22:40:04 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСЪАЛАИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАЛ ШУДААСТ?

Вазири дифои Русия мегӯяд, ба ҳадси ӯ, масъалаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ҳалли барои тарафҳо қобили қабулро пайдо хоҳад кард.

/images/stories/2012/05/03_serdukov_3512.jpgАнатолий Сердюков ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, "дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба, рӯзи 24-уми апрел дар Пекин, ки дар ҳошияи машварати вазирони дифои кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба вуқӯъ пайваст, вазири дифои Тоҷикистон Ш. Хайруллоев ба ман иттилоъ дод, ки кор дар ин самт ба таври созанда идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, шартномаи ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия амалан омодааст."

Шералӣ Хайруллоев ба Анатолий Сердюков гуфтааст, ҳуҷҷати мазкур барои тасвиб ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Аммо дар ҳоле ки мулоқоти ду вазир рӯзи 24-уми апрел баргузор шудааст, вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, ки низ дар ҳамин рӯз ба Тоҷикистон сафар дошт, гуфта буд, ки бо вуҷуди гузашти мӯҳлати муайяншуда, Тоҷикистону Русия натавонистаанд, сари созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба созиш расанд.

Лавров, 24-уми апрел, баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо вуҷуди таъкид сари он ки Тоҷикистон ба ҳузури ҳарбии Русия шавқманд аст, гуфта буд: «Музокирот доир ба тарҳи созишнома идома дорад. Гуфтугӯҳо идома хоҳанд кард. Дар ин замина, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дастур хоҳад дод, то музокирот суръат бахшида шавад. Мо ҳам барои ин омода мешавем."

Доираҳои наздик ба ин музокирот низ гуфтаанд, ҷонибҳо на бар сари ҳузури ҳарбӣ, балки шарту шароити он гуфтугӯ доранд. Дар ҳоле ки гуфта мешавад  Тоҷикистон барои тамдиди пойгоҳ аз Русия 300 миллион доллар талаб дорад, коршиносон мегӯянд, Русия ҳаргиз барои ҳеҷ пойгоҳаш ин қадар маблағ сарф накардааст.

Дар он мулоқоти вазирони СҲШ дар Пекин Сердюков бо ҳамтои қирғизаш генерал-майор Таалайбек Омуралиев масъалаи қарзи сесолаи ҳузури иншооти ҳарбии Русия дар Қирғизистонро ҳал кард, ки гап дар он сари 15 миллион доллар мерафт. Аммо аз сӯи дигар, фирқаи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ арзёбӣ мешавад ва бархе аз коршиносон талаби Душанберо мантиқӣ мешуморанд.

Масъалаи дигар мӯҳлати ин ҳузур аст. Як манбаи дипломатӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чизе, ки Тоҷикистон қабул надорад, пешниҳоди Русия дар масъалаи мӯҳлати будубоши сарбозони рус дар хоки Тоҷикистон аст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, дар охирин сафараш ба Душанбе гуфта буд, созишнома дар мавриди 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бояд дар семоҳаи аввали соли равон барои имзо омода шавад. Аммо бинобар ихтилофи амиқи назар санади мазкур ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст.

Баргаштани Вазири дифои Русия, Анатолий Сердюков ба ин мавзӯъ ва изҳори бовари ӯ ба он ки масъала тақрибан ҳал шудааст, метавонад баёнгари таваҷҷӯҳи хоси Русия ба ин созишнома бошад. Аммо таъкиди ӯ ба иттилое, ки аз ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Хайруллоев гирифтааст, аз он лиҳоз муҳим мебошад, ки маҳз вазири дифои Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Анатолий Сердюков дар Алмато (16-уми ноябри соли 2011) изҳор дошта буд, масъалаи озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамкори эстони ӯ Алексей Руденко "ба таври мусбат" ҳал хоҳад шуд. Дере нагузашта, рӯзи 22-юми ноябр ин изҳороти Хайруллоев "ҷомаи амал" пӯшид.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi