14:03:21 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ЛАВРОВ БАРОИ БАҲСИ ПОЙГОҲ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Сергей Лавров моҳи апрел дар Душанбе масъалаи пойгоҳи 201-ро баррасӣ хоҳад кард. Аммо Душанбе то кунун  сафари вазири умури хориҷии Русия ба Тоҷикистонро таъйид накардааст. Масъулони вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳам аз ин сафари Лавров изҳори беиттилоӣ карданд.

/images/stories/2012/03/20_lavrov_20312.jpgХабаргузории русии "Интерфакс" менависад, Сергей Лавров дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо раисиҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот карда, шароити ҳузури пойгоҳи 201 ва истифода аз фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ҳошияи шаҳри Душанберо баррасӣ хоҳад намуд.

​​Музокирот сари пойгоҳи 201, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон ду сол ба ин сӯ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон идома дорад. То ба ҳол аз ҷузъиёти ин музокирот иттилои комил ба даст нарасидааст, ба ҷуз ин ки бино ба манобеи ғайрирасмӣ, Тоҷикистон мехоҳад аз будубоши он 300 миллион доллар иҷорапулӣ гирад ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷии ин кишвар боре ғайримустақим дар таъйиди ин таъкид карда ва гуфта буд, ки "замини Тоҷикистон молу падари вазири хориҷиву дифоъ нест, ки ройгон дар ихтиёри касе гузошта шавад."

Мақомоти вазорати хориҷии Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ эълон карданд, ки Душанбе бастаи пешниҳодҳои Маскав дар мавриди пойгоҳи низомии 201 дар ин кишварро дарёфт намудааст ва онро баррасӣ дорад.

Пойгоҳи 201-уми Русия бо зери 7 ҳазор сарбоз бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия буда, қарордоди кунуниаш дар соли 2014 ба поён мерасад. Бино ба хабарҳо, Душанбе барои ин пойгоҳ аз Русия беш аз 300 миллион доллар пули иҷора хостааст, вале Маскав мехоҳад, замони ҳузури низомиёнаш 49 соли дигар тамдид шуда, истифодаи қаламрави Тоҷикистон барояш ҳамчунон маҷҷонӣ (ройгон) боқӣ бимонад.

Пойгоҳи низомии Русия аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Баъд аз эъломи истиқлолият музокироте бо мақомоти рус дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштани ин пойгоҳ матраҳ буд, аммо бо мухолифати Узбакистон ва ба дунболи он ҷанги дохилӣ, баҳси ин пойгоҳ ба итмом расид ва дар ихтиёри Русия монд.

Ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон дар соли 1992 низ дигарбора ба ин баҳс барнагашт ва солҳои 90 ҳузури ин пойгоҳро то соли 2014 тамдид кард.

Ибтидои моҳи сентябри соли гузашта пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия эълон дошт, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия то 49 соли дигар дар Тоҷикистон хоҳад монд. Аммо гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик ин изҳороти раисиҷумҳури Русияро таҳқири мардуми Тоҷикистон хонданд ва тақозо карданд, ки ин ҳадди ақал то 7 сол кӯтоҳ карда шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi