15:00:23 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА: КОРИ КУМИТАИ ДИН АНГЕЗАИ СИЁСӢ ДОРАД

Ахиран дар бархе аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ иттилое ба нашр расид, ки тибқи он Кумитаи дини ҶТ ба суди ноҳияи Ваҳдат ариза додааст, ки ба сабаби он ки имоми собиқи масҷиди панҷвақтаи «Муҳаммадия» Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода қарори ин Кумитаро нақз карда чанд маротиба дар намозҳо имоматӣ кардааст, ин суд бояд дар бораи дар оянда фаъолият кардан ва ё накардани масҷид қарори худро содир кунад.

/images/stories/2012/04/04_turajonzoda_4412.jpgЁдовар мешавем, ки 13-уми декабри соли гузашта Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародараш эшони Маҳмуд, аз вазифаҳои худ ҳамчун имом - хатиб ва муовини имом – хатиби масҷиди «Муҳаммадия» барканор шуда буданд. Фаъолияти ин масҷиди ҷомеъро низ ба муддати се моҳ манъ карда буданд, яъне дар ин масҷид хондани намози ҷумъа манъ карда шуда буд.

Масҷиди мазкур ҳамчун масҷиди панҷвақта фаъолият мекард ва масъулияти дар намозҳо пеш гузаштан ва намозҳоро ҳамчун имом хондан ба дӯши шаҳрванд Вайсиддин Қурбонов вогузор карда шуда буд. Бо гузашти се моҳ чанд рӯз пеш вакилони маҷлиси ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Ваҳдат қарор қабул карданд, ки «азбаски дар ноҳия масоҷиди зиёде ба қайд гирифта шудааст, зарурат ба дубора фаъол шудани масҷиди «Муҳаммадия» нест.

Аз ин рӯ дари масҷиди «Муҳаммадия» ҳамчун масҷиди ҷомеъ баста шавад. Инак Кумитаи дини ҶТ аз суди ин ноҳия акнун дархост кардааст, ки фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» мавриди баррасӣ қарор бигирад ва қарори худро дар бораи фаъолият кардан ва ё накардани он содир намояд.

Тибқи қонунҳои мавҷудаи кишвар ду роҳи қатъи фаъолияти масоҷиди ҷомеъ вуҷуд дорад. Роҳи якум қарори маҷлиси муассисони иттиҳодияи динӣ, яъне онҳое, ки муассиси ин масҷиди ҷомеъ буданд, дар бораи довталабона қатъ кардани фаъолияти масҷиди ҷомеъ. Дуввум бо роҳи судӣ ба иллати риоя нашудани муқаррароти мавҷуда аз сӯи масъулини масҷиди ҷомеъ.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини ҶТ дар як сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» зимни тайиди ин хабар иброз дошт, ки ҳозир нест бигӯяд, ки барои нақзи кадом муқаррароти мавҷуда Кумитаи дин аз суди ноҳияи Ваҳдат хоҳиш кардааст, ки фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» дар оянда қатъ карда шавад.

«Инро мо дар мурофиаи судӣ хоҳем эълон кард. Танҳо суд ҳақ дорад, ки дар бораи дар оянда фаъолият кардани масҷиди «Муҳаммадия» ба ҳайси масҷиди ҷомеъ тасмими ниҳоӣ бигирад. Ба ҳар сурат масҷиди «Муҳаммадия» ҳамчун масҷиди панҷвақта фаъолияти худро идома хоҳад дод. Дар аризаи мо масъалаи қатъи фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» ҳамчун масҷиди панҷвақта матраҳ нест».

Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, сиёсатмадори маъруфи кишвар, бародари Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода дар сӯҳбат ба хабарнигори мо гуфт, ки «Кумитаи дин хилофи қонунҳои мавҷудаи кишвар амал карда аз суд талаб кардааст, ки фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-ро ба сабаби он ки Эшони Нуриддинҷон дар бархе аз намозҳои панҷвақта имоматӣ кардааст ва ин корро ӯ бояд намекард, қатъ намояд.

Бале, мо ин чизро рад намекунем, ки эшон дар бархе аз намозҳо имоматӣ кардаанд. Ману эшони Маҳмудҷон низ дар набудани мулло имом Вайсиддин Қурбонов ин корро кардаем. Бояд гуфт, ки мулло Вайсиддин бисту чаҳор соат наметавонанд бо мо бошад. Корҳои хусусии худро дорад. Бо корҳои тиҷорат машғул ҳаст. Аз ин рӯ на ҳамеша метавонад дар намозҳо имоматӣ кунад. Такрор мекунам дар ғайби он кас мо, бародарон дар намозҳо пеш мегузаштем.

Бояд гуфт дар зарфи се моҳ дар масҷид ягон коре хилофи муқаррароти мавҷуда нашудааст. Фаъолияти масҷидро асосан барои дар он гӯё гузаронидани маросими «Ошуро» ба муддати се моҳ мутаввақиф карда буданд. Ҳол он ки он маросими «Ошуро» набуд. Дар муддати се моҳи гузашта дар ин масҷид мо ягон «Ошуро»-и дигар нагузаронидем, ки бо чунин дархост ба суд муроҷиат кунанд.

Аз сӯи дигар дар Сарқонуни кишвар омадааст, ки дин аз давлат ҷудо аст. Вале вакилони маҷлиси намояндагони ноҳияи Ваҳдат, ки аз мақомоти давлатӣ ба ҳисоб мераванд, дар ҷаласаи худ қарор қабул мекунанд, ки барои фаъолият кардани масҷиди «Муҳаммадия» дар ноҳия зарурат нест. Бубинед, худи мақомот қонунҳои мавҷударо, Сарқонунро нақз мекунанд. Ман муътақидам, ки ин кори Кумитаи дин ангезаҳои сиёсӣ дорад».
«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi