22:47:10 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НИЗОМХОН ҶӮРАЕВРО ДАРКИ ВОҚЕИЯТИ СӮЙИ ВАТАН КАШИД

Бино бар як хабари радиои «Озодӣ» Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси Корхонаи химиявии шаҳри Исфара, ки рӯзи 29-уми март, баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Маскав ғайб зада буд, якбора дар шаҳри Душанбе пайдо шудааст ва худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таслим кардааст.

/images/stories/2012/04/10_nizomkhon_juraev-1012.jpgҲама, ҳатто кормандони масъули Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, аз чунин иқдоми Ҷӯраев Н. дар ҳайрат мондаанд. Аксарияти сокинони кишвар, новобаста аз синну солу ҷинсу касбу кор имрӯз фарзиябофӣ даври ин қазия доранд ва ҳар касе тахмину бофтаи худро чун ҳақиқати мутлақ талқин кардан дорад.

Аммо ҷойи таҳайюру тахминзанӣ нест. Низомхон Ҷӯраев муддати кофӣ, беш аз яку ним сол дар боздоштгоҳ буд ва ҳар кардаю нокардаи хешро дар мизони ақл баркашидаю ба хулосае расидааст, ки як соати бандӣ будан дар Ватан, ҳазорон бор бартар аст аз ғарибию ватанҷудоӣ, ҳаёти озод, вале бидуни пайвандон ва ниҳону гурезон. Ӯ ба хубӣ дарк кардааст, ки берун аз хоки диёр танҳо бозичае мегардад дар дасти душманони Ватану миллати худ.

Зеро аксарияти чунин ашхосро мешиносад. Медонад, ки онҳо барои сабзпора маблағе имрӯз борони тӯҳмату бӯҳтонро бар сари Ватани аҷдодии худ мерезанд ва иснод бар ақрабои бошарафи гузашта ва насли ояндадори имрӯзаашон овардаанд. Ӯ фаҳмидааст, ки дар ин роҳ, мисли дигарон, номи ӯро низ истифода мебаранду баъди пиёда намудани ҳадафҳои худ ба кунҷи узлату фаромӯшиаш мепартоянд. Низомхон Ҷӯраев метавонист аз Маскав ба дилхоҳ кунҷи дунё паноҳ барад, вале андешаи дурӣ аз хоки диёр, андешаи бо дастони худ гузоштани тамғаи фарзанду пайванди «ҷинояткори фирорӣ» дар шарҳи ҳоли наздиконаш ӯро водор кард, ки бо кадом роҳе набошад, ба Ватан баргардаду ихтиёран худро ба дасти қонун супорад.

Баъзе ҳангомаҷӯён даъво доранд, ки чаро сараввал ба хонаи худ нарафт, то ба дидори наздиконаш расида, сипас ба мақомот муроҷиат кунад. Сабабаш хеле оддист. Ҷӯраев медонист, ки аллакай дар чанд рӯзи ғоиб буданаш, ҳатман хонааш таҳти назорат аст ва агар ӯро он ҷо дастгир кунанд, ҳаргиз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иқрор нахоҳанд кард, ки ӯ ихтиёран ба онҳо таслим шудааст. Маҳз ба ҳамин хотир, якбора дар дафтари қабули КДАМ пайдо шуду ҳамаро мутаҳаййир сохт.

Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ин иқдоми мардонаи Низомхон Ҷӯраевро бояд ҳатман ба назар гиранд. Парвандаи ҷиноӣ нисбати номбурда бояд аз нав, мӯшикофона баррасӣ гардад. Бозгашти Ҷӯраев Н. ба Тоҷикистон худ гувоҳи он аст, ки ӯ омодааст барои гуноҳҳои содиркардааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд ва ҳар буду набуди дигареро, ки дар ғайб бар дӯшаш ҳавола мекарданд, сарбаландона инкор намояд. Итминони комил аст, ки муносибати мутаносиб нисбати ӯ раво дида мешавад ва ба ӯ ҷазои мувофиқ эълом мегардад.

Шеваи рафтори Низомхон Ҷӯраев зарбаи нишонрасе бар созмончаю ташкилотҳои бешумори ба истилоҳ «байналмилалӣ», «озодӣ»-овар ва «ҳифз»-кунандаи ҳуқуқи инсон, амсоли Amnesty International мебошад. Ии ташкилот, ҳанӯз дар давраи буду боши Н.Ҷӯраев дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав аз Россия тақозо карда буд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд, то он ҷо таҳти зӯроварию шиканҷа қарор нагирад. Ҳамакнун, ки Н. Ҷӯраев худаш ба Ватан баргашт, ихтиёран таслими ҳомиёни қонун гардид ва ба тақсиру гуноҳҳои худ иқрор гардид, онҳо чӣ мегуфта бошанд?

Ба ҳар ҳол, дигар ҷойи фарзибофию фолбинӣ намонда. Низомхон Ҷӯраев гарчӣ дар маҳбас аст, дар Ватани худ аст ва аз ҳавои он нафас мекашад. Имкон дорад, ки ба дидори наздикон бирасад ва ҳамзамон барои кирдорҳои ғайриқонунӣ содирнамудааш ҷавоб гуфта, ҳам худро дар назди қонуну ҷомеа сафед намояд ва ҳам пайвандонашро аз бори тамғаи фарзанди «ҷинояткори фирорӣ» ва «мавриди ҷустуҷӯ» раҳонад.

Умед аст, ки даҳҳои дигар ҳамватанони мо, ки бо ҷурмҳои сағира ё кабира аз сарзамини аҷдодии худ канораҷӯӣ намуда, дур аз ёру аёл, ватангадо, дарбадар ва бозичаи дасти бегонагон дар муқобили миллату меҳани худ гаштаанд, ба ин иқдоми мардонаи Низомхон Ҷӯраев пайравӣ намуда, ба Ватан бармегарданд. Зеро танҳо Ватан, миллат, давлат, ки ҳомии асосии ин ду арзиши муқаддас аст,  метавонанд фарзанди худро мувофиқ бо кардаҳояш ҷазо таъин кунанд, аз озодӣ маҳрум кунанд ва ё афв кунанд. Оне, ки ҷурме, ҷинояте содир кардааст ва бар замми ин, аз посухгӯйӣ барои кардааш дар фирор аст, як умр назди ин се қарздор аст ва дар ду дунё омӯрзишу шафоат дарёфт нахоҳад кард.

Назари Олимпур



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi