08:27:19 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ВОКУНИШИ ЧИН БА РӮЙДОДҲОИ АХИРИ ХОРУҒ

Дар изҳороти Чин иқдомҳои Тоҷикистон дар амри таъмини субот пуштибонӣ шудааст. Ҷумҳурии мардумии Чин аз тадбирҳои  ҳукумати Тоҷикистон дар амри таъмини субот ва амнияти миллӣ “қатъиян пуштибонӣ мекунад”. Дар ин бора дар як баёнияи Вазорати умури хориҷии Чин, ки рӯзи 27 июл нашр шуд, изҳор мешавад. Чин гуфтааст, ки  аз мавқеи ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва тарафдори суботу оромӣ дар минтақа мебошад.

/images/stories/2012/07/27_khitoy-270712.jpgВазорати умури хориҷаи Чин дар ин баёния таъкид кардааст, ки ҳамҷониба омодааст, бо тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой  алайҳи «се нерӯи бад» - тундгароӣ, ҷудоиталабӣ ва терроризм мубориза барад. Чин бо Тоҷикистон ҳудуди 500 километр марзи муштарак дорад ва аслан ҳудуди вилояти Бадахшон бо мавзеъҳои ин кишвар ҳамсарҳад аст.

НИГАРОНИИ ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО АЗ ХУШУНАТҲО ДАР БАДАХШОН

Иттиҳодия Аврупо аз вазъи ба амал омада дар ҷануб - шарқи Тоҷикистон ва қурбониҳои хунин дар Бадахшон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла омадааст: «Мо умед дорем, ки задухӯрд дар вилоят қатъ гардида, аз кушта шудани оадмон пешгирӣ мешавад. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки алоқаро бо вилоят барқарор, амнияти мардумро таъмин ва шароит барои расонидани кӯмакҳои башардӯстонаро ба сокинони мулкӣ ба миён оварда, барои онҳое, ки мехоҳанд минтақаро тарк кунанд, роҳи бехатар бикушояд».

Дар изҳорот ҳамчунин аз паёмадҳои ҳаводиси ба вуқӯъомада дар Бадахшон изҳори нигаронӣ шуда, ҷонибҳоро ба таҳамулпазирӣ ва аз ҳукумат даъват кардааст, ки барои таъмини сулҳу субот дар Бадахшон ҳама чораҳоро андешад.

АМРИКО АЗ ХУШАНАТҲО ДАР ХОРУҒ НИГАРОН АСТ

Дар ҳамин ҳол сафорати Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон риоя шудани ҳуқуқи инсон ва қонунро тақозо кардааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, аз бурузи хушунат дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон ва талафоти ҷонӣ дар ин шаҳр амиқан нигарон шудааст. Дар як баёнияи расмии сафорат, ки имрӯз дар саҳифаи сафорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар интернет нашр шуд, чунин омадааст:

”Мо дар робитаи ба ҳалокат расидани одамон ҳамдардии худро изҳор намуда аз амнияти сокинони осоишта ҳангоми гузаронидани амалиёти роҳбарияти Тоҷикистон нигаронем.”

Сафорати Амрико аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамаи тадбирҳоро барои ихроҷи сокинони осоишта аз минтақаҳои ҷангӣ, аз он ҷумла шаҳрвандони хориҷие, ки айни ҳол дар шаҳри Хоруғ банд мондаанд, биандешад.”

Дар баёнияи сафорат ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, аз он ҷумла озодии сухан ва ҷараёни озоди иттилоот даъват шудааст. Давлати Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин хостааст, бар асоси тааҳдудоти байналмилалии худ, ҳодисаҳои дар марз рух додаро ба таври шаффоф таҳқиқ кунад ва ба ҳуқуқи боздоштшудагон эҳтиром гузошта муҳокимаи додгоҳии боадолатона нисбати онҳоро тазмин диҳад.

Сафорати Амрико ҳамчунин ба шаҳрвандонаш машварат додааст, ки аз сафар ба Хоруғ худдорӣ кунанд. Дар як муроҷиатномаи тоҷикони муқими Бритониё рӯзи панҷшанбе амалиёти низомии нирӯҳои ҳукуматӣ “шадидан маҳкум шуда” аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо шудааст, ки иртиботи телефонӣ бо минтақаи Бадахшон барқарор шавад.

Дар изҳороти мазкур, бо ибрози ташвиш аз хабарҳои мухталиф роҷеъ ба рӯйдодҳои ахири Бадахшон, таъкид мешавад, ки “беэъттилоотӣ боиси паҳн шудани ҳаргуна ахбороти ташвишовар гардида   моро ба азоби рӯҳиву бехобӣ водор кардааст”. Тоҷикони Бритониё хостори берун шудани артиш аз манотиқи аҳолинишин ва ҳалли “мутамаддини” ихтилофҳои мавҷуда тақозо шудааст.

Аз ин пеш, САҲА, вазорати хориҷаи Русия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,  аҳзоби коммунист ва демократӣ ва созмонҳои журналистиву шахсиятҳои бонуфузи ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳукумат хатми билофосилаи амалиёт ва ҳалли сулҳомези масоилро даъват карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi