18:36:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НОМАИ РОҲБАРИ ҲНИТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!
/images/stories/2012/05/08_muhiddin-kabiri_8.5.12.jpgБо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо эҳтироми самимонаи худро изҳор менамоям ва аз Худованд бароятон тансиҳатӣ ва сарбаландиро таманно дорам. Миллати мо имсол ҷашни 15-солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллиро бо роҳбарии Шумо қайд хоҳад кард, ки на танҳо саҳифаи дурахшон дар таърихи миллати мо, балки яке аз муваффақтарин таҷрибаҳои сулҳофаринӣ дар таърихи башарият мебошад. Пешопеш, Ҷаноби Шумо ва тамоми миллатро ба ин санаи таърихӣ муборакбод мегӯям.

Дар натиҷаи ин сулҳ, на танҳо миллат ва кишвар бори дигар эҳё гашт, балки ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеъаи мо танинандоз шуд, инчунин, ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо, ки бо сабабҳои гуногун дар ҳодисаҳои гузашта ширкат намуда буданд, бо ташаббуси бевоситаи Шумо, мавриди афв қарор гирифтанд.

Ҷаноби Президент!

Ҳоло ҳам садҳо шаҳрвандони кишвар, ки дар ин ҳодисаҳо ҳамчун размандагони Фронти халқӣ ё ИНОТ ширкат доштанд, бо сабаби мутобиқат накардани санадҳои афв ба амалҳои содиркардаи онҳо ё сабабҳои дигар, мавриди афв қарор нагирифтанд. Аксари ин шаҳрвандон қисми зиёди мӯҳлати ҷазоро сипарӣ намудаанд ва қисме солхӯрдаву бемор буда, ба ҷомеъа хатаре надоранд.

Ҷашни 15- солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллӣ беҳтарин ва муносибтарин фурсат барои афви ин шаҳрвандон ва ҳадяи идона ба ҳазорон падару модар ва фарзандон дар арафаи ин санаи таърихӣ мебошад. Шакке нест, ки ин амали хайр як саҳифаи навро дар корномаи сулҳофаринии Шумо ва хотираи неки миллат изофа хохад кард.

Аз муроҷиат ва дархости наздикони ин афрод бармеояд, ки ягона умеди онҳо танҳо ва танҳо Шумо мебошед ва боварӣ дорем, ки ин пешниҳоди холисонаи мо аз тарафи Ҷаноби Шумо мавриди қабул қарор хоҳад гирифт. Бо умеди қабули ин пешниҳод ва ба хотири осон гаштани кор, рӯйхати як қисми собиқ размандагони ИНОТ-ро, ки то ҳол маҳбус мебошанд, замима мегардонем. Бори дигар эҳтирому ихлоси самимонаи моро қабул фармоед.

Бо эҳтиром, Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ

Манбаъ: Сомонаи «Наҳзат»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi