОЛО НАБАРЕД"

 

Бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон норозигии худро аз тасмими ҳукумат барои боло бурдани нархи нерӯи барқ баён доштаанд. Ҳизби коммунист (ҲКТ) ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ду ҳизби порлумонӣ, аз афзоиши бистдарсадии баҳои нерӯи барқ шадидан норозигӣ кардаанд.

barqҲНИТ дар як ҷаласаи изтирорӣ ва ҲКТ бо баргузории нишасти матбуотӣ эълон доштанд, ки боло бурдани нархи нерӯи барқ барои аҳолие, ки аксарият фақиру нодор аст, қобили қабул нест. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва узви порлумон, дар як сӯҳбат бо мо гуфт, ин қарори ҳукумат вазъи иқтисодии шаҳрвандони кишварро бадтар хоҳад кард.

Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, дар чунин шароит беҳтар ин буд, ки мақомот нархҳоро мутобиқ бо вазъи зиндагии мардум муайян созанд. ​​Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки давлат дар тавҷеҳи тасмими худ ҷиҳати боло бурдани нарх талаби созмонҳои молии байнулмилалиро далел овардааст, тавсия ва пешниҳодҳои созмонҳои дигар, барои мисол, дар мавриди баргузории интихоботи шаффоф ва ислоҳоти сиёсиро сарфи назар мекунад.

Ӯ гуфт, "чаро тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки даҳсолаҳо пеш кардаанд, дар бораи баргузор кардани интихоботи шаффоф, ислоҳоти сиёсӣ, роҳ надодан ба фишору таъқиб, мутаассифона, нодида гирифта мешавад ё ба таъхир анҷом мешавад. Вале тавсияҳое, ки ба баланд бардоштани нархи барқ ва дигар масоиле, ки вазъи мардумро бадтар месозад, билофосила аз тавсия ҳам бештару сахттар иҷро мешавад."

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз аввали моҳи оянда (апрел) баҳои як киловат соат нерӯи барқ ба аҳолӣ 11 дирам, яъне ду дирам бештар аз нархи ҳозира фурӯхта мешавад. Мақомот мегӯянд, нархи имрӯза хароҷоти истеҳсоли қувваи барқро намепӯшонад ва аз тарафи дигар барои он ки ба ин арсаи ҳаётан муҳим сармояи хориҷӣ ҷалб шавад, бояд нархҳо баланд бурда шаванд.

Дар зимн, масъулони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯянд, 2 дирам боло бурдани нархи истифода аз нерӯи барқ барои мардум чандон мушкилӣ нахоҳад овард. Усмон Солеҳ, масъули бахши иттиллоот ва таҳлили ҲХДТ, гуфт, маблағи ба дастомада аз фурӯши барқ дар ғанисозии буҷаи ҷумҳурӣ нақш мебозад.

"Нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон назар ба ҳама кишварҳои ҷаҳон паст аст. Аз ин хотир, ду дирам боло рафтани он барои аҳолӣ ҷои ташвиш бояд набошад. Чизи дигар ин аст, ки мо дар як доираи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ворид шуда истодаем. Аз тарафи дигар, нерӯи барқ низ як воситаи ғанӣ гардонидани буҷа аст, чун пахта ва алюминиюм",-афзуд оқои Солеҳ.

​​Усмон Солеҳ афзуд, давлат ҳамеша дар чунин мавридҳо барои қишри нодор ва камбизоати кишвар имтиёзҳоеро муқаррар кардааст ва ин навбат низ истисно буда наметавонад. Аммо Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили ин ҳизб дар порлумон, шаффофияти нархгузории нерӯи барқ ба аҳолӣ ва вогузории имтиёзҳои махсус ба корхонаҳои алоҳидаи саноатии кишварро дар ростои гароншавии баҳои нерӯи барқ мавриди интиқод қарор дод.

Раиси ҲКТ гуфт, ӯ ва чанде дигар аз вакилони порлумон барои таъмини шаффофият дар тавлид ва фурӯши нерӯи барқ ташкили як комиссияи махсусеро бо ширкати намояндагон аз созмонҳои иҷтимоӣ пешниҳод карданд, аммо давлат аз қабули он сарфи назар кард.

"Ин тавр набояд бошад: як корхонае, ки даромади бисёр калон дорад бо нархи бисёр ва бениҳоят арзон барқ масраф мекунад, вале аҳолӣ се баробар зиёдтар аз он ҳақ месупорад. Мутаассифона, ҳукумат лоиҳаи моро бо ҳар баҳонаҳое баргардонд, қабул накард",-афзуд вай.

Аҳзоби сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон дар ҳоле аз гароншавии нархи нерӯи барқ изҳори норозигӣ мекунанд, ки аз як ҳафта ба ин сӯ реҷаи интиқоли нерӯи барқ барои аҳолии музофот ва манотиқи кишвар боз ҳам шадидтар шудааст. Бар пояи иттиллои ширкати "Барқи тоҷик" ҳавои баҳори имсола сардтар омада ва ҳаҷми обро дар рӯдхонаи Вахш, ки обанбори Норакро пур хоҳад кард, кам кардааст. Дар ҳолати идома ёфтани сардӣ ин эҳтимолро наметавон рад кард, ки дар пойтахт низ интиқоли барқ тариқи реҷа сурат бигирад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi