07:25:15 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОМИЛҲОЕ, КИ ТАМДИДИ ҲУЗУРИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОНРО ТАЪМИН КАРДАНД

Бархе аз соҳибназарону сиёсатмадорон дар арафаи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон бар ин ақида буданд, ки масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин сафар ҳал нахоҳад шуд.

/images/stories/2012/10/07_1-poygohi-nizomi-071012.jpgОнҳо муътақид буданд, ки агар ин масъала мавриди баррасӣ қарор ҳам бигирад, вале тарафҳо ба натиҷае нахоҳанд расид, ки ҷонибҳоро қаноатманд карда битавонад ва шояд ин гуфтушунидҳо то баҳори соли оянда тӯл бикашанд. Зеро тибқи иттилоъоти мавҷуда, мавқеъҳои ҷонибҳои музокиракунанда то сафари президенти  Русия ба Тоҷикистон дар ин масъала аз ҳам хеле дур буд.

Вале дар давоми камтар аз 15-16 соъате, ки Путин дар Душанбе буд, иттифоқе рух дод, ки боҷуръаттарин таҳлилгарони пешгӯикунандаро дар ҳайрат гузошт. Созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид. Созишномае, ки мазмуну мундариҷаи он, ба назари аксари таҳлилгарон, ҷавобгӯйи манофеъи бештар як ҷониб, Русия, аст.

Оё Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан мехост, ки созишномаи мазкур ба ҳамин тарзе, ки аз сӯйи ҷонибҳо қабул шуд, ба имзо бирасад? Ҳадс мезанам, ки шадидан не. Вале илоҷ надошт. Ӯ маҷбур буд, ки ин корро бикунад. Кадом омилҳо раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро водор ба имзои созишномае карданд, ки баъзе аз таҳлилгарон аллакай онро "капитулатсия" (таслимшавӣ) номгузорӣ кардаанд?

Метавон аз чанд омил ном бурд. Албатта, пеш аз ҳама ин вазъи иқтисодии кишвар мебошад. Дар зарфи 20 сол ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон корҳои муъайянеро дар ин самт, бахусус дар самти роҳсозиву ободонии бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҷо овард. Вале масъалаи асосӣ, масъалаи таъмини ҷойи кор барои аҳолӣ ҳамчунон доғ монд.

Чунки тӯли ин вақт мақомот натавонистанд барои иҷрои чунин як вазифаи хеле муҳим заминагузорӣ кунанд, яъне масъалаи камбуди барқро рафъ намоянд. Бидуни барқ ба кор даровардани корхонаҳо ва заводу фабрикҳо, ки барои мардум ҷойи кор таъмин карда тавонанд, ғайримумкин аст. Ҳатто арсаи кишоварзӣ низ дар умум аз ин камбуди барқ ранҷ мекашад.

Ҳамин аст, ки теъдоди муҳоҷирини корӣ сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Ҳатто Путин дар нишасти матбӯъотии рӯзи ҷумъа, ки дар чорчӯби ин сафар баргузор гардид, теъдоди муҳоҷирони кориро беш аз як миллион гуфту маблағи дар соли 2011 ба Тоҷикистон фиристодаи онҳоро зиёдтар аз 3 миллиярд доллари омрикоӣ ҳисоб кард.

Ҳол он ки омори расмии Тоҷикистон ин рақамҳоро кӯчактар нишон медиҳад. Акнун лаҳзае тассаввур кунед, ки дар кишваре, ки мехоҳад ҳузури низомияшро дар хоки Тоҷикистон тамдид кунад, вуҷуд доштани беш аз як милюн нафар қувваи корӣ чӣ маъно дорад ва дар сурати бо мушкилоти бекорӣ дучор шудани ин як милюн нафар чӣ паёмадҳое Тоҷикистонро мунтазир аст.

Омили дигаре, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро водор ба имзои ин созишнома кард, ба фикри банда, вазъи кунунии дохилии Тоҷикистон аст. Дар ду-се соли ахир аз сӯйи баъзе аз мақомоти ҳукумат ба манзури мустаҳкам кардани пояҳои ин ҳукумат амалҳое пиёда шуданд, ки ба ваҳдати миллии кишвар, ки акнун баъди ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба мустаҳкам шудан дошт, латма зад.

Ман дар назар дорам бархурди носолими ҳукуматро бо бархе аз уламои саршиноси исломӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ахиран амалиёти низомиеро, ки дар Хоруғ анҷом шуд.

Кор ба дараҷае расид, ки чанд нафар аз зиёиёни Бадахшон ба Русия паноҳанда шуда ва дар он ҷо ошкору ниҳон зидди ин ҳукумат садо баланд мекунанд.

Аслан иддае аз уламои ислом (барои мисол бародарон Тӯраҷонзодаҳо) низ чун мавқеъашон ин ҷо танг шуд, минбари хешро дар ҳамин Русия пайдо карданд.

Агарчи дар тафовут бо бархе дигар аз мухолифони ҳукумат бародарон Тӯраҷонзода дар мавъизаҳои худ ба масоили сиёсии Тоҷикистон дахолат намекарданд, вале сиёсати Путинро дар масъалаи муносибат бо дин дастгирӣ менамуданд. Онҳо аз муҳоҷирони корӣ даъват ба амал меоварданд, ки ба қонунҳои Русия эҳтиром гузоранд, ки ин албатта кори хуб аст. Фикр мекунам, ки дар ин кор дигар ба шарҳу эзоҳ эҳтиёҷ намондааст.

/images/stories/2012/10/07_2-poygohi-nizomi-071012.jpg

Дар ҳамин ҳол, вазъи байналмиалии Тоҷикистон низ дар ин авохир ба манфиъати давлати тоҷикон ҷараён надошт. Ӯзбекистони ҳамсоя дар баробари роҳбандиҳо, ки ба иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ ворид кард, дар арсаи дипломатия низ дар масъалаи роҳ надодан ба бунёди нерӯгоҳи обии "Роғун" корҳои зиёдеро анҷом дод. Ҳамин буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" то як муддати муъайяне худдорӣ намояд.

Ҳамин чизро ба Тоҷикистон мақомоти Амрико низ тавсия доданд. Хулоса, Амрико ва Аврупо дар ин масъалаи барои Тоҷикистон хеле муҳим камфаъъолиятӣ ва бетафовутӣ аз худ нишон доданд. Кор ба ҷое расид, ки тибқи баъзе хабарҳо, ҳукуматдорон маҷбур шуданд муддати кӯтоҳ ҳам бошад, дар бунёди "Роғун" таътил эълон кунанд ва наздик ба панҷ ҳазор корманди он ҷойи худро дар саффи муҳоҷирони корӣ ҷӯё бишаванд.

Муносибати Амрико ва НАТО бо ҳукумати Афғонистон низ, ба андешаи банда, таъсири худро дар чунин тасмимгириҳо гузоштааст. Бархӯрди низомиёни амрикоӣ бо мардуми ғайринизомӣ дар Афғонистон, бумборони маҳаллаҳои маскунӣ, ҳукумати Афғонистонро дар бисёр масъалаҳо бо мушкилоташ танҳо гузоштан, сиёсатмардони Тоҷикистонро ба андешидан водор сохт.

Мақомоти Тоҷикистон, ки таҳаввулоти Афғонистонро ҳамчун давлати ҳамсоя дақиқ пайгирӣ менамоянд, ба амиқ андеша кардан дар масъалаи ин ки оё месазад дар оянда пурра ба Амрико эътимод кард ё не, водор шуданд. Ба эҳтимоли зиёд ҳукуматдорони Тоҷикистон ба ин савол барои худ посухи манфӣ гирифтанд.

Омили дигаре, ки дар ба имзо расидани ин созишнома таъсиргузор аст, албатта интихоботи дар пеш истодаи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 дар Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти он чи болотар зикр кардем, хуб медонад, ки мавқеъи Русия дар ин масъала ҳалкунанда аст.

Агарчи дар Тоҷикистон ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз касе ба ҳайси номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар ин интихобот пешбарӣ нашудааст, вале пайдо шудани чунин як шахсияти сиёсӣ дар сурати ба он ниёз доштани нирӯҳои дохиливу берунӣ дар чунин як вазъияте аз эҳтимол дур нест.

Талошҳои ахири бархе аз аҳзоби сиёсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон низ аз ҳамин ният гувоҳӣ медиҳанд. Хулоса, ҳамаи ин авомил дар якҷогӣ боъис шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия ба шароите розӣ шавад, ки чанде пеш ҳатто таҳаммули шунидани онро надошт.

Эмомалӣ Раҳмон дар баёнияи матбӯъотии хеш ин сафари "сарвари Русияи дӯстро" саҳифаи ҷадиде дар таърихи ғании муносиботи ин ду давлат номид. Оё ин маънои онро надорад, ки аз ин ба баъд Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ миёни кишварҳо авлавияти бештареро ба Русия қоил мешавад? Ба ин суол таҳаввулоти ояндаи на чандон дури Тоҷикистон посух хоҳад дод.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 salim 07.10.2012 15:22
putin dar in fikr ast ki chiguna mardumi tjk ro fireb dihad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi