22:30:09 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СӮҲБАТИ РӮ БА РӮИ Э.РАҲМОН БО МАРДУМИ БАДАХШОН

Дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ мулоқоти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми Бадахшон идома дорад.

/images/stories/2012/09/19_emomali-rahmon-190912.jpgПрезидент Раҳмон таъкид кард, аввалин маротиба тамоми фаъолияти роҳбари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи 21 соли корӣ дар робита ба  рушди Бадахшон таҳлил карда мешавад, «мо баъзан рақамҳоро мегӯем, ки чӣ кор кардем, ва оянда чӣ кор хоҳем кард. Дар қисмати охири суханронӣ назароти худро дар ҷодаи таъмини волоияти қонун иброз медорам».

Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни боздидаш аз ноҳияи Рӯшон ваъда дода буд, ки дар маркази вилояти Бадахшон, шаҳри Хоруғ сӯҳбати ошкоре бо мардум хоҳад дошт ва бурду бохти Тоҷикистон, ба хусус вилояти Бадахшондар тӯли 21 соли истиқлолро таҳлил хоҳад кард.

Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Бадахшон, аз ҳадафҳои аслии сиёсати давлати Тоҷикистон аст ва то имрӯз ба хотири беҳбуди вазъи зиндагии сокинони вилоят иқдомоти лозим рӯи даст гирифта шудааст.

Дар ин росто, президент гуфт, агар дар аввалҳои даҳаи 1990 барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Бадахшон ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас ин рақам аз соли 2001 то имрӯз 4 миллиарду 646 миллион сомониро ташкил дода, асосан барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, маорифу беҳдошт, роҳҳо ва буҷети давлатӣ тахсис ёфтааст.

Ба таъкиди раиси ҷумҳур, то имрӯз дар қаламрави Бадахшон 950 иншооти хурду бузург, ба маблағи 1 миллиард сомонӣ барои 200 ҳазор ҷамъияти Бадахшон мавриди истифода қарор гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон: «Маблағи қарзро баргардонед!»

Президент Раҳмон зимни фаъолияти бонкҳо ва амалиётҳои қарздиҳӣ ба сокинон, аз онҳое, ки то ба ҳол қарзи ҳангуфте гирифтаанд, даъват кард, ки онро баргардонанд. Раиси ҷумҳур аз бародари Ёдгор Мамадасламов, аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин минтақа ном бурд, ки ба маблағи 400 ҳазор доллар аз бонк қарз гирифта, вале то ба ҳол барнагардонидааст.

Раиси ҷумҳур таъкид кард, ки дар сафарҳои қаблӣ худаш дастур дода буд, ки ба мардум ва шахсони алоҳида қарз дода шавад, то онҳо ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ машғул шаванд ва аз ин роҳ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоияшонро беҳбуд бахшанд.

Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, ба мардуми ширкаткунанда дар ин мулоқот хитоб кард, ки «магар ман гунаҳкорам, ки мусоидат кардам, то фаъолиятҳои соҳибкории ин афрод бештар шавад ва зиндагиашонро беҳ бахшанд».

Зимнан, бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ, аз ҷумла Толиб Айёмбеков дар мусоҳибааш таъкид карда буд, ки воқеан бо машварати раиси ҷумҳур ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ машғул шудааст ва қарзҳое ҳам аз бонкҳо гирифтааст, вале қисмате аз онро барнагардонидааст».

Ба ин далел нозирони умур таъкиди раиси ҷумҳур дар ҷиҳати баргардонидани қарзро ишораи мустақим ба ин афрод медонанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi