03:01:58 16-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАРАЁНИ САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Рӯзи 15-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод.

/images/stories/2012/05/16_e-rahmon-16512-1.jpgБарои иштирок дар Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон дар қасри Кремл ҷамъ омаданд. Хотиррасон бояд намуд, ки ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон аъзоянд.

Дар иҷлосия, ки ба замони солгарди 20-уми ба имзо расидани Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рост омад, натиҷаҳои фаъолияти созмон дар ин солҳо ва вазифаҳои дурнамо баррасӣ шуд. Масоили вобаста ба авзои сиёсӣ дар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамгироии сиёсии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба таври муфассал баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, албатта ба идомаи корҳо барои ташкил додани нерӯҳои минтақавии ҳарбию амниятии созмон, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ, пурзӯр намудани ҳамоҳангии фаъолияти муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, кочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа ва бо ҷинояткории созмонёфтаи трансмиллӣ, зоҳир карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро нерӯи муҳимтарини амниятӣ дар минтақаи масъулияти он номида, таъкид дошт, ки «муттаҳидшавии дохилии созмон ва боло бурдани омодагии ҳарбии нерӯҳои он аз вазифаҳои умда дар марҳилаи кунунӣ мебошад».

Дар охири ҳамоиш Изҳороти муштараки сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расид. Худи ҳамон рӯз дар қасри Кремл, ҳамчунин мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо иштироки сарони ҳамаи кишварҳои он баргузор гардид. Зарурати тақвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи он аз ҷониби сарони ҳамаи давлатҳо таъкид гардид.

/images/stories/2012/05/16_e-rahmon-16512-2.jpgСарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои ҷоннок намудани фаъолияти он иҷрои босамари Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, Минтақаи савдои озод, Барномаи ҳадафманди байнидавлатӣ доир ба ҳамкории инноватсионӣ барои давраи то соли 2020, Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои то соли 2020 ва дигар санадҳо амри зарурӣ аст.

Дар ҳошияи ин ҳамоишҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти хосаи дуҷониба анҷом доданд. Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.

Владимир Путин аз ҳамкории иқтисодӣ ва ҳарбии Русияву Тоҷикистон ва робитаҳои судманди миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки имрӯз «70 субъекти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкории рушдёбанда доранд».

Эмомалӣ Раҳмон низ бо ёдоварӣ аз ҳамкории судбахши низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар изҳор дошт, ки «миёни Тоҷикистону Русия ягон масъалаи ҷиддии ҳалношуда вуҷуд надорад, чанд масъалаи ҳалталабе, ки ҳаст мо бо назардошти манофеи ҳарду ҷониб ҳаллу фасл менамоем». Ӯ ҳамчунин изҳор дошт: «Мо ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиамон дар кишвари худ эҳтиром мегузорем ва Русия низ ба манфиатҳои Тоҷикистон бояд ҳамин гуна муносибат дошта бошад».

Владимир Путин дар посух изҳор дошт, ки «маҳз ҳамин хел мешавад». Сарони ду давлат ба зердастони худ дастур доданд, ки барои муҳокимаи муфассали масоили ҳалталаб дар ояндаи наздик ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишварро баргузор намоянд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни ду кишвар зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ ва дигар захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон минбаъд боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Таҳким ва густариши ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла масоили дароз намудани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, дастгирии моддию техникии сохторҳои низомии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ, омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси низомӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии сиёсии Тоҷикистону Русия дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи андеша сурат гирифт. Бо ҳамин барномаи сафар ба поён расид ва шаби 15-ум ба 16-уми май Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав ба Ватан омад.

Сомонаи «Президент»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi