Э.РАҲМОН ДАР ЖЕНЕВА УЗВИЯТ БА СҶТ-РО БАҲС МЕКУНАД
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии тиҷорат озими Швейтсария гардид. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҷаласа дар шаҳри Женеваи Швейтсария масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба созмони ҷаҳонии тиҷорат баҳс хоҳад шуд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро раҳбарони блоки иқтисодии кишвар ҳамроҳӣ мекунанд ва интизор меравад, ки даъвати расмиро барои узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат дарёфт хоҳанд кард. Ният аст, ки Тоҷикистон то нимаҳои соли 2013-ум узви комилҳуқуқи ин созмон гардад.
Тоҷикистон моҳи майи соли 2001 ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) дархост оид ба дохилшавӣ ирсол намуда буд. СҶТ зиёда аз 150 кишвари дунёро дар бар гирифта, ҳудуди 90 дарсади тиҷорати ҷаҳон дар доираи қоидаҳои ин созмон сурат мегирад.
Барои узвият дар ин созмон Тоҷикистон розӣ шудааст, ки баландтарин ҳадди боҷи воридотии худро 8.0 дарсад таъин кунад ва аз талаби ҳама гуна пардохтҳои дигар даст кашад.
Ҳоло ин боҷ барои маҳсулоти кишоварзӣ 10.4 ва ғайри кишоварзӣ 7.8 дарсад аст. Тоҷикистон ҳамчунин ваъда додааст, аз амалҳое даст кашад, ки ҳаққи ворид кардани молу колоро ба ин кишвар маҳдуд мекунанд. Он акнун ба татбиқи яксони талабҳои СҶТ дар саросари кишвар, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мавзеъҳои наздимарзӣ иқдом хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон аз аввали раванди дохилшавӣ ба СҶТ то ба имрӯз зиёда аз 100 адад ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба талаботи созмони мазкур қабул гардидаанд. Аз ҷумла дар ин марҳила Кодексҳои гумрук, андоз, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии судии иқтисодӣ, қонунҳо дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ ва ғайра мавриди амал қарор дода шуд.
«Озодӣ»