20 СОЛ БАЪД. ДАРЁФТИ ҒОЯИ МИЛЛӢ ҲАНУЗ ҲАМ МАСЪАЛА АСТ
Эмомалӣ Раҳмон аз мардум даъват кард, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр - Ватани ягонаи мо» даври ҳам оянд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 16-уми ноябр дар ҷаласаи ботантанаи 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар толори Кохи Борбад сухан мекард, Иҷлосияи 16-ум дар моҳи ноябри соли 1992-ро, ки ӯро сари қудрат овард дар таърихи миллати тоҷик «ҳалкунанда» унвон кард ва гуфт, ки ин нишасти «тақдирсоз» низоми нави давлатдориро ба вуҷуд овард.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ситоиш аз дастовардҳои ҳаводиси 20 соли пеши Хуҷанд гуфт, ин ҷаласаи "муҳим" "барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасида аз оташи ҷанги харобиовар", барои "барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии худ аз аҳзоби мухолифи солҳои навадум ва низ бархе аз сафоратҳои хориҷӣ, ки ба мухолифин кӯмак кардаанд, бидуни зикри мушаххаси ном, интиқод кард.
Ҷаноби Раҳмон баъд аз арзёбии гузаштаи начандон дур чанд масъаларо барои имрӯзи кишвар муҳим арзёбӣ кард: «Ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи Тоҷикистони соҳибихтиёр ватани ягонаи мо мебошад. Дар шароити гуногунфикрии ақидавӣ ва сиёсӣ ба даст овардани чунин ғоя бисёр мушкил ва баҳсангез аст.»
Аммо аз онки суханрониҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз тавсиф ва тамҷиди дастовардҳои бист соли зери раҳбариаш иборат буд, мухолифин ин чорабиниро чун баҳонаи дигари ситоиши раиси ҷумҳур ва бузург ҷилва додани нақши ӯ дар истиқлолияти кишвар мешуморанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин ин ҷаласа на танҳо овозхонҳои касбӣ бар мадҳу ситоиши роҳбари давлат, ҳатто кӯдакони синни мактаб низ ҷалб шуданд, ки низ дар васфи Эмомалӣ Раҳмон сурудхонӣ карданд. Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо ташаккур аз ин кӯдакон, тарафдори чунин шеваи таҳияи ҷаласаҳо будани худро пинҳон накард.
Як нуктае дигар, ки раиси ҷумҳурӣ рӯи он ба такрор таъкид кард, ҳифзи ваҳдат ва якпорчагии миллат буд. Оқои Раҳмон дар ҳоле аз фаъолияти бархе аз созмон ва аҳзоби сиёсӣ интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ, гузаштаи на он қадар дурро фаромӯш карда ва ҳоло ҳам бозичаи дасти хоҷагони хориҷианд. Аммо намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, бо онки раиси ҷумҳурӣ худ аз ваҳдат сӯҳбат мекунад, аммо дар амал кораш ба ранги дигар аст. Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, дар ҷаласаҳои умумимиллӣ амдан намояндагони бархе аз аҳзоб даъват намешаванд.
То ҳол аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро ба худиву бегона ҷудо кардаанд ва ин аз паст будани фарҳанги сиёсӣ низ гувоҳӣ медиҳад. Дар тамоми идҳои хуссусияти умумиллӣ дошта, масалан, Рӯзи иди Забон, Қонуни Асосӣ, Ваҳдати миллӣ бештар ҳизбиёне даъват мешаванд, ки аз роҳбари давлат таъриф ва тавсиф мекунанд. Ба фарқ аз ҷаласаҳои мушобеҳ ин навбат Эмомалӣ Раҳмон баъди ҷаласа вориди толор шуда ва бо онҳое, ки дар гузашта шинос буд, дидорбинӣ кард. Ва ба ҳангоме, ки аз назди қатори сафирон радд мешуд гӯшнишон кард, ки ҳаводиси бист соли пеши Тоҷикистонро амиқ ва дуруст таҳлил намоянд.
Дар тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва инак 20 сол боз ба Тоҷикистон ҳукумат меронад. Мунтақидони раиси ҷумҳур мегӯянд, як мероси аслии сессияи 16-ум оғози давраи худкомагӣ дар Тоҷикистон аст, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ танҳо муддати кӯтоҳе аз озодиҳои сиёсӣ бархӯрдор буд. Ба гуфтаи мунтақидон, сессияи 16-ум ба сурати умум рисолати аслии худ - хотима гузоштан ба ҷангро иҷро накард ва миссияаш танҳо ба дигар кардани ҳукумат маҳдуд шуд.
«Озодӣ»