23:24:53 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОҶИКИСТОН ИЗҲОРОТИ ЧИРКИНРО "БЕНАЗОКАТИИ СИЁСӢ" ХОНД

Вазорати дифои Тоҷикистон изҳороти фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русияро «беназокатии сиёсӣ» унвон кардааст.

/images/stories/2012/07/02_vladimir-chirkin-020712.jpgДар ҳафтаи гузашта генерал-полковник Владимир Чиркин, ки дар нишасти Кумитаи Шӯрои Федерасияи Русия оид ба мудофеа ва амният оид ба шароити Созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон сӯҳбат мекард, аз бурузи эҳтимолии ташаннуҷ дар Осиёи Марказӣ баъди берун рафтани нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ва ба низоъҳои маҳдуд кашида шудани се кишвари минтақа - Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро пешгӯӣ карда буд.

Дар баёнияе, ки рӯзи 30 июн вазорати дифои Тоҷикистон дар ин робита мунташир кардааст, сӯҳбатҳои ин генерали рус «беназокатии сиёсӣ» арзёбӣ шуда ва ҳамзамон таъкид шудааст, ки чунин изҳори назарҳо баъид аст, ки ҷиҳати тақвият ва таҳкими ҳамкориҳои созанда ва муносибатҳои ҳасана байни кишварҳои минтақа мусоидат намояд.

Дар баёнияи Вазорати дифои Тоҷикистон аз он изҳори тааҷҷуб карда мешавад,  ки ин генерали баландмақоми рус барои нашру пахши як чунин изҳорот на созмонҳои минтақавӣ назири ОДКБ, балки Шӯрои Федерасия Русияро интихоб кардааст, дар ҳоле, ки барои ҳамчунин баёния ва ё изҳори назарҳо, ки ба шарикони худ нигаронида шудааст, истифода аз минбар ва майдони ин созмонҳо беҳтар ва мувофиқтар аст. Дар баёния омадааст, ки изҳороти генерали рус «кадом як заминаи воқеӣ» надорад ва барои ҳалли мушкилот низ мусоидат нахоҳад кард.

Аммо омадааст дар ин баёния, он чи ки ба масоили муҳими низомӣ ва ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникиии миёни Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҳузури  пойгоҳи 201-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон дахл кардааст, метавон зикр кард, ки бар асоси дастури роҳбарияти ҳарду кишвар корҳо дар ин бора дар асоси нақша идома дорад. .

Сешанбеи гузашта фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин зимни суханронӣ дар Кумитаи Шӯрои Федерасияи Русия оид ба мудофеа ва амният бурузи эҳтимолии ташаннуҷ ва низоъҳои мусаллаҳона дар Осиёи Марказиро истисно накард. Ин генерали рус гуфт, ки «бо таваҷҷӯҳ ба  тезутундшавии ихтилофоти байнидавлатӣ дар масоили энергетикӣ ва об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ , имкон дорад низоъҳои мусаллаҳона бо иштироки Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба вуқӯъ пайвандад».

Дар идома генерали баландмақоми рус аз он изҳори ташвиш мекард, ки "Тоҷикистон барои идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ин кишвар шартҳои ғайриқобили қабулро пеш гузоштааст. Тоҷикистон шартҳо ва талабҳоеро пеш гузоштааст, ки бо пешниҳодоти мо комилан мухолифат дорад. Шароит тавре гузошта мешавад, ки эҳтимол меравад, ин масъала аслан роҳи ҳалли худро пайдо накунад."

Қарордод миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари пойгоҳи 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон дар соли 2004 барои 10 сол баста шуда буд. Ҳоло Русия мехоҳад, ки мӯҳлати будубоши низомиёни худ дар Тоҷикистонро ба 49 сол бирасонад. Аммо Тоҷикистон ин мӯҳлатро 10 ва ҳамчунин солона пардохти маблағи муайянро шарт гузоштааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi