15:37:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ: "КАСЕ ГУНОҲ КАРД, ҶАЗОЯШРО МЕБИНАД"

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 22-юми май, ба баррасии қисме аз парвандаи Низомхон Ҷӯраев оғоз кард. Хабарнигори мо аз Ҷӯраев хост, дар шурӯи дар бораи бозгашти "ҳайратовар"-аш аз Русия ба Тоҷикистон нақл кунад.

/images/stories/2012/05/25_nizomkhon-juraev-25512.jpgНизомхон Ҷӯраев: "Инсон дар ҳар куҷое набошад, бо ёди ватан аст. Ватанро тарк карда наметавонад. Барои бозгаштан ба ватан ҳамеша талош мекардам. Бисёр мехостам, ки маро дуруст фаҳманд. Пеш аз бозгаштан ба ватан якчанд маротиба вақте дар маҳбаси Маскав будам, ба роҳбари давлат ва ба унвони директори Оҷонсии мубориза бо фасод Сайидов Фаттоҳ Ғоибович  нома навиштам. Дар ин номаҳо фақат тафтишоти дуруст ва воқеиро дар робита ба парвандаи худ хоҳиш кардам.

Гуфтам, агар Шумо тафтишоти холисонаро муҳайё кунед, меоям. Чунин ваъда аз ҷониби раиси Оҷонсӣ дода шуд. Он кас гуфтанд, ки ман кафолати тафтишоти беғаразонаи ту мешавам. Гуфтанд, ки ҳамаи далелҳоятро баён кун, санҷиш одилона сурат мегирад, вале агар гуноҳоят ошкор шуд, мешинӣ, ба гуноҳат ҷавоб мегӯӣ. Розӣ шудам ва вақте аз ҳабс озод шудам, рост ба Душанбе омадам. Адвокати маскавиам намехост, ки баргардам, вале худам ба натиҷае расидам, ки бояд бозгардам ва ҳамин тавр омадам."

-Шумо гуфтед, тавассути Хуҷанд ба Душанбе омадед, вале чун пештар гуфтед, ки модари пиратон як сабаби бозгашти Шумо шудааст, чаро ӯро як сари қадам надида худро мустақим таслими мақомот кардед?

-Дуруст мегӯед, чунин имкон вуҷуд дошт. Вале вақте хона рафтед, ҳамсояҳо, ҳамдеҳаҳо ҳар гуна гапу ҳарфҳо мекунанд. Аз тарафи дигар, чун ин ҳама сол таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштам, бо ниҳодҳои интизомии онҷо нофаҳмиҳо пеш омаданаш мумкин буд. Як милисаи қишлоқ дастгир мекард, ки як шармандагӣ мешуд. Дигар ин ки ман модарамро хоҳиш кардам, омаданд, дидам. Хуб, панҷ сол, ки тоқат карданд, як ҳафтаи дигар бардошт мекарданд.

-Дуруст аст, ки Шумо бо раисиҷумҳур баъд аз бозгашт сӯҳбат доштаед?

-Не, ин гапҳо воқеият надорад. Ман ҳарчи гапу ҳарфе доштам, бо директори Оҷонсии зидди фасод дар сӯҳбатҳо ошкоро гуфтам.

-Гуфта мешавад, ҳадафи алайҳи Шумо кори ҷиноятӣ оғоз кардан гирифтани корхонаҳои Шумо дар ноҳияи Исфара буд...

-Не, не. Бовар кунед ин гапҳо ягонтоаш асос надорад. Корхонаҳое, ки дар зери назорати ман буд, ҳоло қариб, ки ягонтоаш кор намекунад. Аксарияти коргарҳо ба Русия ва дигар ҷойҳо рафтанд. Агар корхонаҳои ман лозим мебуд, онҳоро кор фармуда имрӯз ҳамаашро мегирифтанд. Қариб се, севуним ҳазор одам кор мекард, ҳоло бошад сесад ё чорсад коргар мондаасту халос.

-Ҳоло Шумо фикр доред, озод мешаведу дубора корхонаҳоятонро гардон мекунед?

-Албатта, умед дорам. Умед дорам, он камбудиҳое, ки нисбати ман дар рафти тафтишот пайдо мекунанд, вобаста ба онҳо ҷазоямро мегирам, вале агар баъд аз он  қарор шавад, ки ман озод ва корхонаҳо баргардонида мешаванд, онҳоро гардон мекунам. Ман мутахассис ҳастам, ин корҳо бароям мушкилие надорад.

-Гуфта мешавад, барои он ба Шумо имкони бозгашт дода шудааст, ки алайҳи чанде аз мансабдорҳо далелҳо дошта бошанд. Баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки имкон дорад, дар робита ба тафтишоти кори Шумо Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Шерхон Салимзода, додситони кулл ва Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" пурсида шаванд...

-Ин гапҳо беасосанд. Дар назди ман Оҷонсии мубориза бо фасод, бовар кунед, ягон шарту шароит намондаанд. Чи ҳолате, ки дар парванда ҳаст, ҳамон тафтиш мешавад. Бо Қосим Қосимов ман ҳамкорӣ кардаам, ба он кас шогирд мешавам. Бо дигарҳо ҳам ҳамин тавр. Онҳоро ҳурмат мекунам. Бо онҳо ягон хусумат надорам. Ягон ҷинояти сахте ҳам содир накардаам, ки нисбати онҳо кадом нишондод диҳам. Умуман номи онҳо нест. Албатта, инҳо сирри тафтишот аст. Вале ба Шумо бояд бигӯям, ки номи ин одамон дар инҷо нест.

-Хабарҳои дигар ҳаст, ки бо Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасод Шумо дар Маскав мулоқот доштаед ва дар онҷо кафолати расидагии дурусти парвандаатонро гирифтаед.

-Кадом мулоқоти рӯбарӯ надоштам. Аммо  тавассути нома алоқа пайдо карда будем.

-Дуруст аст, ки як сабаби тарки ватан кардани Шумо таҳдидҳо аз тарафи Маҳмадназар Солеҳов, вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон буд?

-Бале, чунин буд. Аммо ин сирри тафтишот аст. Зиёд гуфта наметавонам. Ҳамаи ҳолатҳое, ки ман гуфтам, ҳоло санҷида истодаанд. Вале чун он одам вафот кардааст, ҳоло касе чизе медонад, гуфта истодааст. Лекин ҳақиқатан ҳам, аз дасти ҳамон одам рафта будам.

-Гуфта мешавад он одам нияти раисиҷумҳуршавӣ дошта ва аз Шумо маблағ талаб карда будааст...

-Аз мақсадҳои он одам ман чизе намедонистам. Барои онки бо ман сӯҳбат надошт ва чизе дар ин бобат намедонам.

-Мегӯянд, ки Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон шуморо писархонд хонда ва барои пешравии тиҷорати Шумо ёрдам кардааст...

-Ин гап нодуруст аст. Ман ҳамин хел шинос будам, дигар чизе нест. Барои ягон кор, барои бартараф кардани ягон мушкилот ман ба он одам муроҷиат накардаам ва наздашон нарафтаам. Дигар инки ба ягон кори ман он кас пушту паноҳӣ накардаанд. Ин гапҳо, бовар кунед, гапи мардум аст. Он кас прокурори генералӣ буданд ва чунин гапҳоро намезаданд ва баъд аз гуреза шудани ман боз се соли дигар дар ин мақом кор карданд.

-Баъзеҳо бар ин назаранд, ки Низомхон наметавонад ҳамаи ҳақиқати корашро ошкор кунад ва ончиро ки медонад, бо мақомот дар миён гузорад...

-Ҳоло ҳар чизеро, ки мегӯям тафтиш карда истодаанд. Ҳар нафаре гунаҳкор аст ва гуноҳаш исбот шавад, ҷазои худашро мегирад. Хоҳиш мекунам, давоми ин суол дигар ба тафтишот марбут аст, чизе гуфта наметавонам.

-Пештар эълон шуд, ки Шумо тақрибан чиҳил миллион сомонӣ ба давлат зарар расонидаед...

-Ин рақам аз тафтишоти пешина аст. Ҳозир аз сари нав санҷиш гузаронида истодаанд. Муайян мекунанд, ки чанд аст. Вале хеле кам шуд. Якчанд маротиба ин рақам кам шудааст. Барои он ки он давр тамоман ноҳақ ҳисобу китоб карда шудааст. Ин маблағҳои эълоншуда комилан нодуруст аст.

Барои он ки ман аз ягон бонкҳо қарздор нестам ва дигар инки зери назорати ман корхонаи давлатӣ ва моли давлатӣ набуд. Фақат корхонаи кимиёвӣ, ки он ҳам 60 дарсади саҳмияҳо давлатӣ ва бақия хусусӣ буд. Барои ҳамин, он айбҳое, ки дуздии давлатӣ ва моликияти давлатӣ ё зарар ба давлат монда буданд, асос надорад. Пинҳон кардани андозҳо ва баъзе ҳолатҳои қочоқ ҳаст, дигар ягон айб надорам.

-Ин чанд соле, ки дар хориҷ будед, чи кор мекардед, ба тиҷорат машғул будед?

-Се сол дар Дубай зиндагӣ кардам, дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва баъд ду сол дар маҳбаси Русия ба сар бурдам.

-Дар бораи дороиҳои Шумо ҳам сару садоҳо зиёд аст. Шумор як шахси хеле сарватманд меҳисобанд...

Бовар кунед, ҳоло ҳисоби амволамро намедонам. Лекин то ҳоли ҳозир ман се миллион сомонӣ бештар пул барои барқарор кардани камбудиҳо ба буҷаи давлатро супоридам, вале агар ҳисобу китоб аз ин зиёд шавад боз месупорам. Худам чӣ қадар сарват дорам, бовар кунед, ҳисоб накардам. Ҳол онҳо аз ман нест, ҳеҷ чиз гуфта наметавонам.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi