06:29:22 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КРИШНО: "ТОҶИКИСТОНУ ҲИНД МАНОФЕЪИ МУШТАРАКИ СИЁСӢ ВА ДИФОЪӢ ДОРАНД"

Вазири хориҷаи Ҳинд пас аз дидори худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфтааст, ки Тоҷикистону Ҳинд манофеъи муштараки сиёсӣ ва дифоъӣ ва амниятӣ доранд.

/images/stories/2012/07/03_krishna_030712.jpgПас аз зӯҳри 3-юми июл Сумоноҳилӣ Кришно дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард. Вай пас аз дидори худ бо оқои Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки дар меҳвари гуфтугӯҳояш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мавзӯъи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дифоъиву амниятӣ қарор дошт.

Оқои Кришно, ки дар Қасри Миллат бо хабарнигорон сӯҳбат мекард гуфт: "Мо Тоҷикистонро як кишвари муҳим аз лиҳози истротежик барои Ҳинд арзёбӣ мекунем. Мо манофеъи муштараки иқтисодӣ, сиёсӣ ва дифоъиву амниятӣ дорем. Ва умедворам бо сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд ҳамкориҳои ду кишвар дар ин заминаҳо бешт аз пеш густариш хоҳад ёфт."

Оқои Кришно эълом кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон даъвати давлати Ҳиндро барои анҷоми сафар ба Ҳинд пазируфта ва қарор аст дар нахустин ҳафтаи моҳи сентябри ҷорӣ вориди Ҳинд шавад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳинд дар арсаи низомӣ ва дифоъиву амниятӣ яке аз мавзӯъоти мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо дар солҳои ахир будааст. Аз ҷумла расонаҳои Ҳинд гаҳ-гоҳе гузоришҳои мабнӣ бар алоқамандии Ҳинд барои мустақар кардани нерӯҳои ҳавоии худ дар фурӯдгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Душанбе интишор мекунад.

Аммо вазири хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми июл, пас аз мулоқот бо ҳамтои ҳиндии худ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон дар ин бора гуфтааст: "Дар фурӯдгоҳи Айнӣ ҳеҷ гуна нерӯҳои ҳавоии Ҳинд мустақар нестанд."

Оқои Зарифӣ афзудааст: "Давлати Ҳинд ба Тоҷикистон дар бозсозии ин фурӯдгоҳ кумак ироа мекунад."

Дар поёни соли гузашта гузориш шуда буд, ки давлати Ҳинд қасд дорад дар зудтарин фурсат фаъъолияти бемористони низомии воқеъ дар шаҳристони Фархори Тоҷикистонро муҷаддадан роҳандозӣ кунад, аммо дар мавриди оғози иҷрои ин тарҳ то ҳол гузорише нашудааст.

Ин хабар, ки низомиёни Ҳинд барои ҳамтоёни тоҷики худ як бемористони низомии мудерн бунёд хоҳанд кард, ҳанӯз дар моҳи августи соли 2011 дар ҷараёни дидори мақомоти низомии Тоҷикистон бо Кишен Кумор Ноҳур, фармондеҳи нерӯи ҳавоии Ҳинд, дар Душанбе, мунташир шуда буд.

Бархе аз расонаҳои Ҳинд дар он замон бо истинод ба манобеъи низомии худ хабар дода буданд, ки нерӯҳои ин кишвар ҳамчунин мехоҳанд бонди парвози фурӯдгоҳи Фархорро низ бозсозӣ кунанд.

Дар сурати иҷрои ин тарҳ фурӯдгоҳи Фархор дувуимн фурӯдгоҳе дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки аз сӯйи давлати Ҳинд мавриди бозсозӣ қарор мегирад. Зеро тарҳи бозсозии фурӯдгоҳи низомии мавсум ба “Айнӣ”, дар ҳумаи шаҳри Душанбе, тавассути сармоягузории ҳафтодмилюндулорӣ ва муттахассисони Ҳинд сурат гирифта буд.

Расонаҳои гурӯҳии Ҳинд гаҳ-гоҳе аз талоши давлати ин кишвар барои таъсиси пойгоҳи ҳавоии худ дар Тоҷикистон гузориш пахш мекарданд, вале ин хабар ҳамвора аз сӯйи мақомоти низомиии тоҷик такзиб мешуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi