18:32:01 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГЕНЕРАЛ АБДУЛЛО НАЗАРОВ КУШТА ШУДААСТ

Бино бар хабарҳои расида, сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон ба зарби корд кушта шудааст.

/images/stories/2012/07/22_abdullo-nazarov-220712.jpgМанобеи қобили эътимод ба мо гуфтанд, сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, генерал Абдулло Назаров ба зарби корд кушта шудааст. Ҷузъиёт ва ангезаҳои ин қатл ҳанӯз рӯшан нагаштаанд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, Назаров дар ноҳияи Ишкошим ҳадафи як ҳамла қарор гирифта, ба зарби корд кушта шудааст. Ҳангоми ҳамла ду нафар аз ходимони амниятии маҳаллӣ аз гурӯҳи "Алфа" ҳамроҳ бо генерал будаанд, вале маълум нест, ки чаро натавонистаанд, аз ӯ дифоъ кунанд.

Абдулло Назаров то соли 2010 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва пеш аз он сардори раёсати ин кумита дар вилояти Суғд буд. Дар моҳҳои июл ва ноябри соли 2010 матбуоти Қирғизистон ӯро айбдор кард, ки ба бародар ва дигар наздикони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар Бадахшон сарпаноҳ додааст. Вале Назаров он вақт бо пахши як изҳорот ин хабарҳоро рад карда, онҳоро талоши ба минтақаи нави ноором табдил додани Тоҷикистон номид.

Номи генерал Назаров рӯзҳои ахир дар робита ба ҳалномаи додгоҳии парвандаи фирори 25 маҳбус аз Боздоштгоҳи муваққати КДАМ сар забонҳо буд. Гуфта мешуд, додгоҳ "таъйини алоҳида" баровардааст, ки баёноти яке аз фирориён дар робита бо Назаров тафтиш шавад.

Дар соли 2009 генерал Назаров иттилоотеро, ки торнамои ифшогари WikiLeaks дар робита ба мулоқоти ӯ бо намояндагони расмии Иёлоти Муттаҳида фош намуд, тасдиқ кард. Як сол пеш ӯ дар изҳороте Узбакистонро ба он айбдор кард, ки ба сарҳанги ошӯбгари Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев сарпаноҳ дода ба фаъолиятҳои зидди гурӯҳи таҳти фармони вай зидди Тоҷикистон монеъ намешавад.

Абдулло Назаров яке аз кормандони собиқабори соҳаи амнияти миллии Тоҷикистон буда, ҳанӯз дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Дар соли 1991 вай дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз" КГБ-и Шӯравиро тарроҳ ва иҷрокунандаи рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 дар Душанбе номид. Баъд аз ин мусоҳибаи пурсарусадо хабар расид, ки КГБ Назаровро аз сафҳои худ берун рондааст.

Бо оғози майдоннишинӣ ва гирдиҳамоиҳои давомдори нерӯҳои тозапайдои демократӣ дар Душанбе ӯ ба онҳо пайваст ва ба шахси боэътимоди чанде аз сиёсатмадорон табдил ёфт. Гуфта мешуд дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Назаров ё ҳамроҳи Иттиҳоди мухолифон буд ё ба онҳо кӯмак мекард. Баъд аз имзои созишномаи сулҳ вай бо истифода аз саҳми 30-дарсадии мухолифон барои кор ба ниҳодҳои амнияти миллӣ баргашт.

Аммо худи ӯ ширкаташро дар ҷанги шаҳрвандӣ рад карда гуфтааст: “ман дар ҷанги шаҳрвандӣ умуман ширкат надоштам, ва дастам дар хун олуда нест... Навиштанд, ки гӯё ман ба Афғонистон фирор карда дар қароргоҳи муҷоҳидин панаҳ бурда бошам... Ман умуман ба ин кишвар нарафтаам, ҳатто баъд аз сулҳу субот ҳам боре дар сафари хизматӣ дар ин кишвар набудам”.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi