06:36:02 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МИРҲУСЕЙН НАРЗИЕВ: ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ҶАМЪБАСТИ ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БУД

Он чуноне, ки маълум аст, аз оғози ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон муборизаи шаҳрвандони  Хатлонзамину Вахшонзамин баҳри дифоъ аз ҳукумати Конститутсионӣ оғоз гардида, баъдтар барои дастгирии онҳо ҷавонмардони водии Ҳисор таҳти роҳбарии собиқ раиси Шӯрои Олӣ Сафарал Кенҷаев Фронти Халқии Точикистонро (ФХТ) таъсис доданд, ки ҳама якҷоя таҳти як шиор «барои барқарор гардонидани роҳбарият ва ҳукумати қонунии то 7 майи соли 1992 амалкунандаи ҶТ» мубориза бурданд.

/images/stories/2012/11/25_safarali_k25112012.jpgМақсади асосии даъвати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (ШО) дар ш. Хуҷанд низ аз барқарор намудани ҳукумати дар интихоботи Президентии аз ҷониби аксарияти тоҷикистониён интихобшуда - Раҳмон Набиев буд, ки дар ин хусуc   роҳбари бахши вилояти Кӯлобии  ФХТ С. Сафаров дар оғози кори Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олӣ ба ҳозирин гуфта буд: «Мо бо роҳи ҳақ равонем. Муборизаи мо ба хотири роҳбарони ҳукумату давлати интихоб кардаи халк, риояи конститутсия ва қонунҳои ҶТ аст»…

Дар хусуси даъвати Иҷлосия XVI ШО, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба эътидол овардани авзои сиёсии мамлакат, собиқ раиси Шӯрои Олӣ шодравон С. Кенҷаев борҳо бо Президенти мамлакат Р. Набиев, аксарияти вакилони Парлумон, ки ҷонибдори ҳукумати Р. Набиев буданд, маслиҳат ороста, ба хуллосае омада буданд, ки бояд Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳр ё ноҳияе даъват карда шавад, ки вакилони парлумон тавонанд бидуни фишору таъқиб озодона баёни андеша намоянд. Ин интихоб ба шаҳри Хуҷанд мувофиқ афтода буд.

Аммо даъвати Иҷлосияи ШО ба ваколати раёсати Шурои Олӣ таҳти роҳбарии А. Искандаров буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ӯ ба баргузории чунин Иҷлосия ва истоъфо аз мансаб манфиатдор набуд. Вазъияти мамлакат бошад рӯз ба рӯз муташанниҷтар шуда, оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба минтақаҳои дигар ҳамарӯза таҳдид намуда, аз ҳар ду ҷониб талафотҳои азими ҷонӣ ба назар мерасид.

Аз ин лиҳоз роҳбари ФХТ С. Кенҷаев мувофиқи маслиҳатҳои пешакӣ бо бахшҳои вилоятҳои Кӯлобу, Қӯрғонтеппагии ФХТ, рӯзи  24 октябр вориди Душанбешаҳр шуда, ба гирифтани қарори ШО оид ба даъвати Иҷлосия XVI ШО ба таърихи 26 октябр (оғози Иҷлосия соати 17) дар шаҳри Хуҷанд, аризаи истеъфои раёсати ШО бо роҳбарии А. Искандаров ва роҳбарияти ҳукумати Муросои миллӣ А. Абдуллоҷонов муваффақ гардид.

Чун Искандаров ба аҳдаш вафо накард ва Иҷлосия дар вақти эълоншуда баргузор нагардид, бахши ФХТ дар водии Ҳисор маҷбур шуд, ки роҳи оҳани Душанбе -Тирмезро бурида ӯро водор намояд, ки ба баргузории Иҷлосия оҷилан шурӯъ намояд. Ҳамин тариқ С. Кенҷаев ба даъвати Иҷлосияи ШО муваффақ гардид. Пас аз эълони навбатии  кори Иҷлосия “элита”-и Хуҷанд ба мушовирони хориҷиашон ба бозиҳои пасипардагии зидди ҳукумати Р. Набиев шурӯъ намуданд.

/images/stories/2012/11/25_rahmon-16-2511201223.jpgАниқтараш дар сари қудрати сиёсии Тоҷикистон боқӣ мондани ҳукумати Р. Набиев ва ШО бо роҳбарии С. Кенҷаев ба таъбу завқи онҳо ва кишварҳое, ки дар пасманзари ҳодисаҳои даҳшатзои Тоҷикистон қарор доштанд, мувофиқ набуд. Ин кишварҳо  ҳанӯз аз баста шудани созишнома миёни Тоҷикистону Покистон оид ба бунёди НОБ – и Роғун ба муқобили ҳукумати Р. Набиев ба мубориза шурӯъ намуда, аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар ҷустуҷуи нафаре, ки аз таҷрибаи давлатдорӣ камогоҳ буда, барои татбиқи ҳадафҳои геополитики он кишварҳо мусоидат намояд, машғул буданд. Ин интихоб қабл аз оғози Иҷлосия ба номзадии Э. Раҳмон мувофиқ афтод.

Ин буд, ки рӯзҳои аввали оғози кори Иҷлосия Президенти аз ҷониби аксарияти аҳолии Тоҷикистон интихобшуда - Р. Набиев ба Қасри Арбоб даъват карда нашуд. Гузашта аз ин аз рӯи маслиҳатҳои пешакӣ ба хотири он, ки С. Кенҷаев: 1) ба аз байн бурдани институти Президент муқовимат накунад; 2) аз Президенти қонуни Р. Набиев пуштибонӣ накунад; ва 3) ба тақсими мансабҳо халал нарасонад, ӯро бо роҳи фиреб аз толори Иҷлосия берун даъват намуда, дуздида ба шаҳри Ташкент  бурда шаш шабонарӯз дар зиндони ВКД Узбакистон боздошт намуданд.

Танҳо замоне, ки ҳазорҳо нафар сокинони ноҳияи Зафаробод раиси ҳукумати ноҳияро даъват намуда, аз ӯ талаб намуданд, ки … “дар сурати оҷилан ҳозир нашудани С. Кенҷаев ба кори Иҷлосия, гирдиҳамомадагон ба Қасри Арбоб равона хоҳанд шуд”, дастандаркорони вилоят ва ҳукумати Узбакистон ноилоҷ ӯро ба толори маҷлисгоҳ бозгардонд. Президенти қонунии Тоҷикистон Р. Набиев бошад, танҳо пас аз ба вазифаи раиси ШО интихоб шудани Э. Раҳмон ба кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (ба хотири гирифтани аризаи истеъфояш) даъват карда шуд.

Аммо далелҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки масъалаи истеъфои Президенти Тоҷикистон Р. Набиев дар рӯзномаи Иҷлосия набуд. Ӯ аризаи хаттии истеъфо ба раёсати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пешкаш накарда буд. Ӯ ҳамчунин оид ба сабабҳои ба истеъфо рафтанаш ба унвони раёсати ШО баёноте нанавиштааст. …

Аз ин рӯ бинобар дахолати ошкорои кишварҳои хориҷӣ ба кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ он ҳадафҳое, ки ФХТ (аз ҷумла бахши Кӯлобии ФХТ бо роҳбарии С. Сафаров) дар пеш гузошта буд, комёб нашуд. Аниқтараш Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳукумати Конститутсиониро бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон Р. Набиев, ки аз ҷониби аксарияти аҳолии Тоҷикистон интихоб шуда буд, барқарор накард. Бо ин далел Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ идомаи табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон буд.

Мирҳусейн  Нарзиев, Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi