20:50:37 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДАҲ ЧЕҲРАИ ТАЪСИРГУЗОР ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ 2013

Маҷаллаи "Элита" даҳ чеҳраи калидӣ ё таъсиргузор дар интихоботи президентии 2013-и Тоҷикистонро мурарифӣ кардааст.

/images/stories/2012/08/09_intikhobot-2013-090812.jpgМаҷаллаи "Элита", чопи Душанбе, бо нашри як матлаб дар робита ба интихоботи президентии соли 2013-и Тоҷикистон даҳ чеҳраи калидӣ ва ё таъсиргузор дар ин маъракаи сиёсиро муайян кардааст. Дар ин матлаб сухан на дар мавриди номзадҳои эҳтимолӣ, балки дар бораи афрод ва доираҳое меравад, ки метавонанд дар раванди ин интихобот таъсир бигзоранд.

Маҷалла навиштааст, дар  раванди интихоботи соли 2013-и Тоҷикистон на фақат нерӯҳои сиёсии дохилӣ, балки "қудрат"-ҳое низ ҳастанд, ки берун аз марзу буми ин кишвар мехоҳанд ва ё метавонанд дар тақдири миллату давлати мо "нақши ҳалкунанда" дошта бошанд. Аз ин рӯ, маҷалла чеҳраҳо ва доираҳои таъсиррасон ба интихоботи мазкурро ба ду баста - қудратҳои хориҷ ва нерӯҳои сиёсии кишвар тақсим кардааст.

Ба пояи навиштаи "Элита", доираҳои таъсиргузори хориҷӣ дар интихоботи 2013-и Тоҷикистон Русия, Узбакистон, Амрико ва Чинанд, ки дар симои руасои ҷамоҳири ин кишварҳо Владимир Путин,  Ислом Каримов, Барак Обама ва Ҳу Ҷин Тао зикр шудаанд.

Аммо чеҳраҳои калидӣ ва ё таъсиргузор дар раванд ва натиҷаи интихоботи соли 2013-и Тоҷикистон аз нигоҳи маҷалла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк", Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруф ва Раҳматулло Зойиров, раиси ҲУСДТ, дониста шудаанд.

Ин маҷалла бо зикри сифат ва ҷойгоҳи ин афрод дар арсаи сиёсии кишвар таъкид кардааст, ки онҳо бо ин ва ё он васила метавонанд дар раванди интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии кишвар таъсир бигзоранд. Интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли 2013-ум баргузор шавад.

То кунун танҳо Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раъси он Эмомалӣ Раҳмон меистад, номзади худро муаррифӣ кардааст. Ин ҳизб дар чанд моҳи пеш эълом дошт, ки аз раисиҷумҳури кунунӣ дида, нафареро барои ин мақом арзанда намедонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi