12:59:17 27-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДЕМОКРАТҲОИ ТОҶИК. ГОМ БА СӮИ ИТТИҲОД Ё ПАРОКАНДАГИИ БЕШТАР?

Анҷумани 11-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси раиси нави ин ҳизб интихоб кард. Ин анҷуман бо иштироки 86 нафар вакил аз ҳавзаҳои минтақавии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе рӯзи 23-уми декабр баргузор шуд.

/images/stories/2012/12/24_raisinav-241212.jpgДар ин анҷуман, ки онро кумитаи тадорукоти Ҳизби демократи Тоҷикистон даъват кард, танҳо ду масъала -- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб ва интихоби раиси нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вакилон сараввал ба Оинномаи ҳизб чанд тағйирворид карданд, ки ҳамакнун раиси ин ҳизб ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад.

Ба ҳайси номзад ба раисии Ҳизби Демократи Тоҷикистон се нафар Мамлакат Ҷайҷиева, Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Ахмедов пешбарӣ карда шуданд. Аммо Мамлакат Ҷайҷиева аз пешниҳоди номзадии худ ба ин мақом, худдорӣ намуд.

Абдуҷалол Розиқов, роҳбари комиссия интихоботии Ҳизби демократ натиҷаи овоздиҳии пинҳониро миёни ду номзад Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Ахмедов чунин эълон дошт: “Дар қутти интихоботӣ 86 варақи овоздиҳӣ мушоҳида шуд. Ба тарафдории Исмонов Саидҷаъфар 75 овоз ва ба тарафдории Равшанбек Ахмедов 11 овоз дода шудааст. Саидҷаъфар Исмонов раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон интихоб шуд”.

Узви собиқи Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон ва мудири пешини маркази техникии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов, соли 2006 дар ҳоле ба Ҳизби демократ пайваста буд, ки ин ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуда буд. Як ҷиноҳро муовини раиси ҳизб Раҳматулло Валиев сарварӣ мекард ва тарафдорони ӯ мехостанд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки бо ҳукми додгоҳ ба сирқати амволи иттиҳодияи "Тоҷикгаз" айбдор ва зиндонӣ шуда буд, ба ҳайси раҳбари ҳизб боқӣ монад.

Мухолифони ин ақида бо номи "Ватан" ҷиноҳеро таъсис дода буданд, ки ба он Масъуд Собиров, раиси феълии физб, раҳбарӣ мекард ва дар он рӯзҳо буд, ки Собиров Саидҷаъфар Исмоновро ба ҳизб ва ҷиноҳи "Ватан" овард.Дар поёни соли 2006 ва моҳи январи 2007 Собиров ва Исмонов ҳар кадом бо баргузории ҳамоиши тарафдорони худ раиси ҲДТ интихоб шуданд, аммо Вазорати адлия анҷумани баргузоркардаи Собировро қонунӣ хонда, ӯро дар мақоми раиси ҳизб эътироф кард. Собиров дар соли 2008 Саидҷаъфар Исмоновро барои зарба ба эътибораш ҳамчун раиси ҳизб ба додгоҳ кашид ва пирӯз гашт.

Баргузории Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ ва интихоби раиси нави он дар ҳолест, ки раиси расмии Ҳизби демократи Тоҷикистон Масъуд Собиров даъвати ин анҷуман ва қарорҳои қабулкардаи онро ғайриқонунӣ мехонад.

/images/stories/2012/12/24_masud-sobirov-241212.jpg​​Ҷаноби Собиров рӯзи 23-уми декабр дар сӯҳбат ба мо гуфт,  ки ӯ аз ин даъват шудани ин анҷуман хабар надорад: “Маро ба ин анҷуман даъват накардаанд ва ман намедонам, ки инҳо кистанд, ки анҷумани ғайринавбатиро баргузор кардаанд, дар ҳоле ки раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон фаъол аст. Сабаби хомӯшии мо ин аст то бубинем, ки ин анҷуманро аз паси парда  киҳо идора мекунанд.”

Собиров афзуд, ба тахмини вай, даъвати анҷумани ғайринавбатӣ, кори дасти Табаралӣ Зиёев, собиқ узви раёсати ҳизби демократӣ аст, ки "бо гуруҳбозиҳои худ мехоҳад обрӯи ҳизбро резонад ва демократҳоро дар ҷомеаи кишвар беэҳтиром кунад.

Вале Ҳамроҳхон Сафаров, роҳбари Ҳизби Демократ дар шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ва ҳамзамон муовини Масъуд Собиров дар суҳбат бо мо гуфт, Собировро ба ин анҷуман даъват кардаанд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ ширкат накард: “Ин анҷуманро мо аз мастиамон ва ё ба хотири касеву ғаразе баргузор накардем. Ин анҷумани ғайринавбатӣ бинобар ноӯҳдабароии роҳбарияти қаблии ҳизб баргузор шуд ва мақсадаш муттаҳид карда пеш бурдани кори ҳизб аст.”

Бояд қайд кард, чанде пеш гурӯҳе аз аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хостори баргузории анҷумани фавқулодаи ин ҳизб шуда, зимни чунин даъват ба раҳбари кунунии худ - Масъуд Собиров, изҳори нобоварӣ карданд. Муаллифони баёния, ки наздик ба 20 нафаранд, мегӯянд, таҳти раҳбарии ҷаноби Собиров ин ҳизб ба парокандагии бештар рӯбарӯ шуд ва эътибори он на танҳо дар саҳнаи сиёсӣ, балки дар миёни сокинони кишвар коҳиш ёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi