05:38:51 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАРЗ ВА ОБАНБОРИ "ФАРҲОД". МЕҲВАРИ МУЗОКИРОТИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД

Мулоқоти фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар наздикии шаҳри марзии Бекобод, ҳамсарҳад бо ноҳияи Спитамен баргузор шудааст.

/images/stories/2012/04/18_tajikistan-tashkent_1812.jpgДафтари матбуотии Кумитаи назорати марзи давлатии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки ин мулоқот миёни генерал-майор Руслан Мирзоев, фармондеҳи нерӯҳои марзии Узбакистон ва генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон доир шудааст.

Тарафҳо дар ин нишаст вазъи убуру мурури шаҳрвардони ду кишвар ва интиқоли транзитии молу коло дар гузаргоҳҳои марзиро баррасӣ кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Узбакистон, ҳар ду ҷониб изҳор доштаанд, ки эътимод ба якдигар ва ва ҳамкорӣ дар назорати марзи муштаракро таҳким бахшанд. Тасмим гирифта шудааст, ки барои як қисми шаҳрвандон иҷозаи бечунучарои убур аз гузаргоҳҳо дода шавад.

Дар ҳамин ҳол Хушнуд Раҳматулоев, масъули дафтари матбуоти Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон низ таъйид кард, ки таҳти сарварии Шералӣ Мирзо як ҳайати  нерӯҳои марзбонӣ то ба имрӯз дар вилояти Суғд қарор доранд, вале дар робита ба мулоқоти ҷонибҳо изҳори беиттилоӣ кард.

Аммо як манбаи наздик ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки дар дидори сарони ниҳодҳои марзбонӣ аз ҷумла мансубияти давлатии қитъаҳои баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Узбакистон ва махсусан сарбанд, пули рӯи он ва обанбори нерӯгоҳи "Фарҳод" баррасӣ шудааст.

Обанбори "Фарҳод" аз иншооти стратегии Тоҷикистон аст, ки фаъолияти каналҳои обёрии ҳазорҳо гектар замини кишти Тоҷикистон ва Узбакистонро танзим ва соҳаи саноати вилояти Тошкандро бо об таъмин менамояд.

Ахиран Душанбе бо пахши як изҳорот гуфт, Тошканд бар хилофи меъёрҳои байналмилилӣ аз Тоҷикистон талаб дорад, то обанбори "Фарҳод"-ро дар ихтиёраш гузорад. Тоҷикистон ин даъворо "талоши ғасби қаламрави як давлати соҳибистиқлол" унвон кард.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi