16:21:39 01-уми Июни 2025 сол

САҲА АЗ РӮЙДОДҲОИ БАДАХШОН ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРД

Рӯйдодҳои ахири Бадахшон вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба бор овард.

/images/stories/2012/07/25_namoyandai-saha-250712.jpgЭамон Гилмор, раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз муноқишаҳои хушунатбор дар Бадахшон ибрози нигаронӣ кардааст, ки бар асари он, дасти кам 42 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар баёнияи расмии Эамон Гилмор, ки шоми чоршанбе нашр шуд, омадааст, “хуруҷи хушунат, ки даҳҳо нафарро кушт, мояи нигаронии амиқ аст”.

Ӯ аз қурбони шудани ғайринизомиён дар ин бархӯрдҳо изҳори андӯҳ карда ва гуфтааст, “бахусус аз гузоришҳо доир ба марги ғайринизомиён нигарон аст”  ва аз тарафҳо мехоҳад, хештандорӣ нишон бидиҳанд. Раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин аз амнияти кормандони созмонҳои хориҷӣ, ки дар Бадахшон кор мекунанд, ибрози нигаронӣ кардааст.

Рӯйдодҳои ахири Бадахшон дубора Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ сари забонҳо кард. Рӯзи сешанбе Русия гуфт, ки “бо нигаронӣ” аз таҳаввулоти ахири  вилояти Бадахшони Кӯҳӣ мушоҳида мекунад ва аз хушунатҳо нисбати намояндагони давлат, ки боис ба баргузории амалиёти махсус дар минтақаи ҷанубу шарқи Тоҷикистон шудааст, изҳори нигаронӣ кардааст.

Бо пахши ин изҳорот, Департаменти иттилоот ва матбути Вазорати умури хориҷаи Русия  гуфтааст, ки умедвор аст, раҳбарияти “кишвари дӯсти Тоҷикистон” метавонад вазъиятро таҳти назар бигирад ва ҳукумати қонунро таъмин кунад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки сафорати Русия дар Душанбе дар тамоси пайваста бо сохторҳои дахлдор қарор дорад. Инчунин изҳори умедворӣ мешавад, ки дар сурати зарурӣ, ҳкумати Тоҷикистон дар амри таъмини амнияти шаҳрвандони Русия, ки дар маҳалли амалиёти вижа қарор доранд, талош ба харҷ медиҳад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854