13:39:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ӮЗБЕКИСТОН-ТОҶИКИСТОН: БАҲСӢ МАРЗӢ ҲАЛ ШУД?

Сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки куллияи масоили марзӣ бо Тоҷикистон ҳал шудаанд ва дар зудтарин фурсат дар ин замина санаде ба имзо хоҳад расид. Вай ҳамчунин аз расонаҳои хориҷӣ, бавижа Русия, шадидан интиқод карда, гуфтааст, ки бархе аз онҳо талош мекунад равобити миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро хатчадор созанд.

Шоқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон, ин матлабро дар нишасте дар робита ба рӯзи истиқлоли кишвараш, ки шоми дирӯз, 4 сентябр, баргузор шуд, эълом кард. Вай ҳамчунин афзуд, ки “мавзеъи Ӯзбакистону Тоҷикистон дар заминаи энержӣ низ ба ҳам наздик шудаанд.” Дар ҳамин ҳол, оқои Шоисломов дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи истифода аз захойири оби минтақа, ки аз мавзуъи доғе дар равобити миёни ин ду кишвар унвон мешавад, изҳори назар накард.

Дар робита ба масоили марзӣ, вай гуфт, ки дар авоили соли ҷорӣ кумиссиюни муштараки ҳар ду кишвар 85 дарсади хутути марзи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро таъйид карда буд ва ин санад аз сӯйи порлумонҳои ҳар ду кишвар тасвиб шудааст.

Ҳамакнун қарор аст дар зудтарин фурсат ҷаласаи дигари ин кумиссюн баргузор шавад ва санади ниҳоие дар бораи таъйини хутути комили марзӣ дар миёни ин ду кишвар имзо хоҳад шуд. Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон ва раҳбари ин кумиссиюн аз ҷониби Тоҷикистон, ки дар нишасти дирӯз ширкат дошт, ба навбаи худ гуфт, ки “зарфияти равобити ин ду кишвар ба сурати зарурӣ истифода намешавад”.

Зимнан, эҳсос мешуд, ки оқои Алимардонов хеле мулоҳизакорона сухан ва аз ироаи ҷузъиёте дар ин замина худдорӣ мекард. Ҳарчанд барои бори нахуст дар чанд соли ахир буд, ки ҷониби Ӯзбакистон аз пешрафтҳое дар иртиботи миёни ин ду кишвар изҳори назар мекард. 

С. Сафаров: "Бархе аз расонаҳо дар матолиби худ дар робита ба равобити миёни Тоҷикитсон ва Ӯзбакистон аз пашша фил месохтанд." 

Ба эътиқоди Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳбуд дар равобити миёни ин ду кишвар ногаҳонӣ набуда, балки “қадам ба қадам дар зарфи чанд соли ахир ба даст омадааст.” Вай афзуд, ки ҳалли масоили марзӣ кори сангине аст ва мақомоти ҳар ду кишвар тавонистаанд дар зарфи 18 соли баъд аз касби истиқлол дар ин замина ба тавофуқ даст ёбанд.

Оқои Сафаров низ ба нақши бархе аз расонаҳои хориҷӣ дар бурузи ихтилофот дар равобити миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таъкид кард ва гуфт, ки “чунин расонаҳо маъмулан аз пашша фил месохтанд.”

Вале Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, бар ин назар аст, омодагии Ӯзбакистон барои беҳбуди равобит бо Тоҷикистон ба мавзуъи вазъи жеополитик дар минтақа рабт дорад. Вай афзуд, ки “дар ин авохир равобити Ӯзбакистон бо Русия ба сардӣ гаройидааст ва мақомоти ин кишвар то андозае ба беҳбуди муносибот бо кишварҳои минтақа алоқаманд ҳастанд. Зеро, Ӯзбакистон намехоҳад дар инзивои сиёсӣ дар минтақа қарор дошта бошад.”

Ба эътиқоди оқои Муллоҷонов, дар равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон се мушкили аслӣ, яъне марзӣ, энержӣ ва обӣ вуҷуд дошт. Ба гуфтаи вай, “эҳтимоли ҳалли ду мушкил – марзӣ ва энержӣ имконпазир ба назар мерасид ва ҳамин тур ҳам ҳаст. Вале дар ҳалли масоили истифода аз захойири оби минтақа ин ду кишвар баъйид аст, ки дар солҳои наздик ба тавофуқ бирасанд.”

Дар посух ба ин суол, ки оё мардуми Тоҷикистону Ӯзбакистон метавонанд бар эҳтимоли лағви низоми раводид ё визо дар миёни ин ду кишвар, ки соли 2000 ба ибтикори ҷониби Ӯзбакистон роҳандозӣ шуда буд, бовар дошта бошанд ё хайр, оқои Муллоҷонов гуфт, ки ҳалли ин мушкил низ душвор ба назар мерасад.

Вай афзуд, “дуруст аст, ки Ӯзбакистон иҷрои ин иқдомро ба далели ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии мухолифонаш рӯйи даст гирифта буд. Вале ҳоло Тоҷикистон низ ба лағви ин муқаррарот чандон алоқаманд нест.”

Зеро, ба эътиқоди оқои Муллоҷонов, ҳоло дар қалмарави Ӯзбакистон ҳудуди 5-6 ҳазор аз аъзои пешини Ҷабҳаи мардумӣ аз ҷумлаи ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев, фармондеҳи саршиноси замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, ба сар мебаранд ва давлати ин кишвар аз вуруди “афроде, ки ба суботи кишвар таҳдид мекунанд бим дорад.”

Вале, манобеъи огоҳ аз омодагии мақомоти Ӯзбакистон барои баррасии мавзӯъи лағви низоми раводид дар миёни ин ду кишвар ҳадс мезананд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi