18:37:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲХДТ: "ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АРЗАНДАТАРИН НОМЗАД БАРОИ ИНТИХОБОТИ ОЯНДА АСТ"

Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон (ҲХДТ) тадорукот барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013-ро оғоз кардааст. Усмон Солеҳ, масъули бахши иттилоъотии ин ҳизб, мегӯяд, ки ҳайъати раҳбарии ҲХДТ дар садад аст муҷаддадан Эмомалӣ Раҳмонро ба ин интихобот номзад кунад.

/images/stories/2012/04/10_rahmon_election-1012.jpgМасъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, умдатарин ҳизби мухолифи давлат, мегӯянд, ки дар шароити феълӣ аз пешниҳоди номзад барои ширкат дар интихобот худдорӣ мекунанд. Оқои Солеҳ рӯзи сешанбеи 10 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки фаъъолиятҳои таблиғотии ҲХДТ барои омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст.

Вай гуфт: "Ҳоло талоши мо ин аст, ки суфуфи ҲХДТ-ро аз ҳисоби аъзои ҷадид афзоиш диҳем. Ин бад-он маънист, ки бояд доираи электорат (ҳайъати интихобкунандагон)-и ҳизби мо васеъ шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф мо талош мекунем дар манотиқи мухталифи кишвар ба масоили иҷтимоъии мардум расидагӣ кунем."

Оқои Солеҳ иддаъои бархе аз соҳибназарон дар мавриди ҷалби иҷборӣ ба суфуфи ҲХДТ-ро бепоя хонд ва гуфт, ки то ҳол дар ин бора ба раҳбарии ҳизб "ҳеч шикояти расмие ворид нашудааст." Аз сӯйи дигар, вай хабар дод, ки дар чанд моҳи нахусти фаъъолияти созмони "Созандагони ватан", ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ, ҳудуди як сад ҳазор нафар аз ҷавонон шомили ин созмон шудаанд.

Дар посух ба ин суол, ки оё ҲХДТ дар мавриди номзади ояндаи худ барои интихоботи соли 2013 тасмим гирифтааст ё хайр, гуфт, ки "феълан арзандатар аз Эмомалӣ Раҳмон номзаде дар назар нест."

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад, раҳбари ҲХДТ низ ҳаст ва тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вай аз ҳаққи интихоб шудан ба симати раёсати ҷумҳурӣ барои ду давраи ҳафтсола бархурдор аст.

Усмон Солеҳ мегӯяд, ки тасмими расмии ҲХДТ дар бораи пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар интихобот дар анҷумани ин ҳизб, ки қарор аст дар авосити соли оянда баргузор шавад, гирифта хоҳад шуд.

Анҷумани ҳизб чанд моҳ қабл аз интихобот доир мешавад. Ба гуфтаи вай, ба эҳтимоли зиёд интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд.

Оқои Солеҳ мутмаин аст, ки интихоботи соли оянда шаффоф ва мунсифона баргузор хоҳад шуд. Дар робита бо эҳтимоли пешниҳоди номзадҳои дигар аз сӯйи аҳзоби сиёсӣ, ин масъули ҲХДТ гуфт, ки "дар миёни сиёсатмадарони Тоҷикистон номзади арзандатаре" аз Эмомалӣ Раҳмонро намебинад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мегӯяд, ки тибқи истротежии ин ҳизб, онҳо аз ширкат дар интихобот ҳаргиз даст намекашанд ва ё онро ҳаргиз таҳрим намекунанд.

Вай гуфт: "Вале, дар шароити феълии сиёсӣ мо бар ин назарем, ки ширкат бо номзади худ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ маънӣ надорад. Вале аъзои ҳизб дар интихобот ба унвони интихобкунанда ва ё аъзои кумисиюнҳои интихоботӣ ширкат хоҳанд кард."

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, эҳтимоли пешниҳоди номзади ҲНИТ ҳамчунон мавҷуд аст: "Агар вазъи сиёсӣ тағйир ёфта ва шароит барои пешниҳоди номзад фароҳам шавад, раёсати ҲНИТ ва анҷумани ҳизб метавонанд мавзеъи худро тағйир диҳанд."

Дар робита бо ин иддаъо, ки ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмон номзади арзандаи дигаре вуҷуд надорад, оқои Сайфуллозода гуфт, ки ҲХДТ аз ҳаққи чунин изҳори назаре бархурдор аст, вале набояд ин назар бар ҷомеъа ба сурати иҷборӣ таҳмил карда шавад.

Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби умумимиллии сусиёл-демукроти Тоҷикистон, дар гузашта аз мардум ва аҳзоби сиёсӣ даъват карда буд, ки аз ширкат дар "ҳар гуна интихоботе, ки дар кишвар баргузор мешавад," худдорӣ кунанд.

Ҷонибдорони ин ҳизб бар ин назаранд, ки бидуни ислоҳи қавонини интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонии Тоҷикистон, баргузории интихоботи шаффоф ва демукротик дар ин кишвар ғайримумкин аст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари кумунистҳои Тоҷикистон, дар посух ба ин суол, ки оё ҷонибдорони Ҳизби кумунист низ ба интихоботи оянда омодагӣ мегиранд ё хайр, гуфт, ки "ҳоло барвақт аст ва пеш аз пода чанг бардоштан кори хуб нест."

Ба гуфтаи оқои Шабдолов, ҳайъати раҳбарии ин ҳизб дар мавриди ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ тасмиме нагирифтааст.

Дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 намояндагони Ҳизби кумунист, Ҳизби сусиёлисти Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби кишоварзӣ ширкат доштанд.

Номзадҳои ин аҳзоб дар интихобот аз пуштибонии қобили мулоҳизаи мардум бархурдор нашуданд ва гузашта аз ин, бархе аз онҳо қабл аз интихоб изҳор доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон арзандатарин номзад дар ин интихоб аст.

Ҳеҷ кадом аз интихоботи баргузоришуда дар Тоҷикистон аз суи созмонҳои байналмилалии муътабар интихоботи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии демукротик арзёбӣ нашудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi