02:22:27 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"БАҲСИ АСЛӢ САРИ ҚИМАТИ ИҶОРАИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН АСТ"

Як манбаи огоҳ тафсилоти музокироти ҳайати низомиёни Русия бо мақомоти Тоҷикистон бар сари пойгоҳи 201-ро шарҳ дод.

/images/stories/2012/08/09_anatoly-antonov-090812.jpgМузокироти ҳайати низомиёни ҳукумати Русия бо Тоҷикистон дар Душанбе дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва бахусус бар сари тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201 ин кишвар дар Тоҷикистон паси дарҳои баста ва бидуни ироаи кадом маълумот ҷараён дорад. Интизор меравад, ки рӯзи 9 август соати 16 муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов дар як нишасти матбуотӣ дар сафорати Русия дар Душанбе парда аз баъзе тафсилоти музокироти кунунӣ бардорад.

То он замон, як манбаи наздик ба музокираҳои ду кишвар дар дуввумин рӯзи ин гуфтугӯҳо ба мо гуфт, қарор аст, дар қадами аввал ҷонибҳо масъалаи пардохти пули иҷораи пойгоҳи 201-ро баҳсу баррасӣ намоянд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, масъалаи тамдиди мӯҳлати будубоши пойгоҳи 201 баъд аз ҳаллу фасли маҳз ҳамин масъалаи баррасӣ хоҳад шуд.

Ин манбаъ,ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, нахост роҷеъ ба қимати эҳтимолии иҷораи пойгоҳ сӯҳбат кунад. Вай танҳо афзуд, пешниҳоди ҷонибҳо бар сари ҳаҷм ва миқдори маблағи иҷораи пойгоҳ аз ҳам тафовут дорад. "Вале як нукта мусаллам аст, ки пойгоҳи 201 ройгон дода намешавад", таъкид кард ӯ. Ҳамчунин, ба таъйиди ин манбаъ "замони ҳузури пойгоҳи мазкур низ ҳатман аз 49 сол камтар хоҳад буд".

Аммо шарту усули пардохт низ метавонад аз роҳҳои дигар ба мисли таълими ройгони шумори муайяни низомиёни тоҷик дар омӯзишгоҳҳои Русия ва низ кӯмак дар таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо асбобу абзори муосири ҷангӣ ва ғайра ба иҷро расад.

Манбаи наздик ба музокирот ахбори бархе аз расонаҳо дар мавриди сафари ҳайати низомиёни Русия бо роҳбарии Анатолий Антонов, муовини вазири дифои ин кишвар ба шаҳри Хоруғи Бадахшонро такзиб кард. Аммо дар иртибот бо имкони мулоқоти муовини вазири дифои Русия бо президенти Тоҷикистон гуфт, ин дидор ба натоиҷи музокироти тарафҳо бастагӣ дорад. Дар сурати анҷоми бобарори музокирот баҳои иҷора ва ҳатто имкон дорад мӯҳлати будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон маълум ва эълон шавад.

Манбаъ афзуд, ҷониби Тоҷикистон дар робита бо натиҷаҳои музокираҳо "хушбин" аст.  Музокироти низомиёни Русия бо Тоҷикистон дар ҳоле идома меёбад, ки ба навиштаи баъзе хабаргузориҳо рӯйдодҳои ахири Хоруғ мавқеи Тоҷикистонро дар музокироти сари пойгоҳ бо Русия “каме заифтар” кард. Баъзе коршиносони рус мегӯянд, куштори генерали Кумитаи амнияти миллӣ ва оғози амалиёти вижаи зидди фармондеҳони саркаш дар Хоруғ “тавонмандиҳои заифи Тоҷикистон”-ро дар мубориза бо беназмиҳо дар кишвар намоиш дод.

Бархе таҳлилгарони рӯ ба Кремл бовар доранд, ки бо назардошти ин чолишҳо, Душанбе ба кӯмаки Маскав ва нерӯҳои Русия ниёз дорад. Вале ба андешаи дигарон, рӯйдодҳои Хоруғ метавонад барои  пофишории Маскав болои қабули шарту шуруташ аз ҷониби Душанбе “як баҳона” шавад.

Имрӯз соати 4-и баъд аз зӯҳр дар сафоратхонаи Русия дар Душанбе Анатолий Антонов, муовини вазири дифои ин кишвар ва роҳбари ҳайати музокиротии Русия дар як нишасти хабарӣ аз натоиҷи кори ҷонибҳо маълумоти муфассал бидиҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi