19:39:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"КЛУБИ ПРЕЗИДЕНТҲО" ДАР ИШҚОБОД ҶАЛАСА КАРД

Сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Ишқобод як эъломия ба имзо расонданд. Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ баргузор шуд.

/images/stories/2012/12/06_klub-president-61212.jpg

Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия  Владимир Путин мегӯяд, ки раҳбарони кишварҳо дар масъалаи тамрини муштараки зидди терроризм ва мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷудоихоҳӣ ва ҷинояткории муташаккилона ба мувофиқат расиданд.

Песков илова намуд, ки президентҳо ҳамчунон масъалаи ҳамоҳангӣ дар иктишофи молии миёни кишварҳои муштаракулманофеъро арзёбӣ карданд. Аз байни 11 президенти кишварҳои муштаракулманофеъ дар мулоқоти Ашқобод 8 нафар ҳузур доштанд. Бо сабабҳоим мухталиф раҳбарони аввали Қирғизистон, Молдова ва Озарбойҷон ба Ишқобод наомаданд.

Нашрияи маъруфи Русия "Комсомолская правад" ин ҳамоишро ба "вохӯрии ҳамкурсони собиқ" монанд кард ва навишт, дар он натиҷаи муҳиме ба даст наомадааст. Қаблан низ ҳамоиши раҳбарони ИДМ-ро матбуот "ҷаласаи клуби президентҳо" унвон карда буд.

Интизор мерафт, ки дар ин ҳамоиш далелҳои қатъии зарурати ИДМ ва рушду таҳкими он баррасӣ мешуд, аммо дар ҷаласа бо даъватҳои президенти Русия, Владимир Путин ба иттиҳоди "наздиктар"-и кишварҳои узв сӯҳбати амиқе ҷараён наёфт.

Сар аз моҳи январ раҳбарии даврии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аз Туркманистон ба Беларус мегузарад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi