12:17:10 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҶТАҲИД ШАБИСТАРӢ: «МАН ҲАМ ЭРОНӢ ВА ҲАМ ТОҶИКАМ»-2

Аввалин даври музокирот дар Маскав анҷом шуд. Дар ин даври музокирот мақсаду мароми тарафҳо маълум шуд. Як феҳристи мавзӯи музокирот ба миён гузошта шуд. Даври дуюмашро дар Теҳрон доштем, ки ба ҳар ҳол бисёр-бисёр гапҳои тӯлонӣ доштем дар инҷо. Билохира ҳарду тараф тавонистанд, ки рӯи матни Созишномаи оташбас ба мувофиқа бирасанд. Аммо таърихи оташбасро тавофуқ накарданд.

- Сабаб чӣ буд?

/images/stories/2012/06/14_shabistari-1-14612.jpg- Сабаб, ин мешавад гуфт, ки ҳанӯз ҳам ду тараф эътимоде, ки лозим буд, ба ҳамдигар надоштанд. Давраҳое, ки музокирот дар Теҳрон мегузаштанд, роҳбариро вазири умури хориҷа ва муовинони ӯ ба ӯҳда доштанд. Замоне, ки музокирот берун аз Теҳрон мегузашт, роҳбарии ҷониби Эронро ман ба ӯҳда доштам. Маълум буд, ки ҷонибҳо ҷанг кардаанд ва ба ҳамдигар эътиқоду боварӣ надоранд ва ҳамин адами эътимод ба як дигар сабаби асосии дар даври дуюми гуфтушунид дар Теҳрон мушаххас нашудани таърихи Оташбас гардид.

Мо баъди ҷашни истиқлолияте, ки шумо дар 9-уми сентябри соли 1994 доштед, тавонистем, ки давлатро розӣ кунонем, ки сатҳи раҳбариятро дар музокирот боло баранд. Ду рӯз баъд аз ҷашн оқои Достиевро гирифта бо ҳавопаймо омадем ба Эрон ва гуфтем, ки як даври машваратӣ ҳам дар Эрон дошта бошем.

Ҳоло ман як асрореро, ки то ҳол нагуфтаам, маҷбурам бигӯям. Арз кунам, ки он рӯзе, ки мебоист музокирот шурӯъ мешуд, ман медонистам, ки ҳарду ҷониб ҳам ба роҳат канори ҳам нахоҳанд омад. Чунки ин кори соддае нест. Шаб баланд шудам ва рафтам назди ҳам оқои Нурӣ ва ҳам оқои Достиев. Оқои Нурӣ узви ҳайати музокиракунанда набуданд, вале эшон роҳбарии оппозитсияро доштанд. Ба он кас ҳам гуфтам ва ба оқои Достиев ҳам гуфтам, ки як вохӯрии дутоӣ байни худатон баргузор кунед, ки каси дигар ҳам набошад.

Субҳи барвақт ман шуморо гирифта якҷо меравем, ки ҳеҷ каси дигар набошад. Ин кори махфӣ буд. Субҳи барвақт ман ин касонро гирифта овардам дар ҳоле, ки музокироти расмӣ бояд баъди зӯҳр шурӯъ мешуд. Дар Эрон вақте, ки издивоҷ мекунанд, беш аз ҳама дили модар тап-тап мекунад, ки чи мешавад, чи намешавад. Мо ин касонро овардем дар дохили як утоқ гузоштем. Хушбахтона, якдигарро гарм истиқбол гирифтанд, салому аллейк карданд. Панҷ дақиқа ман ҳамроҳи онҳо нишастаму баъд онҳоро ба ҳоли худашон танҳо гузоштам.

Ман фикр кардам, ки онҳо мумкин баъди 10-20 дақиқа сӯҳбаташонро тамом мекунанд, вале фикр мекунам, ки онҳо 2,5 – 3 соат бо ҳам сӯҳбат карданд. Ҳамин гап задан, мешавад гуфт, ки нуқтаи оғози шикаста он адами эътимод буд. Тамоми нақшаи ман ин буд. Ҳоло ман метавонам инро ба шумо бигӯям. Инро то ҳол дар ҳеҷ куҷо нагуфтам. Нақшаи ман ин буд, ман медонистам оқои Раҳмонов баъди ба қудрат омадан вақте бо ӯ сӯҳбат доштам ба ман як гап гуфта буд:

«Оғои Шабистарӣ, заҳри одамро одам мегирад». Ин гап гапи калон аст. Ман медонистам, ки агар ин ду кас ба назди ҳам шинанд, ҳама чиз ҳал мешавад. Ман медонистам, ки ҳам Достиев мехоҳад, ки бародаркушӣ нашавад ва ҳам оқои Нурӣ. Пас инҳо ҳадафашон як будааст. Тактики онҳо мумкин аз якдигар фарқ мекард. Пас коре, ки ман бояд бикунам, инҳоро рӯ дар рӯ бояд бикунам, назди ҳам бишинанд. Ин кори сахте буд. Ман ҳатто бо вазирам машварат накарда будам.

- Чӣ, ҳатто ҳайатҳои музокиракунанда ҳам аз баргузории ин мулоқот хабар надоштанд, на ҷаноби Ҳочӣ Акбари Тӯраҷонзода ва на…?

- На, на, ҳеҷ кадомаш хабар надоштанд. Онҳо ду нафар бо ҳам нишастанд беш аз се соат ва тӯли ин вақт дили ман мисли дили ҳамон модаре, ки барои духтараш тап-тап мекунад, тап-тап мекард пушти дар. Вақти музокирот тамом шуд дидам, ки аз утоқ бо чеҳраҳои шодону хандон баромаданд. Алҳамдулиллоҳ гуфтам. Ҳардуяшон аз ин музокирот ризоият эълон карданд.

Баъди се рӯз ин гапҳо дар Теҳрон рафт. Барои чӣ маҳз ин ду нафар тавонистанд, ки ба як тавофуқ бирасанд, барои он, ки ҳардуяшон гиряву нолаи мардумро ҳам доштанд. Ҳардуяшон, дар ҳақиқат, дилашон аз кушта шудани мардум ба дард меомад. Ман мутмаин будам, ки ҳарду ҷуфти онҳо як гап доранд. Мақсади ҳардуи онҳо ҳам як чиз ҳаст.

Он ҳам бошад наҷоти Тоҷикистон. Ин чизро мо дарк кардем. Он замон муовини вазири умури хориҷаи Русия ҳам дар Эрон буд. Хуб, шумо хуб медонед, ки мо дар ин ҷо ба қабули Созишномаи Оташбас расидем ва рӯзи қатъи ҷангро низ муайян кардем. Ва ҳатто роҷеъ ба мубодилаи усаро ва зиндониён тавоқуф шуд.

-Ҷаноби оғои Шабистарӣ, чи тавре, ки маълум аст, шумо шахсан дар нахустин маросими табодули усаро ва маҳбусони сиёсӣ, ки аввалҳои моҳи ноябри соли 1994 хеле пурмоҷаро гузашта буд, шахсан ширкат варзидед. Оё касе ё ниҳоде шуморо ба ин кор муваззаф карда буд?

-Ин корро бояд Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх анҷом медод. Мо сафирон касе набудем, ки ба табодули усаро дахле дошта бошем. Ин кор вазифаи намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон буд. Аммо чун ман собиқаи корӣ дар Созмони Милал доштам (9 сол дар Нью Йорк будам), корҳои Созмони Милалро дунбол мекардам ва ин оғои Ливию Бота, ки дар он вақт масъулияти намояндаи ҳайати СММ дар Тоҷикистонро дошт ва бо ҳам як навъ вохӯриҳои ҳафтагӣ доштем ва ҳатто дар ду-се рӯз як бор ҳамдигарро медидем, рӯзи шанбе буд, дидем, ки дари дафтари маро дар меҳмонхона (он мавқеъ ҳанӯз мо сафорате надоштем) мезанад ва мегӯяд:

-Оғои Шабистарӣ, шумо тайёр ҳастед бо мо биёед Хоруғ?

Гуфтам, ки чӣ шудааст?

Гуфт, ки мо дишаб муваффақ шудем, ки зиндониёнро таҳвил бигирем ва бибарем Хоруғ то онҳоро дар он ҷо бо усаро табодула бикунем. Ман гуфтам тайёрам. Пурсидам, ки ин кор чӣ қадар тӯл мекашад, гуфт қариб ду соат. Ман ҳам ба қавле либосҳои расмиро пӯшидам, ба усуле, ки баъди чанд соат бармегардем. Ҳамин тариқ рафтем, савор шудем ба ҳелокуптарҳои СНГ ва зиндониёнро бурдем ба Хоруғ.

Дар Хоруғ як нафар пеши ман омад ва гуфт, шумо ҷаноби оғои Шабистарӣ барои чӣ омадед? Гуфтам барои табодули усаро бо зиндониён. Гуфт, ки на. Ризвон гуфтааст, ки ҳеҷ гуна табодул сурат намегирад. Ба ҳар ҳол ман тасмим гирифтам, ки ин хабарро боз аз нафарҳои дигар дақиқ кунам. Дар ҳамин ҳол зиндониёнро гирифта бурданд ба минтақаи болои Хоруғ онҷое, ки мақари оппозитсия маҳсуб мешуд. Мо ба Хоруғ соати 11-и аз зӯҳр расида будем. Соатҳои 4-и баъд аз зӯҳр шуд, аммо аз табодул дарак нест.

Ба Бота гуфтам, ки ба Душанбе занг бизанад ва аҳволро бирасонад ва бигӯяд, ки иншоаллоҳ кор анҷом хоҳад гирифт. Баъд ба дӯстони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфтам, ки як ҷо шинем, як пиёла чой хӯрем, то бубинем чӣ мешавад. Онҳо забони форсӣ-тоҷикиро намедонистанд. Аз онҳое, ки он ҷо буданд ва тамос доштанд ба Ризвон фаҳмидем, ки Ризвон шабҳо соати 8 аз тариқи бесим аз Афғонистон бо Хоруғ гап мезанад. Ман гуфтам, ки моро соати 8 ҷеғ занед, ман мебиёям. Он шаб соати 8 рафтам ва шояд қариб як соат бо ин Ризвон гап задем. Ҳарчанд мо гап задем, гуфт: «Не. Аслан имконият надорад.

Ман Алӣ Боксёра мехоҳам. Алӣ Боксёр озод шавад, баъд ман тайёрам. Вале ин касҳоеро, ки овардед, инҳо даркор нестанд барои ман. Инҳо раиси ҳизби демократи фалон ҷо, раиси телевизион… инҳо ба дарди ман намехӯранд. Ман Алӣ Боксёра мехоҳам». Гуфтам: «Оғои Ризвон, оҳиста-оҳиста ба Алӣ Боксёр ҳам навбат мерасад. Инҳо 27 нафаранд. Баъдан зиёдтар хоҳанд шуд». Гуфт: «Не. Ман табодул намекунам ва шумо ҳам барои ин кор ба назди ман наоед». Маънои сурат нагирифтани табодул аз чӣ иборат буд? Агар табодул сурат намегирифт, тибқи банди чоруми ҳамон Созишномаи Оташбас, ҳар тараф метавонад ҷангро оғоз кунад.

Хуб, ман ҳам он шабро то субҳ дар дохили мошини ҷипи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гузаронидам. Моҳи ноябр буд. Либоси тунук доштам. Имконияти тамос бо вазир надоштам. Чунки он ҷо телефон набуд, воситаи дигари алоқа низ набуд. Ва ҳамин тавр худам бо Худои худам фикр кардам, агар табодул анҷом нагирад, ин чанд нафар баргарданд, дар Душанбе ҷанг аз сари нав оғоз шавад ва чандин нафарҳои дигар кушта шаванд, ман масъул ҳастам ё не? Ба унвони як дипломат «На». Чунки ин кор ба ман марбут набуд.

Ман агар намеомадам ҳам, онҳо кори худро анҷом медоданд. Онҳо як навъ дӯстона ба ман гуфта буданд биё. Ҳозир, ки омадам ба унвони як мусалмон ман наметавонам сокит бишинам. Ба унвони як эронӣ-тоҷикӣ ҳам наметавонам сокит бишинам. Агар ба унвони дипломат мебуд, меомадам як қаҳва мехӯрдаму мерафтам. Вале ин ҷо имони мусалмониву инсониям бедор шуд. Ба Худои худ шаб то субҳ роз гуфтам.

Гуфтам: «Худои ман, танҳо туӣ, ки ба ман кӯмак мекунӣ, дигар касеро надорам». Ин чизро ҳам бароятон бигӯям, ки тамоми тӯли маъмуриятам ба ман касе кӯмак накардааст. Бояд бигӯям, ки тамоми зиндагиям ба лутфи Худованд мадюн будаму мафтун ҳастам. Ба ҳар ҳол рӯз шуд. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҳайрон буд, ки чӣ кор бикунад. Ба ӯ нагуфтам, ки Ризвон табодули асиронро намехоҳад. Агар мегуфтам, онҳо бармегаштанд ба Душанбе. Чунки онҳо салоҳияти бештар аз ин, ихтиёроти бештар аз инро надоштанд.

Онҳо намеоянд барои рафтану озод кардан, таҳвил гирифтан ва мубодила кардан. Онҳо танҳо барои мубодила кардан меоянд. Яъне тарафҳо бояд зиндониён ва усароро ба Хоруғ меоварданд ва табодул бояд зери назари онҳо инҷо сурат мегирифт. Аз ин бештар онҳо вазифа надоштанд. Ба ҳар ҳол мо дар зимн дуъо мекардем, ки мубодила сурат бигирад.

Ҳамон рӯз ман шунида будам, ки оқои Раҳмонов гуфта буданд, мутобиқи Созишнома агар ҳамон рӯз табодул сурат нагирифт, мо бояд зиндониёнро бармегардондем. Оқои Раҳмонов дуруст мегуфтанд. Ҳақ бар оқои Раҳмонов буд. Чун билохира як тараф шартҳоро иҷро накард. Ниҳоятан он шабро мо гузаронидему субҳ шуду ман як маротибаи дигар бо ин Ризвон сӯҳбат кардам. Ҳеҷ тайёр нашуд. Хушбахтона, ҳавои Хоруғ ором-ором дар ҷиҳати дуъои ман буд. Ман дуъо мекардам:

-Худоё, ҳаворо абрӣ кун, то мо натавонем баргардем.

Вақте, ки Хоруғ абрӣ мешавад, самолёт наметавонад, ки баланд шавад. Дигар роҳи бозгашт набуд. Худованд баъзан дуъои дилшикастагонро мустаҷоб мекунад.

- Шояд шумо ягона одаме бошед, ки чунин дуъо кардед, ки ҳаво нашавад. Маъмулан дар Помир ҳама мусофирон пеши Худованд даст ба дуъо мебардоранд, ки ҳаво хуб шавад.

/images/stories/2012/06/14_shabistari-2-14612.jpg- Оре( механдад). Ба ҳар ҳол рӯзи дигар аз Душанбе дигар он ҳарфҳои «зиндониёнро баргардонед»-ро намешунидем. Оқои Раҳмонов ва оқои Достиев рост ҳам мегуфтанд. Ҳақ ҳам доштанд. Ман то ин лаҳза ин достонро, ки ҳоло мегӯям, дар ҷое нагуфтаам, яъне инҳое, ки аз зиндон буданд ва аз оппозитсия буданд, инҳоро бурда ба дасти муҷоҳиддини бадахшонӣ дода буданд ва онҳо дар мақари таҳти нуфузи муҷоҳиддин буданд. Ва акнун онҳоро рафта аз он ҷо овардан хеле мушкил буд. Охир, онҳо акнун дар дасти оппозитсия буданд.

Дар аввал ин корро накарданд, ки онҳоро бибаранд ба зиндони Хоруғ ё сарбозхона. Ба дафтари муҷоҳиддин бурданд. Ҳоло Шабистарӣ ҳаст ва дӯстони Салиби Сурх ҳастанд. Он бечораҳо форсӣ намедонанд. Тамоми хабарҳо мерасад ба ман. Рӯзи дигар ҳам бо Ризвон гап задам. Боз ҳамон гапҳои пештараро мегуфт. Рӯзи сеюм рафтем ба тарафи Ишкошим. Дӯсти мо аз Салиби Сурх оғои Николас Бурсингер буд, ёдаш ба хайр. Гуфтам: «Оқои Бурсингер, биравем дохили Афғонистон аз наздик бинем, ки чӣ хабар»? Хушбахтона, ҳам лутф карда буду эътимод дошт.

Вақте медид, ки як сафир омода ҳасту худашро ба хатар меандозад, мегуфт, айб надорад, бо ҳам меравем. Фақат мушкил ҳамин буд, ки ман медонистам вақте пеши Ризвон меравем, ӯ ҳатман гапҳои сахт мезанад. Ман нигарони мутарҷим будам. Мутарҷими мо як зане буд, ки ҳудуди 50-сол дошт ва ҳам ӯзбакиву тоҷикиву англисӣ медонист. Хулоса, ман дар фикре будам, ки тавре шавад, ки ин наравад дохил. Чун агар биравад, Ризвон гапҳои сахт мезанад ва ин тарҷума мекард ва намояндаи Салиби Сурх мегуфт: «оқо, ман омадам кӯмак кунам, ту ба ман дашном медиҳӣ».

Бегоҳӣ, қабл аз рӯзи рафтан ба Баҳорак, мо соатҳои панҷи баъд аз зӯҳр рафтем дохили Афғонистон. Онҷо бо қумандони назди марзӣ, номаш Мулло Зокир буд, шиштем гап мезадем. Дар ин ним соате, ки бо ӯ сӯҳбат доштем, ӯ бо мо гап мезад, ба ин хонум нигоҳ мекард. Мо аз он ҷо омадем берун ба ин оқои Николас гуфтам, ки хайр, гапҳо ҳама хуб шуд. Пагоҳ меравем Баҳорак. Аммо дар ин ҷое, ки сӯҳбат доштем, дидӣ, ки чӣ гузашт? Ӯ гуфт, ки намедонам чӣ гузашт, аммо он қумандон бо мо сӯҳбат мекард, вале чашмонаш ба хонуми мутарҷим буд.

Гуфтам: «Офарин, ҳифзи ин зан дар дохили Афғонистон як мушкили дигареро болои мо изофа хоҳад кард. Ба ҳар ҳол, шояд ба фикри баъзеҳо корҳои баде пеш биёяду кори мо ба ҷои озод кардани усаро аз ҳифзи ин зан иборат шавад». Гуфт: «Инро пас чӣ кор кунем»? Гуфтам: «Дар Ишкошим мемонем». Гуфт: «Тарҷима чӣ мешавад»? Гуфтам: «Ман худам ба ӯҳда мегирам». Гуфт: «Охир, чӣ хел мешавад, шумо сафир ҳастед»? Гуфтам, ки ман ҳоло тайёр ҳастам, ки ҳама корро бикунам.

Камарам дард мекард, то ҳоло ҳам ин камардардро дорам. Хӯрокамон танҳо нону об буд. Чордаҳ соат дар роҳ будем. Баъди чордаҳ соат роҳ рафтан расидем ба Баҳорак. Инро ҳам бигӯям, ки ман гузарнома ҳамроҳ надоштам. Бидуни гузарнома аз марз гузаштам ба Афғонистон. Дар ёдатон бошад дар байни гурӯҳҳои мухталифи Афғонистон ихтилофҳои шадиде вуҷуд дошт ва ман беҳтарин тӯъма будам. Сафири Ҷумҳурии Исломии Эронро як касе бигирад ва рӯи ин бозиҳои мухталиф бикунад.

Ҳадафи ман ин буд, ки ин ҷанг Худое нахоста идома пайдо накунад. Ва агар тавонистем аз ин тараф 27 кас аз он тараф 27 касро озод карда бошем, ин кори савоб хоҳад буд. Ба ҳар ҳол мо мусалмон ҳастем ва наметавонем ҳамин хел даст болои даст бигузорем ва бигӯем, ки имкон надорад. Чун ният хайр буд Худо ҳам кӯмак мекард. Чун шумо ба коре бо нияти хайр ворид мешавед, мутмаинам Худо ҳам кӯмак мекунад.

Ба ҳар ҳол шаб расидем ва дар ҳамон қумандонии Баҳорак ба мо шоме оварданд. Бигузор достонҳои ҳоҷатхона, роҳ ва чизҳое, ки пеш омад, ба вақти дигар бигузорем. Аммо субҳ барвақт бедор шудему рафтем барои музокира. Агар иштибоҳ накунам, шояд нӯҳ соат ин музокирот тӯл кашид. Ва он кас ҳеҷ омодагии хешро изҳор намекард ва ҳамаро дашном медод. Ҳаргоҳ, ки оқои Николас аз ман мепурсид, ки чӣ мегӯяд, ман намегуфтам, ки ӯ дашном медиҳад. Ӯ оқои Тӯраҷонзодаро дашном медод, оқои Нуриро дашном медод.

Акнун худатон тасаввур кунед, ки ба он одаме, ки мегуфт танҳо Алӣ Боксёрро мехоҳад ва ҳамаро дашном медод, бо чӣ забоне бояд сӯҳбат мекардам. Намояндагони Салиби Сурх форсиро намедонистанд, Ризвон англисиро. Ниҳоятан розияш кардам. Гуфт 17 кас медиҳам. Аввал 10 кас баъд 17 кас ва охирон далелҳои зиёде гуфтам, 27 касро гирифтем. Бо як азобҳои дигар як мошине пайдо кардем ва ин 27 касро савор кардем. Мошини мо кӯчак буд.

Ин ҳамаро наметавонист барад. Мо гуфтем, ки як соат пеш аз мо онҳо бираванд ва мо онҳоро баъдан пайдо мекунем. Мо аз Баҳорак 20-25 километр гузашта будем, ки дидем мошини онҳо дар роҳ хароб шуда. Дар ин гӯшаи Афғонистон тасаввур кунед, ки чи тавр мошин пайдо мекунед? Ҳоло агар як нафари онҳо фирор кунад, Шабистарӣ масъуласт. Агар мушкиле барои инҳо пеш ояд, Шабистарӣ масъул аст.

Аз ин рӯ мо рафтем Ишкошими Тоҷикистон аз он ҷо гирифтем як КАМАЗ-и хеле бузургро ва рафтем ба ҷои мошини харобшуда ва вақте усароро ба марзи Тоҷикистон овардем, ба мо гуфтанд, ки давлати Тоҷикистон гуфтааст, даркор нест. Ҳақ ҳам доштанд, чунки аз он рӯзе, ки бояд табодул сурат мегирифт, чанд рӯз гузаштааст. Дӯстони аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх як телефон доштанд, мо ба Перес Балон занг задем, ба муовини вазири умури хориҷаи Русия сим задем, ман ба вазири умури хориҷаи худамон сим задам ва гуфтам ба ҳукумати Тоҷикистон бигӯед, ки дар ҳақиқат бо таъхир табодул сурат гирифт, вале билохира сурат гирифт.

Он бояд 4-уми ноябр сурат мегирифт, вале билохира бо сабабҳои гуногун ба дарозо кашид. 5-6 рӯз дер кардем. Ниҳоятан мувофиқа карданд ва мо аз марз ворид шудем, бо ҳамин тариқ зиндониёнро бурданд Афғонистон ва усароро мо овардем ба Душанбе. Вақте усароро дар фурудгоҳи Душанбе аз ҳелокуптарҳо пиёда мекардем, ман дидам, ки оқои Достиев аз ман хафа ҳаст. Ҳақ ҳам дошт, ки хафа бошад. Вале баъдан борҳо ин кӯшиши маро ба қадрдонӣ ёд кард. Ҳатто ҳамон рӯзе, ки маъмуриятам қатъ шуду ман бо ӯ худоҳофизӣ мекардам, бо як самимият аз он рӯзҳо ёдовар шуд, изҳори ташаккур кард.

Оқои Достиев изҳори миннатдории хешро аз ин кор ҳам дар матбуот ва ҳам дар мулоқотҳои расмӣ ба шаклҳои гуногун борҳо баён кардааст. Дар ҳақиқат, ин кор бояд дар рӯзи аввал, ки анҷом намегирифт, нақди Созишнома гуфта онро лағв мекардему ба Душанбе бармегаштем. Вале ин корро мо дар ин шакл анҷом додем.

Хидмати шумо бояд бигӯям, ки дар ҳарду ҷониби даргир тундравҳо, онҳое, ки рафтори тунду тез мекарданд хеле зиёд буданд. Масалан, дар оппозитсион мулло Абдуғаффор, ки кӯдакҳои русҳоро гаравгон гирифт ва мо русҳоро гаравгон мегирем гуфтани онҳо ва ёдатон бошад дар майдони Шаҳидон суханрониҳое, аз қабили «мо 27 ҳазор сарбоз дорем гуфтанҳо» ба ғайр аз тундравӣ чизи дигаре набуд, ки ҳолати таҳриккунанда дошт, чизи дигар надошт. Ва ҷониби дигар низ тундрав доштанд. Вале мо дар сафорати ҶИЭ бо миёнравҳо бештар такя мекардем, бо онҳо кор мебурдем, ки мавқеъҳо наздик шаванд.

(Идома дорад)

Муҷтаҳид Шабистарӣ: «Ман ҳам эронӣ ва ҳам тоҷикам»- қисмати 1



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi