18:56:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

М.МУҲАММАДБОҚИРОВ: "МАН ҲОЗИР ЯК "ОБВИНЯЕМЫЙ"

Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров мегӯяд, талаби асосии онҳо ҳамчунон хуруҷи ҳарчӣ зудтари нирӯҳои давлатӣ аз Бадахшон аст.

/images/stories/2012/09/14_muhammadboqirov-140912.jpgИсми Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди неруҳои оппозисиюни тоҷик дар Бадахшон ва полковники собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, баъд аз амалиёти ахири Хоруғ, ки бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт ва зери 70 кушта ба ҷо гузошт, вирди забони расонаҳо шуд.

Мақомот ӯ ва 3 фармондеҳи дигари маҳаллиро ба як силсила ҷиноёти сангин, аз ҷумла қочоқи маводи мухадиру сангҳои қиматбаҳо ва ҳатто ба одамфурӯшӣ айбдор карданд. Аммо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар сӯҳбати ихтисосиаш бо мо ин иттиҳомотро радд кард ва гуфт, зиндагии хеле оддӣ дорад ва дар умраш даст ба чунин корҳои сиёҳ назадааст.

Як ҳадаф аз амалиёти низомӣ дар Хоруғ додани дарси адаб ба фармондеҳони саркаши маҳаллӣ гуфта мешуд. Вале оё ин ҳадаф ба даст омад? Имомназар Имомнзаров, қарори маълум, субҳи 22 август кушта шуд. вале 3 ҳамсафи дигари ӯ дар кадом вазъ қарор доранд ва статуси феълии онҳо кадом аст? Интизороти ин фармондеҳон аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон чист? Ва умуман имрӯзҳо дар Бадахшон чӣ мегузарад? Ин суолҳоро дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар миён гузоштем.

-Дар ҳоли ҳозир шумо дар кадом вазъ қарор доред?

-Мо, ба ростӣ, дар ҳолати интизорӣ қарор дорем ва бар инем, ки боз ягон балои дигар мешавад. Ман ҳоло фақат як обвиняемый.

-Чаро дар чунин андеша ҳастед, ки ягон балои дигар мешавад?

-Чунки баъд аз он коре, ки бо қумандон Имомназар карданд, ман ҳам чунин назар дорам, ки ягон бало мекунанд. Вале мо ҳам аз хаспора дӯхта нашудаем.

-Аммо дар мавриди куштори Имомназар Имомназар сару садоҳо гуногун аст. Ҳатто гуфта мешавад, ки ин кори нафарони худи ӯст?

-Не. Ин кори ҳукуматиҳо аст.

-Барои чӣ ин корро карданд?

-Барои чӣ? Барои онки Имомназар марди бузургвор буд. Дар Хоруғ мо ҳама ӯро гӯш мекардем. Ҳозир Хоруғ бесоҳиб монд. Ҳамин, ки чӯпонро куштанд, гӯсфанд худаш меравад. Лекин онҳо хато карданд. Мо бесоҳиб нестем, намемонем ва нахоҳем монд.

-Бо шумо намояндагони мақомоти тафтишотии Тоҷикистон саволу ҷавоб карданд?

-Бале. Сӯҳбатҳо доштем.

-Аз шумо чиҳо пурсиданд?

-Дар бораи генерал Назаров, ки ӯро куштанд, дуввум дар бораи тазоҳурот (митинг) ва сеюм гӯё ман авбошӣ (хулиганӣ) карда бошам. Шумо агар ба Хоруғ оед, инҷо як мавзее дорем бо номи Бархоруғ, ки онҷо мазор аст. Сарбозҳо дар онҷо мустақар шуданд. Ман онҳоро аз онҷо рондам. Гуноҳи ман ана ҳамин аст.

Ман ҷабрдидаам, чун писарамро куштанд, домодамро куштанд, ҳамсинфамро куштанд. Имомназар барои ман ҳамчун падар буд, вайро куштанд. Ман ҷабрдидаам. Лекин намедонам Тоҷикистон чи гуна қонун дорад, ки ҳоло ман гунаҳкор шуморида мешавам. Ман ғаму ғусса надорам? Тамоман беадолатӣ аст.

-Оё интизор доред, ки дар сафари қарибулвуқӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бадахшон бо шумоҳо низ мулоқот мекунад, шуморо ба ҳузур қабул хоҳад кард?

-Ояд, баъд мебинем. Ҳоло чизе нест. Қабул мекунад, намекунад... хуб ояд, баъд хоҳем дид. Лекин халқи Бадахшону моро наметавонанд ба зону шинонанд. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ намешавад. Инро бояд бифаҳманд ва бидонанд. Мо, вилояти мухторем, Хуҷанд ва Ғарм нестем.

-Агар ин мулоқот баргузор шавад шумо ягон шарту талаб пешниҳод мекунед?

-Ҳатман!

-Талабу шарти шумо чи хоҳад буд?

-Ҳарчи зудтар нерӯҳои ҳарбӣ ва аз ҷумла ин генералҳоро аз Бадахшон барорад.

-Дар мавриди сарнавишти худ Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов низ сӯҳбатҳое хоҳед кард?

-Тақдири ман ҳал аст. Ман халқи худро дар тамоми умрам танҳо намемонам ва намемонам, ки Бадахшон оянду тирпарронӣ кунанд.

-Шумо бар ин назаред, ки бар ҳифзи мардуми худ бархостаед. Аммо мақомот шуморо айбдор меҳисобанд. Далели онҳо чӣ аст?

-Пештар ҳам гуфтам, ки гӯё ман авбошӣ кардаам, митинг ташкил шудааст. Ман ягон дархости дигар надорам, марҳамат ҳарчи коре мекунанд, кунанд, лекин тезтар аз хоки Бадахшон бираванд.

-Мақомот мегӯяд, ки Бадахшон порае аз хоки Тоҷикистон аст ва агар ҳам ки нерӯҳо ворид шуданд ба хоки худи ин кишвар ворид шудаанд. Яъне шумо бар ин боваред, ки ҳузури ин нерӯҳо дар онҷо зарурат надорад?

-Зарурат нест. Онҳо халқро  ба хашм меоранд, раздражат мекунанд. Ҳамин заминфурӯширо ҳам бас кунанд.Замини Бадахшон замини падари онҳо набуд, ки онро ба хитоиҳо фурӯшанд.

-Иттифоқан то ҷое огоҳ шудем шумо яке аз аввалин афсарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон будед, ки баъди тахлияи марз аз тарафи марзбонони Русия  ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Чинро бар ӯҳда гирифтед. Он замон корро аз чи шурӯъ кардед?

-Ҳашт сол хеле заҳмати сангин кашидам дар ҳимояти марзҳои Тоҷикистон. Қисми низомии зери раҳбарии ман яке аз воҳидҳои пешқадамтарин ба ҳисоб мерафт. Аммо беасос маро аз кор берун карданд. Чун ман думи баъзеҳоро зер кардам. Ба миқдори 730 килограмм ҳеройини яке аз мансабдоронро боздошт кардам. Ин ҳодиса соли 2007 буд. Баъд аз он ба ман душман шуданд.

-Рутбаи низомии шумо дар ҳоли ҳозир чӣ аст?

-Полковник.

-Агар аз ҷониби мақомот ба шумо кадом вазифа ва посте пешниҳод шавад қабул хоҳед кард?

-Нахоҳам кард. Ман як бор ба ин дом афтодам, дар соли 1997 баъди ҳамоиш  (интеграсия)-и нерӯҳои ҳарду тараф. Ман бас кардам. Ман барои халқи худам хизмат мекунам. Фақат барои халқ.

-Барои халқ аз чи роҳе хидмат мекунед?

-Халқи худро муҳофизат мекунам, ки ягон аҷнабӣ наояду моро ин тавр номардвор накушад.

-Дар мавриди сабабҳои роҳандозии амалиёти низомӣ дар Бадахшон фикру назарҳои гуногун баён карда мешаванд. Ба назари худи шумо сабаб ин  амалиёт чи буд?

-Ҳарисӣ, пул, ҳадафҳои ғаразнок.

-Вазъи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов чи гуна аст?. Бо онҳо иртибот доред?

-Каму беш.

-Ҳоло низ барои пурсиш аз тарафи мақомоти додситонӣ ё дохила даъват мешавед?

-Не. Ман дигар намеравам. Баъди куштори Имомназар ман бас кардам. Тамом. Бо ягон кас алоқа надорам.

-Чунин сару садоҳо шунида мешавад, ки ба ҷойи Имомназар шуморо роҳбар баргузидаанд?

-Одамро дар вазифа халқ таъин мекунад. Маро ягон кас таъйин накардааст. Агар маро таъйин кунанд, бо камоли майл қабул хоҳам кард. Ҳарчанд ин кори хеле душвор аст, лекин ман халқи худро намемонам.

-Ҳоло роҳбарии афроди Имомназар дар дасти кӣ аст, чун баъзе шоеъаҳост, ки дар дасти нафаре бо исми Хурсанд бо лақаби синнеглазий аст?

-Не, ин ҳарфҳо дурӯғ аст. Ҳоло мо ба кадом хулосае наомадаем.

-Баъди вуқӯи ҳаводиси ахири Бадахшон шуморо ба қочоқи маводди мухаддир, сангҳои қимматбаҳо ва чанд гуноҳи дигар муттаҳам карданд...

-Дар тамоми ҳаётам ман ин корҳоро кардагӣ нестам. Ман як одами оддиям. Як бор оеду хонаи маро бубинед. Баъд дар бораи ман аз халқ пурсед.

-Зиндагии шахсии шумо аз чи ҳисоб пеш меравад?

-Зиндагии ман мисли зиндагии мардумӣ аст. Чи хеле ки онҳо зиндагӣ доранд, ман ҳам ҳамон тавр зиндагӣ дорам. На нафақа мегираму на кадом имтиёзе дорам. Ҳамин гуна мо давлат дорем.

-Ҳоло метавонед бигӯед, ки мушаххастар ба давлати Тоҷикистон  чи пешниҳод доред?

-Пешниҳоди мо ин аст ки ҳарчи зудтар артишро аз хоки Бадахшон берун бароранд.

-Агар кадом таҳдид аз тарафи хориҷа аз берун ба амнияти Тоҷикистон пеш ояд, дар кадом мавқеъ қарор хоҳед гирифт?

-Бадахшониҳо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ  ватани худро намефурӯшанд. Ин дар хуни мо нест. Мо дар хатти аввал меистем.

-Гуфта мешавад, ки Имом Оғохони 4 дар ҳаводиси Хоруғ аз мавқеи ҳукумат ҷонибдорӣ карда, пушти мардуми худро нагирифтааст?

-Мо ин ҳуқуқро надорем, ки тасмиму амри Мавлои замонро иҷро нанамоем. Гуфт, силоҳро ба замин гузоред, ки иҷро кардем, супоридем. Дар охир орзуи ман ин аст, ки ҳарчи зудтар тинҷиву оромӣ бишавад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi