09:22:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

ҲАМКОРӢ ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ

Раиси ҷумҳури Ҳинд, ки рӯзи якшанбе ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар шуд, рӯзи душанбеи 7 сентябр бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ, мулоқот анҷом дод.

Хонум Патил, ки пас аз ин мулоқот дар рӯбарӯйи хабарнигорон суҳбат мекард, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар сиёсати хориҷии кишвараш арзишманд хонд ва гуфт, ки давлаташ аз мусоъидати Тоҷикистон ба мубориза бо терроризм ва бунёдгароӣ қадрдонӣ мекунад. Вай гуфт минтақаи Осиёи Миёна дар ҷавори Ҳинд қарор дорад ва афзуд: "Имрӯз терроризм минтақаи моро иҳота кардааст. Ифротгароӣ, терроризм ва бунёдгароӣ сулҳу суботи минтақаро таҳдид мекунад, хоҳ Ҳинд бошад, хоҳ Афғонистон, хоҳ Тоҷикистон."

Хонум Патил дар ин замина аз ҳаводиси гаравгонгирии 26 ноябри соли гузашта дар ҳутелҳои Мумбай ёдовар шуда ва гуфт: "Бояд ҳамаи кишварҳои минтақа ба таври фаъол ва бидуни вақфа ба ҳамкорӣ барои решакансозии терроризм дар ҳамаи зуҳуроташ иқдом кунанд."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ ба навбаи худ дар ин мулоқот таъкид кард: "Мо мубориза бо ду хатари ҷиддӣ, яъне терроризми ҷаҳонӣ ва қочоқи маводди мухаддирро ба нафъи субот, амният ва пешрафти минтақа медонем."

Ин дар ҳолест ки мақомоти Ҳинд аз Покистон - кишваре, ки Тоҷикистон бо он муносиботи дӯстона дорад, ҳамвора ба унвони маншаъи таҳдидҳои теруристӣ алайҳи кишварашон ном бурдаанд. Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, низ дар авохири моҳи июн ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо оқои Зардорӣ дар мавриди ихтилофоти миёни Покистон ва Ҳинд изҳори назар карда ва гуфт: "Мо аз ду кишвари бузурги дорои силоҳи ҳастаии Осиёи Ҷанубӣ - Покистону Ҳиндустон – даъват ба амал меоварем, ки барои ба мақсади дарёфти роҳҳои сиёсии бартараф сохтани масоили баҳснок кӯшишҳои заруриро дареғ надоранд.”

Ба эътиқоди сиёсатшиносон, давлати Тоҷикистон талош мекунад, ки ҳам бо Ҳинд ва ҳам бо Покистон равобити густурдае дошта бошад. Дар бархе аз маворид чунин ҳамкориҳо мавриди шакку шубҳа ва беэътимодии ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Бо ин ҳол, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳинд аз густариши ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар ибрози қаноъатмандӣ карданд. Оқои Раҳмон дар ин замина гуфт, ки дар соли гузашта табодули коло миёни ин ду кишвар 57 милюн дулорро ташкил дода ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ низ, новобаста аз бӯҳрони иқтисодӣ, ин табодул муъодили ҳудуди 25 милюн дулор будааст.

Ғайр аз ҳамкориҳои тиҷорӣ, Ҳинд то кунун бо Тоҷикистон дар заминаи омода кардани кодрҳо дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла арсаи низомӣ ва фанновариҳои ҷадид, аз роҳи эъзоми гурӯҳҳои донишомӯзон ба донишгоҳҳои мухталифи Ҳинд, ҳамкориҳои густардае доштааст.

Тармими фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ҳумаи ҷанубу ғарби пойтахти Тоҷикистон, бо сармояи Ҳинд ва аз сӯйи низомиёни ҳиндӣ ва сармоягузории 13-милюндулории ин кишвар барои тармими нерӯгоҳи Варзоб, дар ҳумаи шимоли шаҳри Душанбе, низ аз тарҳҳои умдаи Ҳинд дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Ғайр аз ин, қарор аст 7 ва 8 сентябр дар чаҳорчӯби сафари раиси ҷумҳури Ҳинд ба Тоҷикистон ҳайъатҳои иқтисодии Ҳинд ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нишасти муштараке доир карда ва самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ миёни ду кишварро мушаххас кунанд.

Пратибҳа Патил, раиси ҷумҳури Ҳинд, ҳамчунин аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар ояндаи наздик аз Ҳинд дидан кунад. Сафари серӯзаи раиси ҷумҳури Ҳинд ба Тоҷикистон, дуруст пас аз сафари панҷрӯзааш ба Русия сурат мегирад. Қарор аст хонум Патил фардо аз бархе манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, дидан кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi