00:47:12 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/10/01_--01-maslisi%20oli_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/10/01_--01-maslisi%20oli_1.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/10/01_--01-maslisi%20oli_2.jpg'

ҚОНУНИ ЗАБОН ҚАБУЛ ШУД

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Қонун дар бораи забони давлатиро бо 57 раъйи тарафдор ва ду мухолиф қабул кард.

 

Пешниҳоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар мавриди изофаи форсӣ бар исми забони тоҷикӣ рад шуд. Аммо вакилон як тағйироти дигареро қабул доштанд ва он ҳам иҷозаи нашри пайғомҳои тиҷоратӣ бо забонҳои дигар мебошад. Дар тарҳи қаблӣ рекламаҳо танҳо бо забони тоҷикӣ бояд нашр мешуданд. Дар тарҳи нав забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо зикр нашудааст ва Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистӣ аз ин норозигӣ кард.

 

Вале ба андешаи Ғаффор Ҷӯраев, раиси Комиссияи татбиқи қонуни забон, мақоми забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ ва узбакӣ дар Сарқонуни Тоҷикистон возеҳу равшан зикр шудааст. Дар қонуни ҷорӣ гуфта мешавад, ки дар маҳалҳои зиндагии сарҷамъонаи ақаллиятҳои миллӣ забони онҳо истифода мешавад. Ин нуктаи қонун, ба гуфтаи Ҷӯраев ба ҷорӣ қардани коргузорӣ ба забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ мамониат мекунад.

 

Дар тарҳи нави Қонуни забон дар қиёс бо қонуни мавҷуда кадом забони хосе зикр намешавад. Дар моддаи 4-и он омадааст, ки миллатҳо ва халқиятҳои дигари Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ба истифодаи озодонаи забони модариашон ҳақ доранд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854