05:15:16 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30          

АЪЗОИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД

Намояндагии Осиёи-марказии Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 то 5 маи соли 2012 ташриф меоранд. Ба ҳайати намояндагӣ 9 нафар вакилони Парлумони Аврупо (ПА) шомиланд, ки намояндагони гуруҳҳои асосии сиёсии Парлумони Аврупо мебошанд.

/images/stories/2012/05/03_euro-parlament_3512.jpgМақсади асосии сафар - гузаронидани ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамкории парлумонӣ, ки таҳти раёсати Паоло Бартолоцци (ПА) ва Амиршо Миралиев (Маҷлиси Намояндагон) баргузор мегардад. Дар чорчӯбаи ин сафар, намояндагии Парлумони Аврупо гузаронидани як қатор вохӯриҳоро бо мансабдорони ҳукуматии олимақом ба нақша гирифтааст.

Мувофиқи рӯзномаи кор вохӯриҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ, Ҳамрохон Зарифӣ, Раиси Маҷлиси Миллӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси Намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров пешбинӣ шудаанд.

Инчунин намояндагии Парлумони Аврупо бо намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ, намояндагони ҷомеаи шахрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Точикистон фаъолиятдошта вохӯриҳо ба нақша гирифтааст. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии миллии Ҷумҳурии Точикистон имконият доранд, ки бо вакилони Парлумони Аврупо дар машварати ғайрирасмӣ мулоқот намоянд.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ аз ин Иттиҳодия мегирад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад.

Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 550 млн. евро кӯмак намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi