13:30:15 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РИЗОИЯТИ МАҚОМОТ БАРОИ БЕРУН ОВАРДАНИ НЕРӮҲО АЗ ХОРУҒ

Берун кардани нерӯҳои изофии ҳукуматӣ аз дохили шаҳри Хоруғ ва кӯҳҳои атрофи маркази Бадахшон оғоз шудааст.

/images/stories/2012/08/23_miting-230812.jpgМанбаи мӯътамади мо гуфт, ин тасмим дар пайи тавофуқи Шералӣ Хайруллоев ва Рамазон Раҳимов, вазирони дифоъ ва умури дохилии Тоҷикистон, 24 вакили маҷлиси шаҳрии Хоруғ, гурӯҳи 20-нафарӣ ва намояндагони тазоҳуркунандагон, ки аксаран ҷавонон ҳастанд, ба даст омадааст. Гурӯҳи 20-нафариро дар ин мулоқот Наврӯзмамад Наврӯзмамадов, вакили шаҳрӣ ва раҳбари ин гурӯҳ ва Ёдгор Файзов, раҳбари намояндагии Бунёди Оғохон намояндагӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки қарор буд, соати 11-и имрӯз, 23-юми август, иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси шаҳрӣ баргузор ва вакилон мавзӯи берун кардани нерӯҳои изофӣ аз дохили шаҳр ва атрофи Хоруғро баррасӣ ва тасмими ниҳоиро содир мекарданд. Аммо вазирони дифоъ ва умури дохилӣ ҳамроҳ бо вакилони маҷлиси шаҳри Хоруғ, аъзои гурӯҳи 20-нафарӣ ва намояндагони тазоҳуркунандагон қабл аз баргузории иҷлоси ғайринавбатӣ ба ин тавофуқот даст ёфтаанд, ки дигар зарурати баргузории иҷлоси ғайринавбатӣ намондааст.

Манбаи мӯътамади мо, ки дар мулоқоти чандҷонибаи имрӯз ширкат кардааст, гуфт, санадҳои лозим нисбат ба тавофуқи ба дастомада таҳия шуданд. Ба ин тартиб, берун шудани нерӯҳои изофӣ аз шаҳри Хоруғ ва атрофи он ба қисми низомии воқеъ дар фурудгоҳ ва баъдан ба қароргоҳи доимиашон дар Душанбе оғоз шудааст.

Ҳамчунин, намояндагони тазоҳуркунандагон дар майдони "Ваҳдат"-и шаҳри Хоруғ низ ваъда додаанд, ки бо берун шудани нерӯҳои давлатӣ аз шаҳр ва атроф онҳо низ маҳалли таҷаммӯъро то поёни имрӯз тарк хоҳанд кард. Ҳамзамон манбаи Озодӣ мегӯяд, роҳҳои дохили шаҳр боз шуда ва вазъ рӯ ба оромӣ меорад.

Дирӯз, 22-юми август, масъулини вилояти Бадахшон ба садҳо тазоҳургарони сокини Хоруғ, ки дар майдони Ваҳдати шаҳри Хоруғ хайма заданд, ваъда доданд, ки масоили мавриди нигаронии онҳо дар сессияи ғайринавбатии шаҳр ба баррасӣ гирифта мешавад. Манбаи “Озодӣ” дар маркази вилояти Бадахшон гуфт, тазоҳургарон дар Хоруғ шабро дар майдони Ваҳдат сипарӣ карданд.

Тазоҳургарон талаб доранд, ки дар иҷлосияи ғайринавбатӣ масъалаи аз Хоруғ берун шудани нерӯҳои ҳукуматӣ, истеъфои раиси вилоят ва ҳам шарти қонунӣ шудани тазоҳуроти эътирозӣ баррасӣ шавад. Ин раҳпаймоӣ баъд аз он ташкил шуд, ки субҳи 22-юми август афроди номаълум яке аз раҳбарони гурӯҳҳои гумонбар Имомназар Имомназаровро дар манзилаш ба қатл расонданд.

Додситонии кулл ин шахсро масъули як қатор ҷиноятҳо меномад, дар ҳоле, ки бисёр сокинони вилояти Бадахшон ӯву дигар раҳбарони шӯришии вилоятро афроди "адолатпешаву ҳақҷӯ" меноманд. Ин ҳама дар ҳолест, ки гирдиҳамомадагон гуфтаанд, то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi