ДИДОРИ САФИРИ НАВИ АМРИКО БО РАҲМОН
Амнияти минтақаӣ, масоили иқтисодӣ ва рушди демукросӣ аз авлавиятҳои аслӣ дар фаъолияти сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон унвон шудааст.
Кеннет Гросс рӯзи ҷумъаи 2 октябр зимни таслими эътиборнома ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки кишвараш кумакҳои худ ба ин кишвар дар таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза алайҳи террурисм, бунёдгароӣ ва қочоқи маводди мухаддирро дар оянда низ идома хоҳад дод.Оқои Гросс таъкид кард, ки дар солҳои 2002 то 2004 ӯ ба ҳайси муъовини сафири Амрико дар Тоҷикистон фаъолият карда ва аз ин лиҳоз, бо вазъи иқтисодию сиёсӣ ва амниятӣ дар ин кишвар ошност.
Гуфта мешавад Амрико ба Тоҷикистон умдатан дар бозомӯзии афсарони нерӯҳои марзбонӣ, таъмини таҷҳизоти мудерни фаннӣ барои посгоҳҳои марзӣ ва таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои ин нерӯҳо кумак кардааст.
Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Маркази омӯзишӣ барои марзбонони тоҷик дар моҳи майи соли ҷорӣ гуфта буд, ки аз замони истиқлоли Тоҷикистон то ба ҳол кишвараш барои тармим ва бо таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз сохтани посгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон садҳо милюн дулор ихтисос додааст.
Зимнан, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ҳиллари Клинтон, вазири хориҷаи Амрико ва Ричард Ҳолбрук, намояндаи ин кишвар дар Афғонистону Покистон, дар шаҳри Ню Йурк дар ҳошияи кори Маҷмаъи Умумии СММ масоили амниятӣ дар авлавият қарор дошт.
Дар ин мулоқот таъкид шуд бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо терурисм, бунёдгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, ки аз Афғонистон сарчашма мегирад, қарор дорад, ҷомеъаи ҷаҳонӣ, бахусус Амрико, дар ин росто бояд мизони кумакҳо ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик мегӯянд, ки кумакҳои Амрико бештар ба бахшҳои амниятию дифоъи Тоҷикистон ихтисос ёфта ва саҳми ин кишвар дар бахши иқтисодии Тоҷикистон ночиз аст.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси мустақил, гуфт, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои марзбонии Русия аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар тобистони соли 2005 нигарониҳо дар мавриди тавоноии марзбонони тоҷик барои муроқибат аз ин марз вуҷуд дошт. Аммо ба гуфтаи оқои Маҳмадазимов, бо мусоъидати Амрико ва Иттиҳодияи Урупо посгоҳҳои марзӣ бо таҷҳизоту васоили муосир муҷаҳҳаз шудаанд ва ҳамакнун нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз имтидоди 1400-килуметрии марзи ин кишвар бо Афғонистон бахубӣ ҳифозат мекунанд.
Ҳамзамон, Абдулғанӣ Маҳмадазимов таъкид кард, ки Амрико дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба иқтисоди ин кишвар саҳми чандоне надоштааст. Кеннет Гросс, сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон бо ишора ба ин нукта гуфт, ки ҳоло кишвараш ба манзури ислоҳи ин вазъ ба Тоҷикистон барои эҷоди шароити мусоъиди сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ ва хусусии ин кишвар кумак хоҳад кард.
Оқои Гросс раванди рушди демукросӣ дар Тоҷикистонро яке дигар аз авлавиятҳои фаъолияти ояндааш дар ин кишвар унвон кард. Сафири ҷадиди Амрико гуфт, ки нахуст ин кишвар дар садад аст дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон дар мавриди наҳваи баргузории интихоботи демукротику ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ ва эҷоди шароити баробар барои номзадҳои аҳзоби сиёсӣ давраҳои омӯзишию кунфронсҳо баргузор кунад.
Би-Би-Си