12:40:44 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲНИТ СОҲИБИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН ХОҲАД ШУД

Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, тасмим дорад дар оянда як шабакаи родию ва телевизиюнӣ дар ин кишвар роҳандозӣ кунад. Ин тарҳ бахше аз истротежии ҷадиди ин ҳизб то соли 2015 аст, ки ахиран ба тасвиб расидааст. Тибқи ин санад, қарор аст теъдоди аъзои ин ҳизб дар ин муддат то 150 ҳазор нафар афзоиш ёбад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси бахши таҳлилии ҲНИТ, рӯзи чаҳоршанбеи 9 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран раёсати ин ҳизб истротежии ҷадидеро таҳия ва тасвиб кардааст. Дар ин санад ҳадафи ин ҳизб ба гунаи зайл муъаррифӣ шудааст: “Бо кумаки худованд ва роҳи парвардигор эъмори давлати дунявӣ, демукротик, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоъӣ, ки аз арзишҳои исломӣ, миллӣ ва башарӣ маншаъ мегирад, аз аҳдофи аслии ҳизб аст."

Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, ба ин тартиб барои бори нахуст ба мардум пайёми ошкоре дар бораи аҳдофи ин ҳизб ироа шудааст. Ҳарчанд ба гуфтаи вай, дар гузашта низ ҲНИТ ҳамин аҳдофро пайгирӣ мекард.

Барои расидан ба ин аҳдоф ҲНИТ тасмим гирифтааст теъдоди аъзои худро афзоиш бидиҳад. Ҳоло шумори аъзои ин ҳизб ҳудуди 33 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва дар ин замина ҲНИТ дар миёни аҳзоби сиёсии кишвар ҷойгоҳи дувумро ба худ ихтисос додааст. Вале ҳамакнун ин ҳизб талош дорад, ки то соли 2015 ин рақамро то ба 150 ҳазор нафар афзоиш диҳад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, ҲНИТ қасд дорад аз шабакаи родию ва телевизиюнии худ истифода кунад. Вале ба таъкиди оқои Сайфуллозода, иҷрои ин амр ба тасмимгириҳои мақомоти зидахли Тоҷикистон бастагӣ дорад.

Ҳамчунин, тибқи ин истротежӣ, ҲНИТ дар садад аст дар порулмони кишвар фроксиюни худро таъсис диҳад. Ба ин далел, масъулони ин ҳизб ба касби панҷ сандалӣ дар порлумони оянда, ки ҳаққи таъсиси фроксиюнро фароҳам мекунад, умедвор ҳастанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, бидуни дарёфти дастикам бист сандалии порлумон, ин ҳизб наметавонад дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии ҷомеъа нақши муассире дошта бошад.

Дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ ҲНИТ ба дарёфти ду сандалӣ муваффақ шуд. Вале масъулони ин ҳизб дар канори бархе аз аҳзоби сиёсии дигари Тоҷикистон аз мавориди густурдаи тақаллуб дар интихоботи гузашта ва интхоботи миёндавраӣ шикоят кардаанд.

Ин дар ҳолест ки ҲНИТ танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар қаламрави кишварҳои Шӯравии пешин аст. Фаъолияти ин ҳизб баъд аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд ва он танҳо баъд аз имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 аз ҳаққи фаъолияти расмӣ дубора бархурдор шуд.

Сохтмони муҷтамаъи Маркази сиёсӣ-фарҳангии ҲНИТ яке аз аҳдофи дигари истротежии ҷадиди ин ҳизб арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, ба ин манзур раёсати ҳизб аз шаҳрдории Душанбе ним сол қабл тахсиси як порча заминро дархост карда, вале то ҳол посухе нагирифтааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода ба ҳалли мусбати ин мавзӯъ хушбин аст. Вай гуфт: “Чун ба сохтмони Маркази Исмоилия дар пойтахти Тоҷикистон иҷоза доданд, пас бояд як ҳизби сиёсии дохилӣ низ аз чунин ҳаққе бархурдор бошад.” Гуфта мешавад фаъолияти ин маркази ҲНИТ тибқи қавонини Тоҷикистон ва бар пояи арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi