22:11:21 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУҶТАҲИД ШАБИСТАРӢ: «МАН ҲАМ ЭРОНӢ ВА ҲАМ ТОҶИКАМ» - 1

Султони Ҳамад

Мусоҳибае, ки ҳамакнун пешкаши шумо, муштариёни гиромӣ, мегардад, расо панҷ сол муқаддам, яъне соли 2007 дар ҶИЭ ба вуқӯъ пайваста буд. Як қисмате аз ин мусоҳиба моҳи июни худи ҳамон сол дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба нашр расид. Аммо он замон имконияти аз мӯҳтавои он бархурдор кардани муштариёни гиромии шабакаи ҷаҳонии Интернетро надоштем.

/images/stories/2012/06/12_shabistari-12612-1.jpgЧун дар мусоҳиба бо аввалин дипломатии хориҷӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, нахустин сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон ҷаноби оқои  Муҷтаҳиди Шабистарӣ бори аввал масъалаҳои муҳими ҷангу сулҳи байни тоҷикон ва нақши ҶИЭ дар истиқрори сулҳу субот дар кишвари мо матраҳ шудаанд, ки қобили андеша ва мулоҳизаи амиқ мебошанд, мо лозим донистем, ки шакли пурраи онро дар арафаи 15-умин солгарди рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон, манзури алоқамандони ин мавзӯъ бигардонем.

-Ҷаноби оқои Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони нахустин кишвари дунё сафорати хешро дар Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида боз намуду шумо ба унвони аввалин дипломати хориҷӣ ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардед. Мутаассифона, он замон  Тоҷикистон даврони пуризтироберо аз сар мегузаронд. Ҳамон вақт шумо  оё эҳсос мекардед, ки кишвари моро ҳаводиси  фоҷиаборе интизор аст?

- Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Аввалан хушомад мегӯям, хидмати Шумо,  бародари азизам, ки ташриф овардед ва фурсати боз ҳам ба ёди Тоҷикистони азиз, намехоҳам  бигӯям Ватани дуввумам, чунки барои ман Эрону Тоҷикистон як Ватан талаққӣ мешаванд, фурӯ рафтанро овардед. Аз ибтидо бояд бигӯям, ки ман худамро ҳам эронӣ медонам ва ҳам тоҷик. Ҳамон тавре, ки шумо ишора кардед, ман ба унвони аввалин дипломат вориди Тоҷикистон шудам. Сафорати Эрон аввалин сафорате буд, ки дар Тоҷикистон бино гузошта шуд. Алъон ҳам агар шумораи мошинҳо – утумубилҳои моро дар Тоҷикистон бубинед, ду сифр як ҳаст.

Шояд Эрон  дар ҳеҷ ҷои дунё чунин утумубилҳои ду сифр якро надорад. Ҳоло шояд утумубилҳои 0050, 0010 ҳаст, вале 001 нест. Дар Тоҷикистон мо бояд 001 мешудем ва алҳамдулиллоҳ, ки шудем. Чун наздиктарин кишваре, ки дар Тоҷикистон метавонист сафорат дошта бошад, Эрон буд, ки алҳамдулиллоҳ мо ба ин саодат ноил шудем. Ва боз ҳам мояи ифтихори ман ҳаст, ки қуръаи бахт ба номи ман фитоду дар ҳақиқат, ман аввалин сафир шудаму онҷо ва ҳақиқатан ҳам ҳалқаи васл шудем.

Чунки он ҳалқаҳои гусастаеро, ки солҳои сол, метавон гуфт, ки садсолаҳо мутаассифона, моро аз ҳам  дур андохта буд, ҳоло метавонистем бипайвандем. Аниқтараш як пуле бошем, пули иртиботӣ, ки ишқи тоҷиконро ба Эрон бирасонем. Кори бисёр сангине буд. Воқеият ин аст, ки ман ҳар лаҳза аз Худованд мехостам, «Худовандо, маро дар ин маъмуриятам муваффақ бигардон».  Кори осон набуд. Ман ба дӯстони наздикам борҳо  гуфтаам, ки  дар 66 ё 67 кишвари хориҷ дар маъмурият будам. Аммо Тоҷикистон чизи дигар аст.

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон воқеият ин аст, ки шароити комилан истисноӣ дорад. Дар айни ҳол ҳам саҳл аст ва ҳам мумтанеъ. Ба ин маънӣ, ки шумо дар як кишвари ҳамзабон, ҳамтаърих, ҳамфарҳанг, ҳамдин ҳастед ва кор нозукиҳое дорад, ки онҳо бояд риоя бишаванд. Онҷо дигар ҷое нест, ки биравед дар утоқи худатон бишинед, дарро бибандед, бигӯед ки ман сафир ҳастам. Ин чизҳо барои Тоҷикистон қобили иҷро нест. Ин ҳам ба эътиқоди банда, албатта.

Ҳоло шояд дӯстони дигар назари дигар дошта бошанд. Ман дар Тоҷикистон эҳсос намекардам, ки биравам дар тахти  оҷ бишинаму худамро аз мардум ҷудо бикунам. Ва ҳамеша эҳсос мекардам, ки дар байни мардум будан барои ман хеле беҳтару лаззатбахштар буд. Тамоми хастагиҳои ман ба ҳамин нишастанҳо, шеър хонданҳову ба қавли шумо «чақ-чақ» карданҳо аз байн мерафт.

Ва алъон ҳам агар аз ман касе бипурсад, ки кадом маъмурият бароят хеле аҳамият дошт, муҳим буд ва аз ин бобат ширин буд, албатта хоҳам гуфт, ки Тоҷикистон. Ҳоло метавонанд бигӯянд, ки чӣ гуна, охир онҷо ҷанг буд? Бале, чунин буд. Вале ман бо дӯстон будам. Миёни дӯстон будан ба назари ман хеле арзиш дорад. Аммо шумо беҳтар медонед, ки он рӯзҳо пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ихтилофот байни тарафайн побарҷо буд ва мешавад гуфт, ки шароит обистани ҳаводис буд.

Шумо дидед, ки дар ҳамон Наврӯзи  наваду дуюм сол, ҳамон мушкилоте, ки барои Навҷавонуф пеш омад, иштибоҳоте, ки оғои Кенҷаев карданд, ҳарфҳое, ки эшон дар мавридашон заданд ва ҷавонон омаданд майдон. Тадбире, ки лозим буд, татбиқ нашуд. Ин сабаб шуд, ки дар ҳақиқат, баъди чанд рӯз гурӯҳҳо ва ҳизбҳову созмонҳо мулҳақ бишаванд ва он тазоҳурот дар майдони Шаҳидон анҷом бишавад.

-Воқеъан, ширкаткунандагони тазоҳуроти  майдони Шаҳидон гоҳ- гоҳ дар суханрониҳои худ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон  ва раҳбари фақиди он Имом Хумайнӣ ёд мекарданд ва ин суханҳо боиси паҳн шудани овозаҳое мегардид, ки гӯё ҶИЭ дар ташкили ин тазоҳурот даст дорад. Шумо дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

-Хуб, ман  дар ҳамин ҷо бояд як чизро  ишора кунам, шояд бад набошад. Ин ҷузъи ногуфтаҳоест, ки бояд бигӯям.  Чун явош-явош понздаҳ сол гузашта.

Дар ҳамон рӯзҳо, агар ёдатон бошад, тазоҳуркунандагони Шаҳидон дар листи дархостҳои худ аз ҳукумат ҳар рӯз чизеро изофа мекарданд. Мо дидем, ки дар ҳамон лист изофа карданд, ки узрхоҳӣ аз Эрон ба хотири гардондани ҳавопаймои оқои Муҳоҷиронӣ. Воқеият ин буд, ки он чи, ки дар Тоҷикистон иттифоқ уфтод, як моҷарое буд, ки комилан худҷӯшу дохилӣ, иртиботе ба ҳеҷ кишваре надошт. Эрон ба ин нерӯҳо ҳеҷ иртиботе надошт.

На Эрон дар онҷо ҳузур дошт ва на кишвари дигар. Ба ҳар ҳол як миқдор нигарон будам, ки ин ҳаракати худҷӯши тоҷикон мехоҳад, ки бо ин тарз аз Эрон узрхоҳӣ бишавад. Ин сабаб мешуд, ки бигӯянд: «Ҳо, ҷон, Эрон дахолат дорад,  дар ҳақиқат даст дорад». Чун ман шахси шинохта будам, вориди майдон шудани ман кори осон набуд. Аз ин рӯ яке аз шабҳо, нисфи шаб рафтам ва яке аз роҳбарони оппозитсионро дидам ва барояш гуфтам: -Бародари азиз, ин кор на ба нафъи шумост ва на ба нафъи мо.

Гуфт:

-На, ин беҳурматӣ ба шумо шуд.

Гуфтам:

-Агар беҳурматӣ шуд мо бо каналҳои  дипломатӣ вориди музокира мешавем  ва масъаларо  билохира бо ҳукумат худамон  ҳал мекунем. Аммо шумо коре кардед, ки фардо хабаргузориҳои хориҷӣ моро метавонанд муттаҳам созанд, ки мо ба корҳои Тоҷикистон дахолат мекунем. Маълум аст, ки ихтилофоти шумо қабл аз ба Тоҷикистон омадани мо буруз карда буданд. Баъдан дар даврони интихоботи Раиси ҷумҳур шиддат гирифтанд.

Мо ба  корҳои дохилии шумо коре надорем. Бинобар ин талаботи узрхоҳӣ аз Эронро бардоред. Хушбахтона, дӯстон ин хоҳиши моро қабул карданд ва фардояш он дархости узрхоҳӣ аз Эронро бардоштанд. Аммо мутаассифона, достонҳои майдони Шаҳидон идома пайдо карданд. Музокироте доир шуд ва давлат ба як чизе қонеъ шуд. Рӯзи дигаре, ки гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» хатм шуд, гурӯҳи дигар ба майдони «Озодӣ» омад. Масоили дигаре иттифоқ уфтод ва ниҳоятан мо даргириҳоеро дидему кушторҳоеро, ки бароямон асафовар буд.

- Бале, мутаассифона, аввалҳои моҳи маи соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Ва аммо нахустин иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои қатъи ин ҷанги бародаркуш чӣ гуна буд?

/images/stories/2012/06/12_shabistari-12612-2.jpg

-Ҳамон моҳи май раиси ҷумҳури Эрон Ҳошимии Рафсанҷонӣ рафта буданд ба Туркманистон ва аз он ҷо телефон карданд ба оқои Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълом доштанд, ки агар мо кореро дар қатъи ин даргириҳо метавонем бикунем, мо омода ҳастем, ки ба Тоҷикистон дар ин кор кӯмак кунем, зеро амну суботи Тоҷикистон барои минтақа хеле муҳим аст. Ин мисол аз он шаҳодат медиҳад, ки ҶИЭ аз ибтидо дар фикри ин нияти хайр будааст.

Ва ман ҳамчун сафири ин кишвар, ки дар хатти аввали ҷабҳа, яъне аз дигарон бештар ба воқеият наздик будам, дунболи ин сиёсат будам. Шояд як миқдор изофатар аз он чи, ки давлати Эрон  аз ман мехост, ба унвони касе, ки эҳсос мекард, ки бояд кореро анҷом бидиҳад, ки бародаркушӣ камтар бишавад, фаъолият низ кардаам. Шояд сафирони дигар кишварҳо  ин эҳсосотро надоштанд, зеро онҳо аз як хуну аз як таъриху аз як фарҳанг набуданд.

Ва  касе аз онҳо ин интизорро низ надошт. Вале воқеият ин аст, ки ғами тоҷикон ғами ман буд ва шодии тоҷикон шодии ман. Кӯшишҳои зиёде ман дар ҳамон рӯзҳо дар суханрониҳо, дар як ду эъломияҳое, ки аз номи сафорат додам, барои наздик кардани  мавқеи тарафҳо, таҷассум ёфта буд. Сайъи ман дар мулоқотҳои хусусӣ ва дар мулоқотҳои алоҳида бар ин буд, ки иншоаллоҳ битавонем тарафҳоро ба ҳам наздик кунем. Вале мутаассифона, ҷанг билохира шурӯъ шуд.

Минтақаи Кӯлоб дар муҳосираи  иқтисодӣ қарор дошт. Ман аз рӯи сиёсати бо як дид нигоҳ кардан ба ҳамаи тоҷикҳо, чи дар Хуҷанд бошанду чи дар Кӯлобу чи дар Рашту Ҳисору Бадахшон, чи дар ҳизби наҳзати исломӣ бошанду чи дар ҳизби демократ ва чи дар давлат, амал карда, кӯшиши зиёд кардам, ки ба Кӯлоб кӯмак бирасонам. Бо оғои Эмомалии Раҳмон, ки он мавқеъ волии Кӯлоб буданд, тамос гирифтам ва  телефонӣ сӯҳбате доштам. Эшон бар асоси ахборе, ки барояш расида буд (он замон, ахборро бештар аз телевизионҳои Русия ва Ӯзбекистон мегирифтанд), нуқтаи назарашон бар алайҳи мо буд, ки Эрон бар оппозитсия кӯмак кард, силоҳ овард ва ғайраву ҳоказо.

Ман ба оқои Раҳмон гуфтам, ки ин гапҳо асоси воқеӣ надоранд, қувваҳое мехоҳанд байни мову шумо душманӣ бияндозанд. Хулоса, мо ризоият гирифтем, ки барои мардуми Кӯлоб орд бифиристем. Қиссаи фиристодани орд ҳам як достон аст. Бачаҳое, ки дар Душанбе буданд, он рӯзҳо тунду тез буданд, ҷавон буданд ва онҳо мамониат карданд. Мо баъди нисфи шаб кормандони худро фиристодем, ордҳоро ба дӯши худашон гирифта бурданд ба аэропорт. Рӯзи дигар  онҳоро тавассути се ҳавопаймо ба Кӯлоб фиристодем. Дар ҳамон замон баъзеҳо кори моро фаҳмидан намехостанд. Ман ба онҳо мефаҳмондам, ки барои ҶИЭ кӯлобӣ ҳам тоҷик аст, оне, ки  дар Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор ва ё Бадахшон зиндагӣ мекунад, он ҳам тоҷик аст. Онҳо ҳама барои мо як ҳастанд ва аз якдигар фарқ намекунанд.

Баъд аз ин дар Хуҷанд Иҷлосияи Шӯрои Олӣ шуд. Оқои Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд ва омаданд дар Душанбе мустақар шуданд. Дар рӯзи иди миллии мо он кас бо тамоми кобинааш ба зиёфати мо ташриф оварданд. Дар ҳеҷ ҷои дунё иттифоқ намеафтад, ки ҳамаи кабинаи як давлат ба зиёфати рӯзи миллии як кишвар ташриф биёранд. Ин иқдоми оқои Раҳмонов нишонгари он буд, ки онҳо ҳам ба сафири ҶИЭ лутф доранд ва ҳам ба худи ҶИЭ. Ин зиёфат дар бӯстонсарои ҳукуматӣ доир шуда буд.

Баъд аз он ,ки як пиёла чой хӯрданд, оқои Раҳмонов аз ҷой хеста гуфтанд, ки «ман аз ҷаноби сафири ҶИЭ узр пурсиданӣ ҳастам». Ин шаҳомати ҷаноби оқои Раҳмоновро нишон медод. Ҷаноби оқои Раҳмонов он сӯҳбати телефониро ба ёд оварда гуфтанд, ки «замоне, ки бо ман гап мезад, ман бо тундӣ бо ӯ сӯҳбат кардам. Баъдан самимияти ин касро дарк кардам. Имрӯз ман аз ин одам узр мепурсам». Дар ин робита боз як чизи дигар ба ёдам мерасад.

Дар иҷлосияи Хуҷанд яке аз вакилон нисбати ҶИЭ суханҳои тунду тезе гуфт ва беэҳтиромӣ кард. Ман бо  сабру ҳавсала муносибат кардам ба ин гуфтаҳо. Ман метавонистам ин чизро саривақт ба Теҳрон бирасонам ва бигӯям, ки «оқо, дар Тоҷикистон ин гуна гапҳо ҳаст». Вале ин корро накардам. Рӯзи дигар оқои Муҳаммадҷон Осимӣ, Худо раҳматаш кунад, ба иттифоқи оқои Мӯъмин Қаноат ба назди ман даромаданд. Онҳо аз Хуҷанд омада буданд, саросема омада буданд ва гуфтанд:

-Дина ҳамчунин гапҳое шуд, мо омадем ба шумо гӯем, ки шумо ба дил нагиред. Ин гапҳо мегузаранд, шумо хафа нашавед, аз шумо узр пурсон ҳастем. Хоҳиш мекунем, ки ин гапҳоро ба пойтахти худатон мунтақил накунед, ки онҳо баргарданд ва бар алайҳи ин гапҳои тезу тунд сӯҳбат кунанд. Ман гуфтам, ки «на, иттифоқан, худи ман ҳам ҳаминро сайъ доштам, ки оромаш кунам. Чун ба ҳар ҳол шароити Тоҷикистон шароити хеле сахт аст.

Бар алайҳи мо хеле гапҳо ҳаст ва мушкилоти зиёде, ки ба ҳар ҳол медонед». Ва шояд боз инро ҳам ишора кунам, ки дар ҳамон моҳи октябри соли 1992 - ум, ки бар Душанбе ҳамла шуд, шумо ба ёдатон ҳаст, ки ҳамаи сафоратхонаҳо маҷбур шуданд, ки бираванд. Ҳатто бархе аз мардуми Душанбе ҳам рафтанд. Бисёр касон назди ман даромаданд, ки ман ҳам равам. Ман гуфтам:

-Барои ман бисёр сангин аст аз  хонаи худам равам. Агар иддаъо мекунам, ки ин хонаи ман асту ин ҷо бародарону хоҳарони мананд, ҳар балое, ки  сари онҳо омад, сари ман ҳам меояд, ҳеҷ мушкил нест. Ва инсон мехоҳад намехоҳад  якбор мемирад. Дар болои кӯҳ ҳам бошад мемирад, дар рахти хоби худаш ҳам бошад, мемирад. Марг якбор ҳаст. Худо ҳам ҳар вақт, ки хост, одамро мебарад. Барои ман нанг хоҳад буд, ки ман Тоҷикистонро тарк кунам, дар фикри роҳати худам бошам. Албатта хелеҳо гуфтанд, ки на, шумо дипломатед.

Гуфтам: «Дипломатӣ ба роҳи худаш, аммо инҷо Ватани ман ҳаст. Ин ҷо ҷое ҳаст, ки Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Ин ҷо Хуросони бузург аст. Ва ҳар балое, ки сари дӯстон омад, сари ман ҳам биёяд. Ҳамон ҷо истодем ва агар ба ёди шумо бошад, дар ҷанги Душанбе бисёриҳо кушта шуданд. Аммо ман дар ҳамон ҷо медонистам, ки ба Шабистарӣ чизе намешавад. Шабистариро ҳама мешинохтанд. Ҳоло агар телевизиони Маскав ва телевизиони Ӯзбакистон он мавқеъ, ҳар гапи тунд бар алайҳи мо мезаданд, ман медонистам, ки хушбахтона, дар дили мардум мо ҷо дорем. Ба ҳар ҳол мо мондем ва достонҳои дигар иттифоқ уфтоданд.

Бархе аз кишварҳо алоқаманд буданд, ки сафорати Эрон баста шавад, робитаи Эрон канда шавад. Аммо хушбахтона, ҳамин мондани мо дар Душанбе ва нишон додани ин, ки ягон чизе байни мо нест, ягон силоҳе мо ба оппозитсия надодем, ба манфиати кор шуд. Охир, мо медонистем, ки додани силоҳ ба оппозитсия ин ҳамрадифи кушта шудани боз як тоҷики дигар аст. Баробари ин аст, ки ҷанг бошаду бештар идома кунад.

Бинобар ин вақте инҳо собит шуд, мардум явош-явош ба ин эътиқод расиданд ва ҳам давлат фаҳмид, ки мо дунболи ин ҳастем, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бишавад. Шумо ёдатон бошад, вақте, ки ҳукумат вориди Душанбе шуд, як теъдоде гуреза шуданд, як теъдоде вориди Эрон шуданд, як теъдоде Афғонистон рафтанд, ки ҷанг моҳҳо тӯл кашид. Ман бо вазири корҳои хориҷаи вақти Тоҷикистон дар ин бора  гап задам.

Ҳар дафъа, ки медидем, билохира дӯстам буд, рафиқам буд, ба ӯ мегуфтам, ки мо бояд корҳоеро шурӯъ кунем бо оппозитсия. Эшон мегуфтанд, ки масалан, ҳанӯз вақт нашудааст, ё ҳоло чӣ даркор аст аз ин сӯҳбатҳо. Ёдатон бошад, ҳамон замон як мулоқотҳое байни Маскав ва Теҳрон анҷом шуд. Як рафту омадҳое шуд. Ниҳоятан мулоқотҳое байни вазоратҳои хориҷии мо ҳам анҷом шуд. Хушбахтона, ба ин натиҷа расидем, ки бояд музокирот бошад.

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi