"МОРО БА ҲОШИЯ РОНДААНД" - ШИКВАИ ФАЪОЛОН БА РАҲБАРИ САҲА
Намояндагони аҳзоби сиёсӣ далелҳои заъфи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро ба дабири кулли САҲА шарҳ доданд.
Дабири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ламберто Занеру, рӯзи 28-уми март дар шаҳри Душанбе бо фаъолони ҷомеаи маданӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот кард. Аксари нотиқони ин нишаст ба ӯ гуфтаанд, ки ҳукумат дар фаъолияти онҳо ҳамвора маҳдудият эҷод мекунад ва ба ин сабаб ҳизбҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти кишвар нақш надоранд,
Намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз тағйири мавқеи ҳукумат дар баробари ин ҳизб ва рӯҳонияти саршинос изҳори ақида кардааст. Ӯ ҳамчунин аз нашри санади махфие бо номи "Протоколи 32-20", ки гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон қабул шудааст, дар ин мулоқот ёдоварӣ менамояд.
Амнияти Абдулназар аз Ҳизби Умумимиллии Сотсиал-Демократи Тоҷикистон иллати бетаъсирии аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро ба набуди интихоботи шаффоф ва озод марбут донистааст. Ҷаноби Абдулназар ба Радиои Озодӣ гуфт, аз он ки интихоботҳо дар Тоҷикистон ба таври ноодилона ва бар манфиати танҳо як ҳизби сиёсӣ натиҷагирӣ мешавад, бовари мардум ба чунин маъракаҳо низ коҳиш ёфтааст.
"Мардум аслан ба интихоботҳо бовар надорад ва зарурати ширкат ҳам нест. Зеро раъйи мардум аслан ба инобат гирифта намешавад ва мардум дар идораи давлат нақш надорад",-афзуд ӯ. Яке дигар аз масоиле, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар мулоқот бо Ламберто Занеру, мақоми баландпояи САҲА, мавриди гуфтугӯ қарор додаанд мушкилоти риояти ҳуқуқи башар дар ин кишвар будааст. Нигина Баҳриева, мудири Бунёди ҷамъиятии "Ноттабене" аз ширкатдорони ин мулоқот ба мо гуфт, ӯ масъалаи шиканҷа ва азияти афроди муттаҳам бо терроризм ва экстремизм дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро дар миён гузоштааст.
Зеро, мегӯяд хонум Баҳриева, мудофеони ҳуқуқи башари тоҷик маълумоти зиёде дар даст доранд, ки афроди бо ин иттиҳом дастгиршуда таҳти озор ва шиканҷа қарор мегиранд: "Вақте одамҳо бо гумони ширкат дар ҷиноятҳои терроризм ва эктремизм боздошт мешаванд, қурбонии шиканҷаи маъмурони интизомӣ мегарданд. Дар ин мавридҳо САҲА-ро зарур аст, ки мавқеи мушаххас дошта бошад ва бо истифода аз имкониятҳояш дар бартараф кардани ин мушкилиҳо мусоидат намояд."
Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо, ки ба унвони як таҳлилгар дар ин мулоқот ширкат варзидааст, гуфт, ӯ ба дабири кулли САҲА ду масъаларо, ки мустақим ба фаъолияти худи ин созмон иртибот дорад, матраҳ кардааст: "Аввал ин ки бояд арзишҳо, рӯҳия ва мавқеъгирие, ки ин созмон дорад бо воқеияти наве, ки баъди аъзо шудани кишварҳои зиёди мусалмоннишин ба вуҷуд омад, мутобиқ карда шавад. Пешниҳоди дуввуми ман ин буд, ки чун ҳудуди ғайриаврупоии ин созмон ниҳоят васеъ аст, ҳифз кардани номи САҲА мувофиқи мақсад нест ва беҳтар буд, як номе гузошта шавад, ки моро ҳам фаро бигирад."
Ба таъйиди ширкатдорони ин мулоқот, дабири кулли САҲА ваъда додааст, ки масъалаҳои пешниҳодшуда баъд аз муҳокима ва баррасӣ аз сӯи мутахассисони ин созмон ба мақомоти Тоҷикистон ироа хоҳад шуд. Ламберто Занеру, дабири кулли САҲА, ки бо хабарнигорон низ нишасте доир карда буд, таъкид кардааст, ки масоили ҳуқуқи башар дар хеле аз кишварҳои узви ин созмон ба як мушкил табдил шудааст, аммо ҳеҷ яке аз онҳо бидуни расидагӣ намемонад.
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо роҳандозии чандин барнома ба ислоҳоти низоми қонунгузорӣ, омӯзиши низомиёни тоҷик, мудирият дар марзҳо ва баргузории интихоботҳо ба Тоҷикистон кӯмак кардааст. Дар зимн, Ламберто Занеру, дабири кулли САҲА, ки ба манзури ширкат дар панҷуми нишасти ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон вориди Тоҷикистон шуда, аз рӯзи 26 то 29-уми март дар Душанбе буд.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»