12:47:39 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАРОРДОД ДАР БОРАИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ "ҲАФТАҲОИ НАЗДИК" ОМОДА МЕШАВАД

Масъалаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар меҳвари гуфтугӯҳои Игор Шувалов, муъовини нахуствазири Русия, бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштааст.

/images/stories/2012/09/21_igor_shuvalov_210912.jpgБа гуфтаи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти Президент Раҳмон бо оқои Шувалов маҷмӯъе аз масоили марбут ба "ҳамшарикии истротежик" ва омодагӣ ба сафари қарибулвуқуъи Владимир Путин ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯъи тавсеъаи ҳамкориҳои низомию фаннӣ, аз ҷумла таъйини муҳлат ва шароити будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014-ро баррасӣ кардаанд.

Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора менависад: "Зикр гардид, ки лоиҳаи созишнома доир ба шароити будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 ва як зумра санадҳои дигар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноъат, илму фанноварӣ дар ҳафтаҳои наздик омода мегарданд ва зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон бояд ба имзо расанд."

Оқои Шувалов ҳамчунин алоқамандии кишвараш ба ширкат дар иҷрои тарҳҳои энержии Тоҷикистон, ки дорои аҳаммияти бузурги минтақаӣ мебошанд, аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ва хаттҳои интиқоли нерӯи барқ, иброз доштааст.

Ба гуфтаи манобеъи давлати Тоҷикистон, Президент Раҳмон ҳамчунин дар дидор бо оқои Шувалов масоили марбут ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро матраҳ карда ва хостори коҳиши баҳои нафти воридотӣ аз Русия ба Тоҷикистон шудааст.

Дар зарфи як моҳи ахир ин дидори сеюми мақомоти баландпояи Русия аз Тоҷикистон аст. Дар авосити моҳи гузашта ва дар моҳи ҷорӣ Анатолий Антонов, муъовини вазири дифоъи Русия, бо масъулони вазоратҳои дифоъ ва адлияи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда, аммо ҷузъиёти музокироти онҳо эълом нашудааст.

Женерол Антонов пас аз поёни дидори аввали худ дар ҷамъи хабарнигорон натоиҷи гуфтугӯҳо бар сари тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро "муваффақиятомез" хонда ва гуфта буд: "Ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон зомини амният ва саботи ин кишвар ва минтақа аст."

Зимнан, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии пешини Русия, зимни дидор аз Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта гуфта буд, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди тамдиди ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 сол ба тавофуқ расида ва мумкин аст, дар баҳори соли 2012 миёни Тоҷикистону Русия дар ин замина санади ҳуқуқӣ имзо шавад.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, ба далели ихтилофи назарҳо миёни ин ду кишвар дар мавриди шарту шароити тамдиди муддати пойгоҳи низомӣ ин санад то ҳол ба имзо нарасидааст.

Ахиран хабарҳое дар мавриди имкони тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба муддати 10 сол мунташир шуда, аммо ин хабарҳо аз ҷониби манобеъи расмӣ таъйид нашудаанд.

Аз сӯйи дигар, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Игор Шувалов дар ҳукумати Русия масъули бахши иқтисодӣ аст, дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон имрӯз бо Оқил Оқилов, нахуствазири ин кишвар, масоили иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла, имкони ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар масоили энержӣ ва нақлиётро баррасӣ кардааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi