'ЗАЪФИ ҲУКУМАТ ОМИЛИ ГУСТАРИШИ НУФУЗИ ҲНИТ АСТ'
Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, ки "заъфу нотавонии ҳукумат дар таъмини зиндагии шарофатмандона" барои мардум бисёреро ба оғӯши ин ҳизби мухолиф савқ додааст.
Гуфта мешавад, ки сарфи назар аз "фишорҳову таҳдидҳо" аз сӯйи мақомот дар як моҳи ахир 300 нафар ба узвияти ҲНИТ пазируфта шудаанд, ки 65 дарсади онҳо ҷавонон ҳастанд. Ҳамчунин, фаъъолони ин ҳизб иддаъо мекунанд, ки ниҳодҳои давлатӣ бо ваъдаи ихтисоси қитаъоти замин ҷонибдорони ин ҳизбро ба хориҷ шудан аз суфуфи он таблиғ мекунанд.
Акоша Кабирӣ, раиси бахши омори ҲНИТ, рӯзи сешанбеи 10 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки мавзӯъи ҷалби аъзои ҷадид ба суфуфи ин ҳизб дар ҷаласаи рӯзи душанбеи раҳбарони ин ҳизб баррасӣ шудааст.
Вай хабар дод, ки дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳар моҳ аз яксад то 160 нафар ба ҲНИТ мепайвастанд: "Вале бо вуҷуди фишорҳову таҳдидҳо, дар моҳи март ин рақам ба 300 нафар расид. Ба ин тартиб, теъдоди аъзои ҲНИТ болиғ бар 41 ҳазор нафар шуд."
Оқои Кабирӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар моҳи гузашта ҳудуди сӣ нафар ин ҳизбро ба сурати "довталабона" тарк кардаанд. Вай гуфт: "Маъмулан ин афрод таҳти фишор суфуфи ҳизбро тарк карданд. Ҳатто ҳусни хат дар бештари аризаҳои ин афрод яксон буд."
Зимнан, дар авоили моҳи март сойти "Звезда.ру" зери унвони "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" матлабе мунташир кард, ки ҳамроҳ бо он асноде бо муҳри "махфӣ" низ мунташир шуд. Тибқи ин аснод, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё дар авохири моҳи ноябри гузашта ҷаласае бо мақомҳои амниятиву пулис барпо карда ва аз онҳо хостааст, ки фаъъолияти ҲНИТ, "хусусан масъулону раҳбарони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ" қарор диҳанд.
Яке аз ин аснод мегӯяд, ки мақомоти зидахл бояд "рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳоро" муъайян ва "тарзу услуби кори таблиғотии ҳизбро" ошкор кунанд ва барои берун кашидани онҳо аз суфуфи ҳизб, "аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандсозӣ", тадобире бияндешанд.
Сайидумар Ҳусайнӣ, узви порлумони Тоҷикистон ва муъовини раҳбари ҲНИТ, дар ҷаласаи рӯзи душанбе гуфтааст, ки "мардуми моро мехоҳанд аз узвият ва пайравӣ аз Ҳизби наҳзат манъ кунанд, вале баръакс аъзои ин ҳизб зиёд шуда истодааст."
Вай афзудааст: "Ду сабаб аст, ки аъзои (ҳизби) Наҳзат аз ин ҳизб хориҷ мешаванд. Якум, тақдими баъзе имтиёзҳо аз тарафи рақиб дар ҳолати хориҷшавӣ ва дувум, омили тарс додан ва фишор ба онҳо. Бахусус, дар манотиқи дурдасти кишвар аъзои ҳизбро бо таҳдид, тарсу фиреб додан ва ваъдаи замин додан дар ҳолати хориҷшавӣ мехоҳанд аз ҳизб берун кунанд."
Оқои Ҳусайнӣ бар ин назар аст, ки маҳбубияти ҲНИТ ва афзоиши аъзои он ба омилҳои дигаре, назири "заъф ва ноуҳдабароии ҳукумат" низ марбут аст. Мушкилоти фаровон дар зиндагии мардум ва ҳал нашудани мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар аз ҷумлаи чунин омилҳо аст.
Вай меафзояд: "Ҳизби ҳоким ҳамаи имконот ва шароит барояш муҳайё аст, вале натавонистааст барои мардум зиндагии шарофатмандонаро таъмин намояд. Ҳатто барқеро, ки дар Тоҷикистон истеҳсол (тавлид) мешавад, наметавонад ба мардум бидиҳад ва инчунин об, ки даъво дорем, ки чанд дар сади оби минтақа дар Тоҷикистон ҷойгир аст, баъзе манотиқи кишвар аз он танқисӣ (камбудӣ) мекашанд."
"Аммо аз газ тамоми миллат маҳрум аст. Илова бар ин, мардум роҳҳои вайрон, мавҷи калони муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва ғайраро дида, онҳо ба сабаби чунин камбудиҳои ҳукумат умедашонро ба Ҳизби наҳзат мебанданд."
Дар ҳамин ҳол, таъкид шудааст, ки мавориди кӯшиш барои хориҷшавии "довталабона" аз ҳизб дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо, бавижа дар навоҳии Зафаробод, Табошар, Темурмалик ва Ҳамадонӣ мушоҳида шудааст. Зимнан, ҲНИТ нерӯи аслии мухолифи давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва коршиносон дар бораи афзоиши қобили мулоҳизаи нуфузи он дар ҷомеъа изҳори назар мекунанд.
Дар гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки аз соли 2006 ба ин сӯ теъдоди аъзои ин ҳизб беш аз сад дарсад афзоиш ёфтааст ва беш аз панҷоҳ дарсади тарафдорони ин ҳизбро занон ташкил медиҳанд. Бо ин вуҷуд, ҲНИТ ҳануз дар мавриди пешниҳоди номзади худ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 тасмим нагирифтааст.
Би-Би-Си