14:42:51 09-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛӢ ВА РАИСИ УМУМИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Раиси умумии амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набилро, ки бо як ҳайати бонуфузи роҳбарияти сохторҳои қудратии кишварашон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

/images/stories/2012/07/26_26afghoniston.jpgДар мулоқот масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла ҳифзи муштараки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ ва қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд, ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади ду кишвар дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон зоҳир гардид.

Роҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд.

Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки як гурӯҳ ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони муқими Хоруғ ҳамкорӣ доштанд, дар хоки Афғонистон аллакай дастгир шудаанд ва ҳамгироии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ду ҷониби марз босамар идома дорад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар сурат гирифт.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854