00:56:04 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАСМИМИ ЭРОН БА БУНЁДИ БЕМОРИСТОНҲО

Эрон дар садад аст дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе панҷ бемористон барои мудовои амрози мухталиф бунёд кунад. 

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, асри панҷшанбеи 10 сентябр ба хабарнигорон гуфтааст, ки ду бемористон бо сармояи давлати Эрон ва се бемористони дигар аз сӯйи бахши хусусии ин кишвар эҳдос хоҳанд шуд. Ин диплумоти эронӣ зарурати ин иқдомро ба ниёзҳои беҳдоштии тоҷикон марбут хонда ва гуфтааст, ки ҳар моҳ беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон барои мудово дар бемористонҳои Эрон аз сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе дархости визо мекунанд.

Оқои Шеърдӯст таъкид карда, ки давлати Эрон аз тариқи Созмони Ҳилоли Аҳмар ва Кумитаи имдоди Имом Хумайнии ин кишвар барои бемористоне муҷаҳҳаз бо анвоъи дастгоҳҳои лазерӣ барои ҷарроҳиҳои лазерӣ ва Маркази мудовои бемористон, ки дар шаҳри Душанбе бунёд мешавад, аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҷҳизоти мудерни пизишкӣ ва бемористонӣ ворид хоҳад кард.

Ҳамакнун сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо мақомоти шаҳрдории Душанбе дар мавриди маҳалли бунёди ин бемористонҳо гуфтугӯҳоеро анҷом дода ва дар назар аст дар зудтарин фурсат ин масъала ҳал шавад. Ҳамчунин, бино ба гуфтаи сафири Эрон дар Тоҷикистон, бахши хусусии ин кишвар дар садад аст дар шаҳри Душанбе бемористонҳо барои мудовои амрози чашм, мағзу аъсоб, сутунмӯҳра, пӯст ва ҷарроҳии плостикӣ эҳдос кунад.

Гуфта мешавад ба ин манзур гурӯҳе аз пизишкони эронӣ вориди шаҳри Душанбе шуда ва бо шароити маҳал ошно мешаванд ва ҷойҳоеро барои бунёди бемористонҳо интихоб мекунанд. Алиасғари Шеърдӯст гуфта, ки дар назар аст дар чанд моҳи оянда дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки Эрону Тоҷикистон барои тавлиди дору мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Зимнан, якшанбеи 6 сентябр нахустин бемористони муштараки ин ду кишвар бо номи Абуалӣ Ибни Сино дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, ки беморони қалб ва куля ё гурда дар он мудово хоҳанд шуд.

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар ин нишаст ба мавзӯъи тунели “Истиқлол” низ, ки дар ҳамкорӣ бо ин кишвар бунёд шудааст, дахл карда ва гуфтааст, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ ба шаш милюн дулор ҳазина ниёз ҳаст.

Ба гуфтаи оқои Шеърдӯст, ҳамакнун ҷониби Эрон ба ин манзур ба миқдори як милюн дулор кумаки билоъиваз ихтисос дода, аммо ба далели ихтилофи назарҳо дар мавриди шароити тахсиси вом барои ин бахш мушкили дарёфти маболиғи дигар ҳалли худро наёфтааст.

Тунели “Истиқлол”, ки манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо Душанбе, пойтахт, пайваст мекунад, аз сӯйи ширкати “Собир Интернешнл”-и Эрон эҳдос шуда ва моҳи июли соли 2006 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Аммо баъдан ба иллати ҷорӣ шудани об дар дохили тунел ин тарҳ ба таври комил фаъолият накарда ва корҳои сохтмонӣ ва тармим дар ин тарҳ идома ёфтааст. Дар аввали моҳи гузашта тунели “Истиқлол” бори дигар ба манзури анҷоми корҳои тармиму бозсозӣ барои се моҳ баста шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi