14:43:16 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ВАЗИРИ ДИФОИ ФАРОНСА БО БАРНОМАИ ҲАМКОРИИ НИЗОМӢ БА ДУШАНБЕ ОМАД

Вазири дифои Фаронса баъд аз зуҳри чаҳоршанбе вориди шаҳри Душанбе шуд ва бо ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ анҷом дод.

/images/stories/2012/07/20_zhan-ives-le-drian_200712.jpgОн гуна, ки Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорати дифои Тоҷикистон ба мо гуфт, ки «дар ин мулоқот, масоили марбут ба дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ - фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса, ба хусус идомаи ҳузури низмоиёни фаронсавӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, мубодилаи иттилооту таҷриба дар муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва омода кардани кадрҳои низомӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд».

Ҳамзамон ба таъкиди сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон авзоъи минтақа, ба хусус таъмини амният дар Афғонистон ва хурӯи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014 низ дар меҳвари музокироти Шералӣ Хайруллоев ва Жан Ивес Ле Дриан қарор доштааст.

Ба таъкиди Фаридун Маҳмадалиев, вазири дифои Фаронса «ба нақши Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм дар Афғонистон баҳои арзанда дода ва аз ҳамкории муфид ва муассири Тоҷикистон бо Фаронса дар ин замина сипосгузорӣ кардааст».

Ин ҳам дар ҳоле, ки Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон низ «кӯмакҳои вазорати дифои Фаронсаро барои Тоҷикистон муҳим хондааст.

Жан Ивес Ле Дриан, вазири дифои Фаронса, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо сафари як рӯза ворид шудааст, қарор аст бо гурӯҳи низомиёни фаронсавӣ, ки дар фурудгоҳи Душанбе мустақар ҳастанд, дидору гуфтугӯ кунад.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе беш аз 200 низомӣ, 6 ҳавопаймои ҷангии "Мираж" ва 4 ҳавопаймоии низомии боркаши Фаронса мустақаранд, ки ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон кӯмаки фаннӣ мекунанд.

Тибқи тавофуқоти қаблӣ миёни ду кишвар, низомиёни Фаронса то анҷоми амалиёти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар ҳудуди Тоҷикистон мустақар хоҳанд буд.

Фаронса дар Афғонистон ҳудуди 3 ҳазору 500 сарбоз дорад, ки аксари онҳо дар вилояти Кописо ҷойгир шудаанд. То кунун 87 сарбози фаронсавӣ дар Афғонистон кушта шудаанд.

Зимнан, ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Фаронса, дар тирамоҳи соли 2001, бо оғози муборизаи байналмилалӣ алайҳи тероризм дар Афғонистон шурӯъ шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi