07:25:28 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ КАБИРИРО БА ДОДГОҲ КАШИДААСТ

Шаҳрдори Душанбе алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҲНИТ, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз болои Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагон, ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.

/images/stories/2012/11/15_muhiddin-kabiri-151112.jpgЯк корманди шӯъбаи умумии Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 15-уми ноябр ин хабарро дар сӯҳбат бо мо тасдиқ карда гуфт, номаи шикоятӣ дар охирҳои ҳафтаи гузашта ба дасти онҳо расида буд. Аммо дар хусуси ин ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар аризаи худ мушаххасан аз кадом амал ва ё ҳарфи Муҳиддин Кабирӣ шикоят кардааст, корманди шӯъбаи умумии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфт, ки аз ин масъала муфаттишон огоҳанд.

Бо ин ҳол, ба қавли манбаъ, азбаски маҳалли ҷойгиршавии Маҷлиси Намояндагон ба қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ тааллуқ дорад, аз ин рӯ, аризаи шикоятии шаҳрдорӣ низ ба Додгоҳи ин ноҳия фиристода шудааст. Манбаъ гуфт, ин нома ҳоло дар дасти муфаттишон аст.

То ҳол мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ин масъала ҳарфе нагуфта ва даъвои худро ҳам шарҳ надодаанд. Вале яке аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи рӯзи 12-уми ноябри ҳукумати шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ба мо гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мавриди нигарониҳои Муҳиддин Кабирӣ оид ба буридани дарахтҳо дар шаҳри Душанбе бо хашм сӯҳбат карда ва дар ин ҷаласа гуфтааст, ки зидди Муҳиддин Кабирӣ ба додгоҳ шикоят мебарад.

Қаблан Муҳиддин Кабирӣ дар як матлабе, ки таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” (Тоҷнюс) дар хусуси дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш карда буд. Ҳукумати Душанбе дафъатан ба ин ҳарфҳои Кабирӣ посух дода, нигарониҳои раиси ҲНИТ-ро бепоя хонд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат бо мо ба посухи шаҳрдорӣ ҷавоб гардонида гуфта буд, ки "даври дӯғу пӯписа ва воҳимаҳо кайҳо гузаштааст ва ҳатто ин гуна шеваи раҳбарӣ низ дигар ба кор намеравад. Беҳтар аст, бо тафоҳум ва орому бидуни асабоният сӯҳбат кард ва ба шаҳрвандон низ имкон бояд дод, то танқид кунанд ва эрод бигиранд."

Дар чанд моҳи пеш низ шаҳрдории Душанбе шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро барои нашри матлабе интиқодӣ ба додгоҳ кашонид ва додгоҳ низ ин қазияро ба нафъи шаҳрдорӣ ҳал кард ва ҳатто шабакаи телевизион муваззаф шуд, ки аз шаҳрдорӣ узр пурсад. Аммо шабакаи аввал на танҳо узр напурсид, балки барномаи муфассале дар бораи матлабаш ва иддаои шаҳрдориро нашр кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi