18:55:50 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РӮШАНФИКРОН: "НЕРӮҲОРО АЗ БАДАХШОН БЕРУН КУНЕД"

Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси ШО ва сарпарасти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъе аз зиёиёни Бадахшон аз идомаи хушанатҳо дар минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд.

/images/stories/2012/07/28_a.iskandarov-280712.jpgДар муроҷиатномаи ин рӯшанфикорон, ки рӯзи 28-уми июл нашр шуд ва ба зери он Мӯъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР, Ҳайдаршоҳи Акбар, собиқ вазири кишоварзӣ ва вакили мардумӣ дар Шӯрои Олӣ, Азизи Хошок, сардабири нашрияи «Ҳамватан» дар шаҳри Маскав ва собиқ вакили мардумӣ, Абдулқодири Алавӣ, профессор аз шаҳри Маскав ва журналистон Толибшоҳи Сайидзода ва Раҳматкарими Давлат имзо гузоштаанд, изҳори боварӣ шудааст, «ҳанӯз ҳам фурсати бо роҳи мусолиматомез ва бидуни истифода аз нерӯи низомӣ ҳал кардани масъалаи боздошти гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров вуҷуд дорад».

Дар ҳоле, ки ин зиёиён бар инанд, ки «ҳама гуна сулҳи бадтарин аз ҷангу хунрезӣ беҳтар аст».

Онҳо ҳама гуна хушунат дар боздошти гумонбарон ва қатли генерал Абдулло Назаровро ба шиддат маҳкум карда ва хостори боздошти бидуни шаки гунаҳкорони ин куштор ва дар асоси қонунҳои мавҷуда муҷозот шудани омилини қазия шуданд ва гуфтаанд, ки «ба ҳеҷ ваҷҳ беҷазо гузоштани ин афрод қобили қабул нест».

Аммо нигаронӣ аз он аст, ки «ҳодисаҳои чанд рӯзи охир маълум кард, ки бо роҳи истифода аз артиш ва хушунат ин кор имконпазир нест. Идомаи хушунатҳо метавонад боиси густариш пайдо намудани бенизомӣ ва эътирозҳо дар манотиқи дигар шавад».

Ба ин далел гурӯҳи зиёиёни тоҷик хатми низоъ ва даргириро ҳатмӣ дониста ва афзудаанд, ки «идома пайдо кардани ин бархӯрдҳо метавонад боиси он гардад, ки дастҳои хориҷӣ дар қазия дароз шаванд ва гурӯҳҳои муқовиматгар пуштибонони хориҷӣ пайдо намоянд».

Дар ҳоле, ки ба таъкиди рӯшанфикрон, «бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъи ҷуғрофӣ ва ҳассосиятҳои хоси Бадахшон ин кор аз имкон берун нест. Он гоҳ якпорчагии Тоҷикистон мавриди таҳдид қарор хоҳад гирифт. Қарзи фарзандӣ ва хамдиёрии мо тоҷикон ҳифзи Истиқлол ва якпорчагии Ватани маҳбубамон –Тоҷикистони азиз  аст. Ба ин далел, бояд бо ҳар роҳу васила аз густариши хушунат ва бархӯрдҳои бештар ҷилавгирӣ карда шавад».

Аз сӯи дигар ба гуфтаи ин зиёиён, ҳамакнун, ки "расонаҳои хабарӣ аз имкони шурӯъи дубораи даргириҳо ва амалиёти низомӣ иттилоъ медиҳанд, умед аст, ки  раҳбарияти Тоҷикистон ба баргузории дубораи амалиёти низомӣ иҷоза надиҳад".

Ин зиёиён, роҳи аслии берун рафт аз ин вазъият ва ҳалли бӯҳрони пешомадаро бозгашт ба масири мусолиматомез ва хориҷ намудани воҳидҳои низомӣ аз ҳудуди Бадахшон донистанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi