04:32:08 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

АФВИ ШӮҲРАТ ШОДИЕВ ДАР ӮЗБАКИСТОН

Шӯҳрат Шодиев, хабарнигори тоҷик, ки тайи як моҳи ахир аз сӯйи маъмурони гумруки Ӯзбакистон боздошт шуда буд, бар асоси Қонуни афви ин кишвар, ки дар робита бо рӯзи истиқлоли Ӯзбакистон эълом шуд, маъоф шуда ва ба Тоҷикистон баргаштааст.

Оқои Шодиев пештар муддате дар хабаргузории "Осиё-плас" ва баъдан барои сойти хабаргузории "Фергана.ру" кор мекард. Дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ оқои Шодиев дар бораи ҷузъиёти боздошт ва буду боши худ дар боздоштгоҳи Ӯзбакистон иттилоъоте ироа дод. Чӣ сабаб шуд, ки маъмурони гумруки Ӯзбакистон Шуморо боздошт кунанд? Тобистони соли ҷорӣ ман барои ширкат дар маросими арӯсии фарзанди як дӯсти чечени худ озими ҷумҳурии Чеченистони Русия шудам.

Ва ҳатто қасд доштам дар он ҷо барои худ шуғле пайдо кунам. Ба ин далел, бархе аз матолиби худро, ки дар расонаҳои Тоҷикистон мунташир шуда буданд, ҳамроҳи худ гирифта будам.

Вале боз ҳам тасмим шуд, ки ба Тоҷикистон баргардам. Вақте ки дар шаҳри Волгогради Русия будам, дӯстонам аз Чеченистон ба ман занг заданд ва хоҳиш карданд, ки барои анҷоми коре дубора ба шаҳри Грозний баргардам. Ба ҳамин далел, тасмим гирифтам боғоҷи худро аз тариқи қатор ба Душанбе фиристам. Маъмурони гумрук дар истгоҳи қатори Волгоград боғоҷи маро гирифтанд.

Ман худ ба Грозний баргаштам ва баъд аз анҷоми кор тасмим гирифтам аз тариқи Доғистон ва Озрабойҷон ба Туркманистон равам ва дар он ҷо ба қатори худ бирасам. Вале натавонистам визои Туркманистонро ба даст оварам ва ба ин далел ба Қазоқистон рафтам ва аз он ҷо ба қатори дигаре дар масири Маскав-Душанбе нишастам.

Вақте ки 5 август ба постгоҳи марзии Бенау дар марзи миёни Қазоқистон ва Ӯзбакистон расидем, маъмурони гумруки Ӯзбакистон маро боздошт карданд.


Барои ин кор онҳо чи далеле ироа карданд?

Онҳо гуфтанд, ки ду рӯз пеш аз қатори Маскав-Душанбе боғоҷи маро мусодира кардаанд ва ҳамчунин раҳбаладони он вогун низ боздошт шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар дохили боғоҷи ман адабиёти мазҳабии ифротӣ ва силоҳ пайдо шудааст. Воқеъият ин аст, ки ҳануз дар Русия барои писарчаам бозича, яъне туфангчаи ҳавоӣ харидорӣ карда будам, ки дохили боғоҷам буд. Ҳамчунин, нусхаи китоби “Қуръон” ба забони русӣ ва китоби “Таърихи миллатҳои Қафқоз” ва чанд СD бо оҳангҳои чечениву ингушӣ доштам.

Вале муҳим ин набуд. Ман риш доштам ва ба бовари маъмурони амниятии Ӯзбакистон, ба терурист шабеҳ будам. Маро муддати як шаб дар посгоҳи Бенау нигоҳ доштанд ва рӯзи дигар ба шаҳраки Қунғуроти ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистони Ӯзбакистон интиқол доданд. Дар он ҷо маро дар як воҳиди низомӣ нигаҳ медоштанд ва ман ба нишони эътироз гуруснанишинӣ эълом кардам.

Эътироз аз чӣ?

Эътироз аз он ки ман намедонистам чаро маро боздошт карданд? Зеро ба ман нахуст гуфтанд, ки мехоҳанд боғоҷи маро нишон диҳанд ва ба ин далел маро ба шаҳри Қунғурот оварданд. Баъд аз ду рӯз маро озод карданд ва ман тавонистам дар манзили як сокини ин шаҳр ҳамроҳи он ду раҳбалади вогуни қатори тоҷикистонӣ зиндагӣ кунам. Зимнан, онҳоро баъд аз омадани ман озод карданд ва ин ду нафар тавонистанд ба ватан баргарданд.

Вале маро ба шаҳри Нуқус, маркази ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон, бурданд ва бо мусаввабаи додгоҳ ба боздоштгоҳ интиқол доданд. Дар мусаввабаи додгоҳ омада буд, ки ман "ҷинояткори хатарнок" ҳастам ва озод будани ман барои амнияти Ӯзбакистон хатар эҷод мекунад. Дар боздоштгоҳ чанд дафъа мавриди зарбу шатми кормандони пулис қарор гирифтам ва чунон рӯҳафтода шудам, ки даст ба худкушӣ задам. Вале муваффақ нашудам.

Баъд аз ин, таҳқиқи парвандаи ҷиноии ман каме сареътар сурат гирифт. Бозрасон гуфтанд, ки адабиёти исломӣ ва бозичае, ки барои писарчаам харидорӣ карда будам, барои амнияти кишварашон ҳеч хатаре надоштааст.

Вале оҳангҳое, ки дар СD сабт шуда буданд, мазмуни ифротгароӣ дошта ва дар онҳо даъват ба тағйири низом дар Ӯзбакистон вуҷуд доштааст. Дар ҳоле, ки дар СD оҳангҳои овозхонони чечен ва ингуш буданд, ки дар бархе аз онҳо сураҳои Қуръон низ қироъат мешуданд.


Оё барои чунин иддаъо бозрасон далоиле дар даст доштанд?

Онҳо ин СD-ро барои ташхис ба Тошканд фиристоданд ва аз он ҷо гӯё чунин посухе дарёфт карданд. Вале то ташхиси ин СD ман ночор будам тақрибан муддати як моҳ дар бодоштгоҳ ба сар барам. Дар ҷараёни бозпурсиҳо аз ман маъмулан дар бораи вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон суол мекарданд, на дар бораи ин адабиёт ва бозича. Вақте мегуфтам, ки вазъият дар Тоҷикистон дар муқоиса бо Ӯзбакуистон бамаротиб беҳтар аст, хеле нороҳат мешуданд.

Вазъам бад шуд ва ҳатто ду даъфа маро ба бемористон интиқол доданд, зеро дар кори қалбам мушкиле мушоҳида мешуд. Вале хадамоти беҳдоштӣ хуб набуд ва дарди ман мудово нашуд. Вакили мудофеъе, ки ба ман аз сӯйи додгоҳ таъйин шуда буд, аз нафарони наздик ба додситонӣ буд ва ӯ дифоъи маро бо дарназардошти хостаҳои додситон анҷом медод.

Тибқи моддаи 246-и қонуни ҷиноии Ӯзбакистон барои қочоқ маро метавонистанд то ба панҷ сол равонаи зиндон кунанд. Вале дар авохири моҳи август порлумони Ӯзбакистон ба манзури таҷлил аз рӯзи истиқлоли ин кишвар қонуни афверо тасвиб кард ва бар асоси он ман озод шудам ва ба ватан баргаштам.

Мавзӯъи боздошти Шумо дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон ва минтақа бозтоби густарда дошт. Оё аз сӯйи давлати Тоҷикистон низ ҳеч вокунише дар ин замина шуд? Чанд рӯз, ки дар шаҳрҳои Нуқус ва Қунғарот дар озодӣ будам, масъулони сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд бо ман телефунӣ тамос доштанд. Эҳсос мешуд, ки онҳо дар заминаи озодии ман талошҳое ба харҷ додаанд.

Сипас телефуни ҳамроҳи ман мусодира шуд ва тамос миёни мо қатъ шуд. Зимнан, бархе аз либосҳо, маболиғ ва боғоҷи ман аз сӯйи маъмурони пулиси ин кишвар дуздида шуданд. Ҳатто асноде, ки ман дар бораи қазияи худ дар Ӯзбакистон гирд оварда будам, низ дуздида шуданд. Аз ҳарфҳои Шумо чунин бармеояд, ки мақомоти Ӯзбакистон то охир ҷурми Шуморо собит накардаанд, вале бо ин вуҷуд ба қочоқ муттаҳам шудаед. Ҳоло чӣ ҳадафе доред? Оё мехоҳед бегуноҳии худро аз роҳҳои дигаре собит созед?

Оре. Мехостам ба сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон биравам ва таҳқиқи ин ҳодисаро тақозо кунам. Вале машваратам доданд, ки ин корро бояд аз тариқи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон анҷом бидиҳам. Хеле мехоҳам, ки маъмурони гумруки Ӯзбакистон, ки дар қазияи ман даст доштанд, муҳокима шаванд. Зеро, ба натиҷае расидам, ки куллияи ҳуқуқи ман дар ин кишвар нақз шуда буд.

Гузашта аз ин, хисороти рӯҳие, ки ба ман ворид шуд, қобили арзёбӣ ҳам нест. Вақте ба онҳо гуфтам, ки боғоҷи маро нобуд насозанд, зеро ман онҳоро ҳатман бозпас мегирам, қозии додгоҳ гуфт, ки "онҳо ҳама оташ зада мешаванд, зеро онҳо шавоҳиди моддӣ ҳастанд." Пурсидам, ки магар китоби “Қуръон”, ки ба забони русӣ буд, низ оташ зада мешавад, гуфт "бале, фарқе надорад". Ман ки худро шахси мазҳабӣ медонам, шунидани ин суханҳо бароям сангин буд.

Искандари Фирӯз,
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi